Нашрияи Омӯзгор

Шаҳодатномаҳои нав ба журналистон

Сана: 2018-04-16        Дида шуд: 748        Шарҳ: 0

Дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ба кормандони дастгоҳи вазорат ва нашрияҳои соҳавии маориф супоридани шаҳодатномаҳои нави Иттифоқи журналистони Тоҷикистон баргузор гардид. Нахуст, вазири маориф ва илми кишвар Нуриддин Саид робитаи дерин ва қавии аҳли маориф ва матбуотро ёдовар шуда, изҳори умед кард, ки ин ҳамкориҳо минбаъд ҳам мустаҳкам гашта, барномаву нақшаҳои ин соҳаи афзалиятноки ҷомеа оид ба ислоҳоти куллии соҳаи маориф, гузариш ба усули салоҳиятноки таълим дар тамоми зинаҳо, системаи нави баҳогузорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, такмили ихтисоси муаллимон, дигар дастоварду нақшаҳои соҳаи маориф дар саҳифаҳои матбуоти кишвар  васеъ инъикос меёбанд.

Сипас, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода ба вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Нуриддин Саид ҳамчун яке аз журналистони ботаҷрибаву собиқадор ва муаллифи китобу мақолаҳои зиёд шаҳодатномаи нави ИЖ Ҷумҳурии Тоҷикистонро супорид. Ҳамин тавр, ба 15 корманди дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илми кишвар, ҳафтаномаи «Омӯзгор» ва маҷаллаи «Маърифати омӯзгор» шаҳодатномаҳои нав супорида шуданд.

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва

илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш