Тарбияи ватандӯстию худогоҳӣ ва дар рӯҳияи ормонҳои волои миллӣ ба камол расондани шогирдон дар таълимгоҳ аз вазифаи аввалиндараҷаи омӯзгор ба шумор меравад.
Омӯзгор ба ҳайси роҳбари синф маҳз дар машғулиятҳои тарбиявӣ эҳсоси баланди ватанпарварӣ ва дӯст доштани ҳар як ваҷаб хоки марзи муқаддаси меҳанро ба хонандагон талқину таъкид карда, ба ин васила роҳи ояндаи онҳоро дар ҳифзу ҳимояти сарзамини аҷдодӣ ҳамвор месозад. Дар дарсҳои тарбиявӣ бояд мафҳуму вожаҳои алоқаманд ба ватану ватандӯстӣ мушаххасу дақиқ ба шогирдон тавзеҳ дода шавад. Дар воқеъ, дӯст доштани ватан аз деҳа, зодгоҳи шахс оғоз меёбад. Ба хонандагон ба таври возеҳу сареҳ фаҳмондан лозим аст, ки то шахс ҷоеро, ки хуни нофаш он ҷо рехтааст, дӯст надорад, вай ба ҳеҷ сурат ватани бузурги худро дӯст дошта наметавонад. Беҳуда шоира Гулрухсор нагуфтааст, ки «Тоҷикистон сари ҳар санги ту бар ман ватан аст». Ё шоири шаҳир Лоиқ Шералӣ ҳадс мезад, ки «ватан сар мешавад аз гаҳвора».
Меҳру муҳаббат ва садоқати беохир ба зодгоҳ, рӯду чашмасорон талу пуштаҳои сабзгун, пайроҳаҳои бузгузар, мазористону мавзеъҳои муқаддаси он, ба пирону барҷомондагон ва амсоли ин насли наврасро метавонад ватандӯсти асил ва муҳофизи ҷасоратманди марзу буми ниёгон гардонад. Тарбияи арзишҳои инсондӯстӣ, озодманишӣ, ҳувиятхоҳӣ ва аввалтар аз ҳама, ватанпарварӣ маҳз аз ҳамин сарчашма об мехӯрад. Дӯст доштани ватан танҳо дар сухан не, балки бояд дар амал таҷассуми худро ёбад. Барои ватанро дӯст доштан илму дониш омӯхтан, тарбияи неку гирифтан, ҳурмати пиронро ба ҷо овардан шарт ва зарур аст. Шахси ватанпарвар ба ҳар як ашё ва мавҷудоте, ки дар ин сарзамин арзи ҳастӣ дорад, ғамхору дилсӯз бояд бошад. Бераҳмона ниҳолеро шикастан, саҳни мактабро ифлос намудан, китоберо дарондан, пиру солхӯрдагонро мазоҳу масхара кардан ҳаргиз аз шеваю амали фарди ватандӯст набуду нест. Ба хонандагон дар раванди дарс тавзеҳ медиҳам, ки мо ба таври ҳамешагӣ бояд бо абармардони соҳибфазилату равшанфикри худ, ки дар ташаккулу таҳаввули миллат ва кишвар саҳми барҷаста гузоштаанд, ифтихор намоем. Қаҳрамонони Тоҷикистонро сидқан дӯст дорем ва кору фаъолияти мондагори онҳоро сарчашмаи омӯзиш ва пайравӣ қарор диҳем. Барои ин кӯшишу талоши пайваста, омӯзиши бардавоми илму дониш, заҳмату ҷустуҷӯ бояд дар мадди аввали назари мо қарор дошта бошад.
Ватан ҳаммаънои модар аст.
Мо дар оғӯши он чун дар оғӯши модар тарбият гирифта, ба камол мерасем.
Пас, месазад, ки ин ватанро аз дилу ҷон дӯст дошту дар роҳи ҳимояти он ҳамеша тайёру омода буд.
Таҳмина ТУРСУНХОЛОВА,
омӯзгори мактаби №93,
ноҳияи Сино
Иловакунӣ
Иловакунии фикр