Чанд сол мешавад, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ба низоми кредитии таҳсилот ворид гардидаву натиҷаҳои дилхоҳро соҳиб шудаанд. Мақсад аз гузаштан ба ин низом баланд бардоштани сифати таълим, омода намудани мутахассисони ба талаботи бозори дохилӣ ва хориҷи кишвар ҷавобгӯ, сафарбар намудани донишҷӯён барои идомаи таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва хориҷа, воридшавӣ ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад. Низоми мазкур дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» ва «Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ» ҷиҳати татбиқи низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Низомнома оид ба ташкили раванди низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст.
Зимни суҳбат сардори раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ Ҳокимхон Вализода иброз дошт, ки бо мақсади амалӣ намудани низоми кредитӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ба «Талаботи минимуми ҳатмии Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои фанҳои гуманитарӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва табиию риёзӣ (фанҳои блоки 1 ва 2-и нақшаҳои таълимӣ) тағйироту иловаҳо бо нишон додани ҳаҷми кредит (қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 29.06.2016, №9/38) таҳия ва тасдиқ гардид. Дар робита бо қабули ҳуҷҷати мазкур Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва Таснифоти самту ихтисосҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2016, №418 ба тасвиб расид, ки дар он сарбории таълимии донишҷӯён дар тамоми шаклҳои таълимии дар ҳафта, сарбории донишҷӯён дар ҳафта дар дарсҳои таълимии омӯзгорон, соати академӣ дар низоми кредитӣ муайян шудааст.
Ҳамзамон, ҷиҳати ба танзим даровардани раванди таълими низоми кредитии таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ як қатор ҳуҷҷатҳо: варақаи холгузории кори (лоиҳаи) курсӣ, варақаи холгузории таҷрибаомӯзӣ, варақаи санҷиши фосилавӣ, журнали қайди дарсҳо ва давомоти донишҷӯён, маълумотномаи академӣ, нақшаи таълими фардӣ, транскрипт (маълумотномаи академӣ), дафтарчаи донишҷӯӣ омода ва дастраси муассисаҳои таълимӣ гардонида шуд.
Ба таъкиди Ҳ. Вализода, гузариши муттасили муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ба низоми кредитии таҳсилот аз оғози соли таҳсили 2013-2014 ба таври заминавӣ (пилотӣ) як ихтисос ба низоми кредитии таҳсил гузашта буд, ки аз 53 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ 18 муассиса (34,0 %)-ро ташкил медод. Айни замон, аз 72 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ 69 муассисаи таълимӣ (95,2%) пурра ба низоми кредитии таҳсилот гузаштаанд. Танҳо 3 муассисаи дигар (коллеҷи тиббии шаҳри Исфара, шаҳри Конибодом ва шаҳри Хоруғ) то ҳол ба ин низоми таҳсил нагузаштаанд.
Бояд гуфт, ки дар сатҳи баланд роҳандозӣ намудани дарсҳо аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ на фақат тағйироти куллиро дар заминаи моддӣ -техникӣ, балки сифатан тағйир додани технологияи таълим ва идоранамоии онро тақозо менамояд.
Ҳокимхон Вализода зикр намуд, ки вазъи низоми кредитии таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳузури муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим баррасӣ гардида, барои гузариши пурраи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ба низоми кредитии таҳсилот супориш дода шудааст. Тибқи нақшаи дурнамо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани савияи тахассусии омӯзгорон оид ба таҳсилоти кредитӣ семинар, конфронс, мизи мудаввар ва курсҳои такмили ихтисос ташкил менамояд. Дар курсҳои мазкур оид ба татбиқи низоми кредитии таҳсилот, аз ҷумла, самтҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва методӣ, инчунин, системаи баҳогузорӣ ва холдиҳӣ, рейтингҳо, тартиб додани силлабус, ҳуҷҷатгузорӣ дар системаи низоми кредитӣ омӯзонида мешавад.Ҳамчунин, ҷиҳати амалишавии низоми мазкур заминаи моддӣ-техникии муассисаи таълимиро аз қабили ташкили синфхонаҳои нави таълимӣ, харидории мизу курсӣ, компютер, принтер, проектор ва бо тахтаи электронӣ ғанӣ гардонида, барои гузаронидани санҷишҳои ҷорӣ (рейтинг) марказҳои тестӣ ташкил намуданд.
