Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ бо мақсади вусъат бахшидани корҳои созандагиву ободонӣ ва бо назардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот пешниҳод намуданд, ки солҳои 2019- 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шавад.
Чунин гузориши масъала, яъне масъалаҳои рушди деҳотро бо рушд додани сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ пайваста ҳал намудан, бинобар зарурати мутамарказ намудани таваҷҷуҳи масъулин, мақсаднок сарф кардани маблағҳои ҷудошуда ва имкони дарёфти маблағҳои иловагӣ, мантиқӣ ва оқилона аст.
Воқеан, дар шароити имрӯза сайёҳӣ аз сердаромадтарин соҳаҳои иқтисодиёт дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, дар аксари кишварҳои олам ин бахш ба даромади асосии аҳолӣ табдил ёфтааст. Таҷриба нишон медиҳад, ки сайёҳӣ дар тӯли даҳсолаҳо новобаста ба буҳронҳои иқтисодию молиявӣ, таҳавуллоти сиёсӣ ва тағйироти иҷтимоӣ бо суръати устувор рушд намуда истодааст. Агар ба омори ҷаҳонӣ дар бахши туризм назар кунем, шумораи сайёҳон дар ҷаҳон аз 698 миллион нафар дар соли 2000-ум то ба 1 миллиарду 322 миллион нафар дар соли 2017 афзоиш ёфтааст.
Бо назардошти ин омилҳо, имконоти мусоид ва табиати дилфиреби Тоҷикистон барои рушди навъҳои гуногуни ҷаҳонгардӣ дар мамлакат, Пешвои миллат дар Паёми гузаштаи худ низ ба ин соҳа диққати аввалиндараҷа зоҳир намуда, як қатор имтиёзҳои андозиву гумрукӣ, аз ҷумла, дар тӯли панҷ соли аввали фаъолият аз андози фоида озод кардани ширкатҳои навтаъсиси сайёҳӣ, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани воридоти таҷҳизот ва маводи сохтмонӣ барои сохтмони иншооти сайёҳӣ, аз ҷумла, меҳмонхона, осоишгоҳ, истироҳатгоҳ, табобатгоҳ, марказҳои сайёҳӣ ва дигар иншооти сайёҳӣ фароҳам оварданд, ки ин барои рушди соҳа такони ҷиддӣ мебахшанд.
Соли сипаришуда Барномаи рушди сайёҳӣ дар ҶТ барои солҳои 2018-2020, бори нахуст Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030 қабул гардида, лоиҳаи Қонуни ҶТ “Дар бораи ҳунармандӣ” нахуст маротиба таҳия ва аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон маъқул дониста шуда, барои баррасии минбаъда ба Маҷлиси намояндагони МО ҶТ пешниҳод гардид.
Таваҷҷуҳи ҳукумати кишвар ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ низ баробар бо соҳаи сайёҳӣ бесабаб нест, чун истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ дар хона ва ба фурӯш гузоштани онҳо аз як ҷониб имконият медиҳад, ки ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шавад ва аз ҷониби дигар ин бо назардошти талаботи сайёҳони хориҷӣ ба маҳсули ҳунарҳои дастии милливу маