Нашрияи Омӯзгор

Масъулият танҳо ба дунё овардани фарзанд нест

Сана: 2019-01-24        Дида шуд: 738        Шарҳ: 0

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” барои  пешгирӣ кардани вуруди ҷанбаҳои номатлуби фарҳанги бегона ба ҷомеаи навини мо зарур ва саривақтӣ буд.

Қабули ин қонун дар замоне ба вуқӯъ пайваст, ки ҷомеаи шаҳрвандии мо ба он сахт ниёз дошт. Равандҳои замони муосир  аз волидайни имрӯза талаб менамояд, ки нисбат ба таълиму тарбияи фарзандони хеш бетараф набошанд.

Танҳо  волидайне масъул шуда метавонанд, ки худ тарбияёфта бошанд ва роҳу усулҳои тарбияро хубтару беҳтар донанд. Дар рӯҳияи баланди инсондӯстӣ, ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ тарбия намудани фарзандон, пеш аз ҳама аз муҳити оилавӣ ибтидо мегирад. Агар фарзандон  дар муҳити орому солими оилавӣ тарбия ёбанд, дар ҳаёти минбаъдаи худ ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ намешаванд.

Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҳуқуқу  уҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд оварда шудааст, аз ҷумла, онҳо вазифадоранд: ба фарзанд тибқи арзишҳои миллӣ номи нек гузоранд; - пас аз таваллуд фарзандро дар муҳлати то се моҳ аз қайди давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ гузаронанд; - барои ҳифзи саломатӣ, ташаккули ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии фарзанд шароит муҳайё намоянд; - фарзандро ба кору зиндагии мустақилона омода намоянд; - фарзандро дар рӯҳияи эҳтиром ба Ватан, қонун, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ тарбия намоянд; - гаштугузори фарзанди то шашсоларо бо ҳамроҳии шахси то чордаҳсола дар кӯча ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ иҷозат надиҳанд; - шаъну шарафи фарзандро эҳтиром намоянд ва ба муомилаи бераҳмона нисбат ба ӯ роҳ надиҳанд; - новобаста ба ҷинс, синну сол, қобилияти зеҳнӣ, ҷисмонӣ ва рӯҳии фарзанд, нисбат ба ӯ баробар муносибат намоянд; - дар вақти шабона ба марказҳои дилхушӣ рафтани фарзанди то бистсолаашонро манъ намоянд; - ба фарзанди то синни мактабӣ ва фарзанде, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, таҳсил мекунанд, бо худ овардан ва истифодаи телефонҳои мобилиро манъ намоянд.  

Падару модаронро зарур аст, ки ҳуқуқу уҳдадориҳои худро  дар  таълиму тарбияи фарзандон ба пуррагӣ иҷро намоянд. Барои насли худогоҳу ватандӯст ба камол расидани онҳо кӯшиш намуда, масъулияти  худро дар назди давлату миллат иҷро намоянд. Зеро танҳо бо ба дунё овардани фарзанд масъулияти падарию модарӣ ба охир намерасад.

Ш.АЛИЕВА,

омӯзгори синфҳои ибтидоии

мактаби №44-и

шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш