Нашрияи Омӯзгор

Қоидаҳои имлои забон такмилталабанд 

Сана: 2019-01-24        Дида шуд: 790        Шарҳ: 0

(Охираш. Аввалаш дар шумораи гузашта)

Ниҳоят, дар қисмати баъзе нуқсонҳо, ки мо онҳоро ҷузъӣ номидем, нуктаҳои зеринро метавон таъкид намуд: Чунончи: 1. Дар басти ғ) – и имлои исм (банди 16) калимаҳои зерин ба сифати исмҳои мураккаби аз шумораву исм бо пасванди – а (-я) сохташуда оварда шудаанд: чоркунҷа, чоргӯша, сепоя. Ба назари мо, ин калимаҳо, пеш аз ҳама, бештар ба сифат мансубанд, масалан, дар ибораҳои замини чоркунҷа, мизи чоргӯша, курсии сепоя ва амсоли инҳо сифат шуда омадани калимаҳои номбаршударо наметавон инкор кард.

2. Дар басти д) – и банди 21 дар иртибот бо ҳарфи калон навиштани исмҳо чунин пешниҳод низ таҳрирталаб аст: «Калимаҳои мураккаби мухтасаршуда (ихтисораҳо) – е, ки аз ҳарфи аввали калимаю ибораҳо сохта шудаанд: ҶТ (Ҷумҳурии Тоҷикистон), ДМТ (Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон) ва ғ.» Ин қоида, ба назари  мо, низ андаке таҳрирталаб аст.

Аввалан, на вожаи ихтисораҳо, балки ибораи калимаҳои мураккаби мухтасаршуда (кӯтоҳкардашуда. – С. Ш) – ро ба ҳайси баёнияи иловагии эзоҳӣ дар қавс гирифтан беҳтар аст. Аммо таркиби калимаю ибораҳоро дар қолаби зерин: калимаҳои таркиби ибораҳо тағйир додан лозим меояд. Чунки ихтисораҳо на аз калимаҳо, балки дар заминаи ихтисор карда шудани калимаҳои таркиби ибораҳо (ибораҳои устувор) ташаккул меёбанд. Аз ин лиҳоз, басти д) – и банди 21-ро дар қолаби зерин пешниҳод намудан авлотару фаҳмотар мебуд: д) ихтисораҳо (калимаҳои мураккаби кӯтоҳкардашуда)-е, ки аз ҳарфҳои аввали (якуми) калимаҳои таркиби ибораҳои устувор сохта шудаанд. Чунончи: Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҶТ), Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Донишгоҳи давлатии забонҳои Тоҷикистон (ДДЗТ) ва ғ.

3. Дар банди 22 бахшида ба мавридҳои якҷоя навиштани сифатҳо мисолҳо пешниҳод шудааст. Аз ҷумла, дар басти б) – и он чунин омадааст: «сифатҳое, ки аз ибораҳои исмӣ (ҳамроҳӣ, изофӣ, пешояндӣ)  бо пасвандҳои – а, - ӣ, (- гӣ, - вӣ) сохта шудаанд: панҷсола, умумихалқӣ, байналмилалӣ, хонагӣ, дунявӣ ва ғ.» Ин ҷо дар мисолҳои овардашуда вожаҳои хонагӣ, дунявӣ нодуруст интихоб шудаанд. Калимаҳои мазкур сифатанд, аммо на аз ибораҳо ташаккул ёфтаанд, балки калимаҳои сохта буда, аз исмҳои сода (дунё, хона) бо пасвандҳои – - вӣ ва - гӣ сохта шудаанд.

4. Дар қисмати имлои пешояндҳо, дар басти в), ҷудо навиштани ҷузъҳои таркибҳои пешояндии қолаби зерин: дар ба дар, рӯ ба рӯ, тан ба тан, пай дар пай ба ҳайси мисол оварда шудаанд. Аммо таркибҳои мазкур на пешояндҳои таркибӣ, балки мансуб ба зарфҳои таркибианд. Чунончи, дар ба дар гаштан, рӯ ба рӯ суҳбат кардан, тан ба тан ҷангидан, пай дар пай такрор намудан ва ғ.

