Нашрияи Омӯзгор

Химия илми таҷрибавӣ-амалист

Сана: 2019-01-24        Дида шуд: 767        Шарҳ: 0

Аҳли таҳқиқи илми химия солҳои зиёд чунин меҳисобиданд, ки хосияти моддаҳо, қабл аз ҳама, тавассути зарраҳое, ки ҷисм аз онҳо таркиб ёфтааст, муайян карда мешавад, аммо дертар равшан шуд, ки бо вуҷуди он ки об ва ях аз як элемент таркиб ёфтаанд, ҳамзамон дорои хосиятҳои гуногун мебошанд.

Мутахассисон инро вобаста ба тарзи ҷойгиршавии атомҳои алоҳидаи онҳо дар фазо медонанд. Аз ин рӯ, ворид намудани мафҳуми навро ҷиҳати муайян намудани ҳолати чаҳоруми модда (то ин замон мо моддаҳоро дар 3 ҳолат медонистем, ки ин ҳолатҳо моеъ, газ ва сахт мебошанд) зарур донистанд. Баъди пешниҳоди назарияҳои гуногун онҳо ба хулосае омаданд, ки ҳолати чаҳорумро ҳолати агрегатии модда ном гузоранд ва ҳамин тавр, мо минбаъд моддаҳоро дар чаҳор ҳолат дида метавонем. Ҳамчунин, пешниҳод шуд, ки ғайр аз ин донистани тарзи тайёр кардани модда низ ҳатмӣ шавад, зеро мутахассисони ҷавон тарзи омода намудани моддаҳои навро аз моддаҳои мавҷуда бо роҳи сунъӣ аз худ карда наметавонанд ва ҳатто тарзи истеҳсоли моддаҳои мавҷударо низ қариб пурра фаромӯш кардаанд. Масалан, усули тайёр кардани пӯлоди димишқӣ пурра аз байн рафтааст. Сутуни Деҳлӣ аз пӯлоди димишқӣ сохта шудаву садсолаҳост, ки ба мардум хидмат мекунад, вале ҳеҷ гоҳ занг намезанад. Технологияи муосир имконият медиҳад, ки шишаи металлӣ (пӯлоди аморфӣ) бо хотира ҳосил карда шавад. Имрӯз олимон таваҷҷуҳи хешро бештар ба хосиятҳои ғайриодии моддаҳои дар табиат мавҷудбуда зоҳир кардаанд. Масалан, дар Италия аз риштаҳои ниҳоят нафиси тор осори меъмории устуворе сохта шудааст, ки воқеан, ҳайратовар аст.

Элементи химиявӣ гуфта,  атомҳои ҳастаи барқаи (заряди) якхела доштаро мегӯянд, аммо зиёд вомехӯрем, ки элементҳои химиявӣ дар пайвастагиҳои гуногун аз худ хосиятҳои гуногун зоҳир менамоянд. Масалан,   ҳидроген: H2 - газ, HCl- кислотаи хлорид, H2O - об.  Лозим аст, то чизеро, ки оид ба атомҳо медонем, ба хотир биёрем.  Баъди фикрронии зиёд метавон гуфт, ки элемент  ин атом дар шакли муқаррарии ҳозирааш аст. Атом системаи аз ҷиҳати электрикӣ бебарқаи дорои таъсири мутақобилаи зарраҳои элементарӣ мебошад. Қисмҳои таркибии атом ин ядро ва электронҳо мебошанд. Электрон зарраи элементарии ҳақиқии манфӣ барқанокшуда мебошад. Ядро аз ду намуди зарра иборат аст: протон ва нейтрон. Протон дорои барқаи мусбат аст ва нейтрон бошад, комилан бебарқа мебошад. Ҳардуи ин зарраҳоро дар якҷоягӣ нуклонҳо  ном мебаранд. Нуклонҳо  дар навбати худ ба кваркҳо тақсим мешаванд.

Баъди чунин тавсифи зиёд ба хулосаи қатъӣ омада, таърифи элементи химиявиро чунин гуфта метавонем: элементи химиявӣ ин намуди аниқи атом мебошад, ки бо барқаи якхелаи он тавсиф  меёбад. Муайян карда шудааст, ки барқаи электрон ба барқаи протон ададан баробар аст.

 

Момалай МУРОДОВА,

омӯзгори химияи мактаби №8,

 ноҳияи Муъминобод


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш