Нашрияи Омӯзгор

Муҳандиси рӯҳи инсон

Сана: 2019-01-24        Дида шуд: 835        Шарҳ: 0

Одоби муоширати педагогӣ, риояи меъёри қоидаҳои муомила ва рафтори омӯзгор нисбат ба шогирдон ва волидайн, интихоби роҳи шоистаи муносибат бо онҳо дар мавридҳои гуногуни раванди таълиму тарбия рисолати аслӣ ва азалии омӯзгор ба шумор меравад. Одоби муоширати муаллим нисбат ба дастпарварон дар асоси усулҳои ахлоқии умумибашарӣ бунёд ёфтааст.

Олами ботини толибилмонро дарк намуда, ба онҳо таъсири мусбат расонидан ҷиҳати муҳими одоби муошират аст. Одоби муоширати педагогӣ алайҳи муносибатҳои ситамоварӣ буда, роҳу усулҳои хуби тарбияти кӯдакону наврасонро дар пай дорад.

Набояд фаромӯш кард, ки лутфу эҳсон ва серталабии оқилонаи муаллим шогирдро илҳом мебахшад. Омӯзгор бояд ба ҳар васила аз олами ботинии шогирдон огоҳ бошад, қобилияту истеъдоди ниҳонии онҳоро дарёбад ва такон диҳад. Олами ботинии хонандагонро дарк намуда, ба онҳо таъсири мусбат расонидан ҷиҳати муҳими одоби муошират аст.

Вақте ки омӯзгор барои дарс додан вориди синф мегардад, дар кадом ҳолате ки бошад, бояд ҳамеша бо лутфу марҳамат рӯҳияи шогирдонро болида созад. Агар аз ҷое ранҷида, бо чеҳраи гирифта назди шогирдон дарояд, аҳли синф авзои ӯро «мехонанд» ва ба дарс фаъолона иштирок намекунанд. Чеҳраи кушодаи омӯзгор ғайрату эҷодкории шогирдонро ба ҷӯш меорад.

Гоҳо ба назар мерасад, ки бархе аз муаллимон ба талабаҳо бар хилофи этикаи омӯзгорӣ «ҳафтафаҳм», «хумкалла», «ношуд», «нодон» гӯён муроҷиат мекунанд, ки ин на фақат беандешагӣ, ҳамчунин беадолатии маҳз аст. Чунин муомила ба рӯҳияи онҳо таъсири манфӣ расонида, садди роҳи инкишофашон мегардад.

Одоби муоширати педагогӣ тақозо мекунад, ки ҳангоми муомила бо хонанда қабл аз баёни нуқсону камбудиҳояш ҷиҳатҳои мусбати он шахс ҳатман зикр карда шавад, то ки беғаразии омӯзгор ва хайрхоҳии ӯ ҳис карда шавад.

Роҳҳои баланд бардоштани маҳорати педагогӣ, пеш аз ҳама, ба худи омӯзгор, ба садоқати ӯ нисбат ба касбаш вобаста аст.

Маълум, ки пешаи омӯзгорӣ мушкилӣ ва муаммоҳои ҳалталаби зиёде дорад, чунки муаллим бо рӯҳи инсон сару кор дорад ва билохира, бидуни маҳорати баланди педагогӣ гиреҳкушоӣ кардан амрест муҳол.

Беҳуда М.И.Калинин муаллимро «муҳандиси рӯҳи одамизод» нагуфтааст.

Асос доштани ин гуфтаҳоро бо мисолҳои зерин метавон тавзеҳ дод.

Муаллиме аснои дарс ба талабаи сустхон бидуни номгирӣ муроҷиат кард: «Канӣ, ҳафтафаҳм, ту баромада ба саволи ман ҷавоб деҳ!» Хонанда бо рӯҳи озурда ба назди тахтаи синф баромада, аз дил мегузаронад, ки муаллим донишманд аст, кор накардани каллаи маро медонад. Дар ин маврид дар системаи асаби ӯ танҳо ангезаи нодонӣ кор мекунад.

Муаллими дигар, ки таҷриба ва обрӯю нуфузи баланд дошт, дар муомила бо ҳамон талабаи сустхон усули хос пеш гирифт: «Акмалҷон, донишманди ояндаи ман...»-гӯён муроҷиат кард, ки ҳамаро дар ҳайрат гузошт. «Муаллим, - гуфт яке аз ҳамдарсонаш, - Акмал чӣ гуна донишманди оянда мешавад, ки ҳамеша аз дарсҳо баҳои паст мегирад?» Муаллим ҷавоб медиҳад: «Акмал алҳол баҳои паст гирад ҳам, дар оянда донишманди бузург мешавад, ба ин боварам комил аст. Дар зиндагӣ бисёр одамонеро дидам, ки дар аввал суст хонда, минбаъд машҳур гаштанд...».

Акмал дид, ки муаллим ҷиддӣ гап мезанад, рӯҳан илҳом мегирад. Дар ин маврид дар системаи асаби ӯ ангезаи доноӣ кор мекунад.  Чунин аст ангезиши рӯҳӣ. Муҳандисии муаллим дар бунёди кохи маърифати шогирд дар ҳамин инъикос мегардад. Омӯзгор бо чунин амалҳо дар дили беғаши шогирдон умеди фатҳи қуллаҳои навро ба миён меорад. Ба ин васила омӯзгор ҳам меҳру муҳаббати худро дар дили бачаҳо ҷой мекунад ва ҳам шогирдони хубу сазоворро ба нафъи давлату миллат тарбият менамояд.

 

Марҳабо ШАРИФОВА,

омӯзгори мактаби №52,

ноҳияи Исмоили Сомонӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш