Сада охирин ҷашни мавсимии сол қабл аз Наврӯз аст ва онро муҳаққиқон паёмовари Наврӯз медонанд. Ин ҷашни пешомади наврӯзӣ баъди чиллаи зимистон фаро мерасад ва онро маъмулан ҷашни оташафрӯзӣ меноманд. Моҳияти ин ҷашн аз он иборат аст, ки баъд аз Шаби Ялдо, ки он аслан рӯзи таваллуди Меҳр (Митр) дар оини меҳрпарастӣ мебошад ва баъди ташаккули оини масеҳият онро ба рӯзи таваллуди Исои Масеҳ табдил доданд, дароз шудани рӯз ва гарм шудани ҳаво ба вуқӯъ мепайвандад ва партавафшонии Хуршед ба Замин бештар мешавад. Дар қишри Замин ҳодиса ва пайвастагиҳои махсуси биологиву органикӣ рух медиҳад, ки табиатро барои эҳё омода ва Заминро самаровар месозад.
Деҳқонон дар ин айём тибқи анъана бояд ба кандани каналу заҳбурҳо, тоза намудани ҷӯйборҳо, мондани яхоб, пошидани пору ба замин, омода намудани тухмӣ, абзорҳои кишоварзии мавриди ниёз, нигоҳубини махсуси чорво ва ҳайвоноти хонагӣ барои аз зимистон солим баровардани онҳо чораҳои махсус биандешанд. Ба ибораи дигар, Сада низ мисли дигар ҷашнҳои суннатии сол, аз дидгоҳи ниёгони мо, ҷузве аз ҳодисаву дигаргуниҳои воқеии кайҳонӣ мебошад, ки акси садои таҳвилу таҳаввул ва таъсири бевоситаи ҳаракати ҷирмҳои мунири осмонӣ ба табиат нуфузи муассири худро гузошта метавонад.
Пас аз гузашти зимистони серун ба вуҷуд омадани тағйирот дар олами хокӣ ва фаъолияти бевоситаи инсон ба замин оғози тайёрӣ ва омодагӣ ба фасли баҳор ва таҷлили иди Наврӯз аст. Ин танҳо бахши кишоварзии ҷашни Сада дар сайри идҳои милливу суннатии сол аст.
Муҳаққиқон ҷашни Садаро ба мисли ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон ҷашни миллии ориёиҳо арзёбӣ намудаанд. Он яке аз ҷашнҳоест, ки то ба рӯзгори мо ба таври ҳамагонӣ тақрибан боқӣ намондааст, вале онро то асрҳои миёнаи мутааххир ниёгони мо дар Осиёи Миёна ва Эрону Афғонистон ба таври васеъ ҷашн мегирифтанд. Сабабҳои пайдоиши ин ҷашн ба аъмоқи қарнҳо ва ба он фосилаи замонии субҳидами таърих рафта мерасад, ки ҳанӯз оташ пайдо нашуда буд. Мувофиқи ривоятҳои дорои хусусияти табиатгароёна, он дар замоне ҷашн гирифта мешуд, ки нахустин тасаввуроту боварҳои аҳди бостон вориди устураҳои ташаккулёфтаи адёни ибтидоӣ мегардиданд. Дар дини маздоии куҳан ва баъдтар оини меҳрпарастӣ ва зардуштия Сада таҷассуми худро дар оташ ва равшаноию гармии он ёфта буд. Аз ин рӯ, ҷашни Садаро ҷашни пайдоиши оташ арзёбӣ намудаанд.
Аз лиҳози нуҷумӣ (табиӣ) тибқи тақвиму солшуморӣ, ки ҳанӯз дар ҷараёни ташаккул буд, баҳор ва боззоии табиат ба аъмоли неки Ҳурмузд ва зимистон бо хазону заволи табиат ба аъмоли зишти Аҳриман нисбат дода мешуд. Вақте аввали зимистони бузург офаридаи Аҳриман - зимистони серун сипарӣ мегардид, бо коста шудани нерую тавоноии сармо шиддати ҳарорати сардӣ рӯ ба завол мениҳод, бо пайдоиши аввалин нишонаҳои баҳор мардум ин санаро ҳамчун шурӯи зиндагии тоза ва ба умеди расидан ба Наврӯзи оламафрӯз ҷашн мегирифтанд.
Ҳаким Фирдавсӣ Эрони бузургро ба ҳайси кишвари озодагон ва мардуми эронитабори ориёиро ҳамчун озодмардоне тасвир кардааст, ки дар аҳди Ҳушанг оташро аз худ карда, ҷудо намудани оҳанро аз санг ва зиндагии оилавӣ, обёрӣ аз дарё, кашидани ҷӯйборҳо, барзгарӣ ва умури кишоварзӣ, ҳамчунин дигар пешаҳоро ба роҳ монда, ҳаёти муқиминишиниро ба вуҷуд овард. Рамзи дуюме, ки ба он дар боло ишора шуд, пайдоиши оташ дар натиҷаи бархӯрди сангҳои чақмоқӣ мебошад, ки онро Ҳушанги пешдодӣ намод (символ)-и фурӯғи аҳуроӣ меномад, ки дар ниҳоди худ ҳаёти созандаю бақои зиндагиро ниҳон дошт. Аз ҳамин сабаб Ҳушанг пайдо шудани оташро ҳамчун фоли нек дар ҷомеа қабул карда гуфт: «Ин нури Худо (фурӯғи эзидӣ) аст, ки душманамонро кушт» ва ба он шукри эзидӣ ба вуҷуд оварда, саҷда кард ва гузашта аз ин, онро қиблаи худ хонда, он рӯз ҷашни азиме бо номи Сада барпо кард.
Ба ин маънӣ, метавон гуфт, ки бо ихтирои оташ тавассути Ҳушанг саҳифи тозае дар таърихи ҳаёти иқтисодию иҷтимоии мардуми Шарқ, аз ҷумла, ориёиҳои аҳди қадим, ки ҳаёти муқимиро интихоб карда буданд, боз шуд. Онҳо тадриҷан ба сохтани олоту абзори оҳании истеҳсолот шурӯъ намуданд ва ҳамин тариқ роҳ ба сӯи оҳан дар сарзамини Шарқ боз шуд. Суръати пешрафти маданияти моддиро тезонид:
Чу бишнохт, оҳангарӣ пеша кард,
Аз оҳангарӣ арраву теша кард.
Аз тарафи дигар, оташ дар фарҳанги авестоӣ манбаи нур, гармӣ, равшаноӣ, партавафшонӣ ва мазҳари нури аҳуроист. Нури эзидӣ, анвори муҷарради олами миноӣ, фурӯғи Хуршед ва равшании Моҳ ва нури дигар ҷирмҳои мунири осмонӣ ва ниҳоят, оташ дар олами моддӣ мартабаҳое аз маротиби ҳастии нур мебошанд, ки ҳастии олами моддию муҷаррадро бо мартабаҳояшон дар худ таҷассум мекунанд. Онҳо танҳо бо шиддату заъфи худ аз ҳамдигар фарқ мекунанд.
Ба ҳамин сабаб Дабири Саёқӣ ҳамин оташи кашфкардаи Ҳушангро намоди нури аҳуроӣ дар Замин мешуморад ва таъкид мекунад, ки оташи заминӣ муште аз хирвори нурҳои ҷавҳарии олами мовароуттабиӣ мебошад:
Чист ин ҷашни Сада, оташи афрӯхтае,
Ки дили сӯхта аз меҳр бад-ӯ ёр бувад.
Гарчи оташи мо андаку хурд аст, вале,
Ҳаст муште, ки намояндаи хирвор
бувад…
Агар ба ҷашни Сада аз дидгоҳи таърихӣ назар кунем, дар замони зиндагии Каюмарс, ки аввалин кадхудои ҷаҳон ба шумор мерафт, ҳеҷ маросиме байни мардум вуҷуд надошт, зеро ҳанӯз худи ҷомеа арзи вуҷуд накарда буд. Баъди марги Каюмарс аз дасти неруҳои аҳриманӣ, нутфаи ӯ, ки дар дили хок чакида буд, аввал растанӣ, баъд завҷи инсонӣ (бо номи Машя ва Машяна) ва аз он завҷ авлоди башар по ба арсаи вуҷуд ниҳод. Аз ин рӯ, куштани шудани Каюмарсро дар адабиёти зардуштӣ «зиндагии миро» меноманд, зеро ба туфайли тухмаи оташгунаи ӯ зиндагии инсон ва ҷомеа ба роҳ монда шуд ва дар давраи шаҳриёрии ҷонишинони Каюмарс баъзе аз ҷашнҳои куҳан, аз ҷумла Сада ба ҳукми анъана даромад. Дар таъ-йиди ҳамин фикр Гардезӣ дар «Зайн-ул-ахбор» навишта, ки чун фарзандони Машя ва Машяна аз нахустин завҷи башарӣ ба 100 нафар расиданд, он рӯзро ҷашн гирифтанд ва номашро Сада унвон карданд.
Ҷашни Сада, амиро, расми кибор
бошад,
Ин ойини Каюмарсу Исфандиёр бошад.
З-он барафрӯз имшаб, к-андар ҳисор
Ӯро ҳисори миро чарху уқоб бошад.
Он оташе, ки гӯё нахле ба бор бошад,
Аслаш зи нур бошад, фаръаш зи мор
бошад.
Чун бингарӣ ба арзаш аз кӯҳсор бошад,
Чун бингарӣ ба тӯлаш сарву чинор
бошад…
(Манучеҳрӣ)
Ривояти дигаре низ вуҷуд дорад, ки муҳаққиқон онро ба Сиёмаки устуравӣ нисбат медиҳанд. Писари ӯ Ҳушанг, ки ҷонишини бобои хеш шуда буд, ҷашни Садаро созмон дод. Аз дидгоҳи оини зардуштӣ Фарҳангмеҳр ин ҷашнро ба ёд овардани нуру равшаноӣ, оташ (энергия) ва ҳарорати он арзёбӣ кардааст. Зеро ҷараққаи ҳосила аз бархӯрди санги чақмоқӣ ба санги дигар, ки Ҳушанг партоб карда буд, нишон ё худ ҷузве аз нури аҳуроӣ медонад ва таъкид мекунад, ки ҳар ҷо нур ҳаст, Худованд он ҷо хоҳад буд.
Номи ҷашни Сада калимаи форсӣ буда, аз адади 100 гирифта шудааст. Дар паҳлавӣ дар шаклҳои «сат», «сатаг», «сазак» ва ё «саз» омадааст ва арабҳо онро «сазак» ё «саадак» номидаанд. Абурайҳони Берунӣ дар «Ат-тафҳим» сабаби Сада номгузорӣ шудани ҷашнро ба он мансуб медонад, ки аз рӯзи ин ҷашн то Наврӯз 50 шабу 50 рӯз боқӣ мемонад. Ҳамин фикрро ӯ дар «Осор-ул-боқия» чунин баён кардааст: «Эрониён пас аз он ки «кабиса» бартараф шуд, дар ин вақт мунтазир буданд, ки сармо низ аз эшон бартараф шавад ва давраи он ба сар ояд, зеро онҳо оғози зимистонро аз панҷ рӯзе, ки аз обанмоҳ бигзорад, (яъне 27 октябр) мешумурданд ва охири зимистони (бузург)-ро, ки даҳ рӯз аз баҳманмоҳ (яъне 30 январ) мегузашт, ба унвони Сада ҷашн мегирифтанд.
Ҳамчунин Абурайҳони Берунӣ дар ҷои дигар ҷашни Садаро ба Ардашери Бобакон ихтисос додаст ва Имомуддин Закариёи Қазвинӣ низ дар «Аҷоиб-ул-махлуқот» ҳамин фикри ӯро такрор намудааст, вале ба фикри Ҳошими Разӣ дар «Ҷашнҳои Эрони бостон» онҳо шарҳе дар ин маврид дар осори худ надодаанд. Ба назар чунин мерасад, ки Ардашери Бобакон ҷашни бошукӯҳи Садаро барпо карда, ки он хотирмон будааст ва аз ин рӯ, мутафаккирони асрҳои миёна онро дар осорашон зикр намудаанд. Навирӣ дар «Ниҳоят-ул-одоб» ҷашни Садаро ёдгоре аз пирӯзии 34 писари Таҳмурас бар Афросиёб пиндошта, дар ин хусус навиштааст: «Эрониён ҷашни Садаро дар поёнии рӯзи даҳум аз обанмоҳ (яъне 31 январ) ва шаби ёздаҳум баргузор мекунанд ва бар онанд, ки чун Афросиёб Бобулро забт кард ва басотати ҳукумат бигустаронид, ба ситаму бедод бино гузошт ва фасод фаровон гашт. 34 писари Таҳмасп дар ин ҳангом бо ӯ пайкор оғоз карданд ва вайро ба билоди турк пас ронданд. Ин иттифоқ (ҳодиса) дар обонрӯз аз моҳи баҳман рӯй дод ва эрониён бо шодмонӣ ҷашн сохтанд ва он ҷашн сеюмин иди бузурги онон қарор гирифт пас аз Наврӯз ва Меҳргон».
Сада ҷашни мулуки номдор аст,
Зи Афридуну в-аз Ҷам ёдгор аст.
Муҳаммадқул ҳазратқулов,
профессор
Иловакунӣ
Иловакунии фикр