Сардори раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Ҳ. Вализода дар баробари пешравиҳо дар ин самт аз камбудиҳои ҷойдошта сухан гуфта, зимнан қайд кард, ки бо дарназардошти гузариш ба низоми мазкур ва қабул шудани санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ тибқи талаботи Низомномаи мазкур дар ҳамкорӣ бо Маркази таълимию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи таълимии намунавӣ таҳия ва тасдиқ ва дастраси муассисаҳои таълимӣ гардидааст. Инчунин, тибқи талаботи Низомномаи мазкур нақшаи таълимии фардии донишҷӯ дар асоси нақшаи таълимии намунавӣ ва феҳристи фанҳои интихобӣ бо қарори Шӯрои омӯзгории муассисаи таълимӣ барои ҳар як соли таҳсил аз нимсола (семестр)-и дуюм бояд тасдиқ карда шавад. Тибқи банди 6-и Низомнома оид ба ташкили раванди низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаҷми меҳнатталабии фаъолияти таълимии донишҷӯён вобаста ба азхудкунии барномаҳои таълимии фанҳо ба ҳисоби 1 кредит барои зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ 24 соат муқаррар карда шудааст. Бо мақсади ташкили раванди низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ тибқи талаботи «Низомнома оид ба ташкили раванди низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва амалишавии низоми таҳсилоти мазкур дар сохтори муассисаҳои таълимӣ воҳидҳои кории иловагӣ бояд ташкил карда шавад. Мутаассифона, дар аксар муассисаҳои таълимие, ки аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ маблағгузорӣ карда мешаванд, ҷиҳати ҷудо намудани ҷойҳои иловагии воҳиди корӣ монеа эҷод менамоянд.
Дар қисми зиёди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, гарчанде ки 4 сол боз ин низоми таҳсил фаъолият намоянд ҳам, то имрӯз эдвайзер фаъолият намекунад, ки хилофи Низомнома оид ба ташкили раванди низоми кредитии таҳсилот мебошад. Ин камбудӣ дар коллеҷи кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ, коллеҷи ҷумҳуриявии фарҳанги ба номи П. Бӯйдоқови ноҳияи Рӯдакӣ, коллеҷи омӯзгории ноҳияи Рашт, омӯзгории ноҳияи Лахш ва коллеҷи омӯзгории ноҳияи Қубодиён ба мушоҳида расид. Масъалаи дигари ташвишовар он аст, ки компютерҳои баъзе муассисаҳои таълимӣ бо шабакаи Интернет пайваст набуда, дар онҳо китобхонаи электронӣ низ ташкил карда нашудааст.
Санҷиш дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ нишон дод, ки раванди таълим дар муассисаҳои мазкур аз рӯйи нақшаҳои таълимии тасдиқшуда ба роҳ монда шудааст. Санҷишҳои фосилавӣ дар муҳлатҳои нишондодашудаи нақшаҳои таълимӣ сари вақт гузаронида мешаванд. Рӯйхати донишҷӯёни низоми таҳсилоти кредитӣ, варақаҳои шахсӣ, ҷадвалҳои дарсӣ, ҷадвалҳои санҷишҳои фосилавӣ ва имтиҳонӣ, варақаҳои имтиҳонӣ, қарздории академии донишҷӯён, корҳои хаттии донишҷӯён, нархномаи як кредит вобаста ба ихтисосҳо ва тақвимҳои академӣ бо тартиби муайян дар ҷузвдонҳои алоҳида дар утоқи кории деканҳои факултаҳо ва ё эдвайзерон нигоҳдорӣ мешаванд.Тибқи Низомнома оид ба ташкили раванди низоми кредитии таҳсилот бақайдгирии донишҷӯён ҷиҳати номнависшавӣ ба омӯзиши фанҳои таълимӣ (ҳатмӣ, интихобӣ), интихоби омӯзгорони фаннӣ ва гурӯҳбандӣ барои соли нави таҳсил аз ҷониби маркази бақайдгирӣ ва машварат дар мувофиқа бо факултаҳо ва кафедраҳо дар давоми моҳи апрел ташкил ва гузаронида мешавад. Дар асоси талаботи банди мазкур донишҷӯёни курсҳои 2-3, баъди муаррифии фанҳо, нақшаи таълимии фардии худро барои соли нави таҳсил (дар шакли муқарраршуда, дар ҳолати зарурӣ, пас аз маслиҳати эдвайзер) тартиб дода, имзо мегузоранд ва санаи онро гузошта, то 30 апрели соли таҳсил ба факулта месупоранд. Онҳо метавонанд то 10 июн ба нақшаи таълимии фардии худ аз миқдори умумии кредитҳо дар ҳаҷми то 10% тағйирот ворид намоянд. Дар ин маврид донишҷӯ ба декани факулта бо дархости хаттӣ муроҷиат мекунад, ки ин амал дар ягон муассисаи таълимии санҷидашуда дида нашуд.
Дигар масъалаи ташвишовар дар як қатор муассисаҳои таълимӣ (қарори Шӯрои омӯзгории коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав) санҷишҳои фосилавии бо тарзи шифоҳӣ ва хаттӣ ба роҳ монда шудааст, ки хилофи низоми таҳсилоти кредитии «Низомнома оид ба ташкили раванди низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аст. Инчунин, дар аксари таълимгоҳҳо барои қабули имтиҳонҳои ҷорӣ барномаи махсуси компютерӣ насб нагардидааст. Бинобар ин, тестҳо ба таври хаттӣ қабул карда шуда, омӯзгорон натиҷаи онро дастӣ ҷамъбаст намуда, ба қисми таълим ва эдвайзери факулта месупоранд. Аз тарафи роҳбарияти таълимгоҳҳои номбаршуда барои донишҷӯён рақами махсус (ID) ташкил нашудааст, ки мушкилотро барои дар сатҳи зарурӣ қабул намудани санҷишҳои фосилавӣ ва имтиҳонҳои ҷорӣ ба вуҷуд овардааст. Ғайр аз ин, натиҷаи санҷишҳои фосилавӣ, имтиҳони ҷорӣ, GPA-и донишҷӯёнро эдвайзерон ба таври хаттӣ ҷамъбаст менамоянд, ки хилофи низоми кредитии таҳсилот мебошад. Ҳангоми санҷишҳо маълум гардид, ки дар муассисаҳои таълимӣ силлабусҳои фанҳои таълимӣ таҳия ва тасдиқ карда шуда бошанд ҳам, на ҳамаи омӯзгорон силлабус ва лексияи яксоата доранд. Боиси нигаронист, ки дар қисме аз муассисаҳои таълимӣ машғулиятҳои дарсӣ бе истифода аз технологияи муосир ва аёният ба истиснои коллеҷҳои техникии шаҳри Хуҷанд (10 адад тахтаи электронӣ, 63 адад компютер, 15 адад проектор), техникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ (23 адад тахтаи электронӣ, 393 адад компютер, 33 адад проектор), техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ (3 адад тахтаи электронӣ, 37 адад компютер, 5 адад проектор) гузаронида мешаванд, ки сатҳу сифати таҳсилро коҳиш медиҳад.
Ҳ. Вализода барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти миёна касбӣ пешниҳод намуд, ки машғулиятҳои таълимӣ аз тариқи презентатсия бо истифода аз таҷҳизоти техникӣ ва технологияи муосир ба роҳ монда шавад.
Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ кафедраҳо ташкил карда шуда бошад ҳам, онҳо ба талаботи Низомномаи кафедраи муссисаи таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат накарда, дар сохтори аксари муассисаҳои таълимӣ ворид карда нашудааст ва дар басти вазифаҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда намешавад. Ин омил боиси дар сатҳи зарурӣ фаъолият накардани мудири кафедра ва дуруст ба роҳ намондани корҳои таълимию тарбиявӣ, касбомӯзӣ ва илмию методӣ дар байни донишҷӯён ва омӯзгорон гардидааст. Аз ин рӯ, бояд фаъолияти кафедраҳо пурзӯр карда шавад, то дар баланд гардидани сифати таълим мусоидат намояд.
Самаровар ва ҳадафманд гардидани низоми нави таҳсилот на фақат тағйироти куллиро дар пояи моддӣ-техникӣ, балки сифатан тағйир додани технологияи таълим ва идоранамоии онро тақозо менамояд. Аҳамияти технологияҳои ҷадид ва воситаҳои телекоммуникатсиониро дар ҷараёни низоми кредитии таҳсилот таъкид намуда, бояд тазаккур дод, ки дар ин раванд омили инсонӣ, яъне муносибат, масъулият, тафаккури нав, дониш ва маҳорату малакаи омӯзгор ҳамеша дар меҳвар қарор дорад. Инчунин, роҳбарияти муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки баҳри тадбиқи низоми таҳсили кредитӣ, мутобиқ сохтани пояи моддӣ-техникии муассисаи таълимӣ, таъминот бо технологияҳои муосир ва воситаҳои телекоммуникатсионӣ чораҳои ҳатмӣ ва саривақтӣ андешанд.
Насриддин ОХУНЗОДА,
“Омӯзгор”
Иловакунӣ
Иловакунии фикр