Ниҳоят мехоҳам чанд андешаи – назари шахсии хешро бобати беҳтару ба ҳамагон хушоянд (писанд) рӯи чоп омадани лоиҳаи баъдинаи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» пешниҳод намоям. Чунончи: 1. Аввалан, зарур аст, ки «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ»-и соли 2011 бори дигар таҷдиди назар карда шавад. Зеро, чунон ки дар боло зимни далелҳо собит гардид, пас аз ба ҳукми қонун даромаданаш он, пеш аз ҳама, омӯзгорони макотиби оливу миёна ва, албатта, ҳар он каси ба таълифот машғулро ба мушкилот рӯ ба рӯ намудааст, ки аксари онҳо ба вожаҳои иқтибосии аз забони арабӣ гирифташуда  мансубанд, ки дар он вожаҳо ба ҷои ӯ навишти у пеш аз ҳарфҳои ҳ ва аломати ъ тавсия гардидааст. Аз ин рӯ, бо мақсади бартараф намудани ҷамъи он ҳама мушкилот хоҳиши умумро дар мадди назар дошта, пешниҳод мекунам, ки дар «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ»-и ҳоло мавриди истифодабуда, басти б) – и банди 6 – уми «Қоидаҳои асосии имлои забони адабии тоҷик» (с.1972), ки аз қоидаҳои «Имлои забони тоҷикӣ»-и соли 1998 соқит гардида буд, зимни дастуре аз нав ворид карда шавад.

2. Дар матни нави «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» ва ҳам дар «ФИЗТ» истилоҳоти ба аксар маълуму фаҳмои русӣ - байналмилалии соҳаи забоншиносӣ - антоним, суффикс, ва префикс соқит гардида, дар китобҳои дарсӣ, аз ҷумла, ба ҷои суффикс ва префикс пешванд, пасванд истифода шудааст, ки на мақбули ҳамагонанд.  Хусусан, дар мактаб, ба сабаби он ки пешванду пасванд танҳо бо як ҳарф - е ё - а аз ҳам фарқ мекунанд, хонандагон аксар ҳангоми муайян намудани сохт ё худ таркиби калимаҳо ин ду истилоҳро аксар омехта мекунанд. Аммо истилоҳи антоним, ки дар забони тоҷикӣ бо калимаҳои зидмаъно ва ё муқобилмаъно ифода карда мешавад, дар «ФИЗТ» аз ин калимаҳо ному нишоне нест.

3. Аз мушоҳидаҳои калимоти дар матни «ФИЗТ» (с. 2013) омада маълум гардид, ки дар он танҳо имлои калимаҳои содда, сохта ва мураккаб оварда шудааст. Аммо имлои таркибу ибораҳо (хусусан, ибораҳои устувор) дар матни нави «Қоидаҳои имло…» вобаста ба сохту имлои ҳиссаҳои нутқ ҷо – ҷо таъкид гардида бошад ҳам, дар феҳристи луғати мазкур ягон намунаи онҳо ба назар нарасид. Ин ҳолат ислоҳталаб аст.

4. Ҳамчунин, пешниҳод мекунам, ки баҳри босифату камнуқсон рӯйи чоп омадани лоиҳаи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» - и навбати оянд дар баробари донишмандони варзидаи забоншиносии тоҷик методистони касбии соҳаи таълими забони тоҷикӣ ва аз шаҳру ноҳияҳои гуногун омӯзгорони беҳтарини забон ва адабиёти тоҷик ҷалб карда шаванд.

5. Ниҳоят, зарур аст, ки чун дар солҳои пеш (с. 1972, 1998) лоиҳаи нави «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» тавассути матбуоти даврии маъмул (рӯзномаву ҳафтаномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум» ва маҷаллаҳои «Маърифати омӯзгор», «Масъалаҳои методикаи таълим») низ пешкаши умум гардонида шавад, то ки ҳар каси хоҳишманд андешаҳои худро хоҳ дуруст бошаду хоҳ нодуруст зимни ҳамин расонаҳо озодона баррасӣ карда тавонад.                                                       

 

С.  Шербоев,

узви вобастаи АТТ, 

доктори фанҳои педагогӣ,

 профессор, методист


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш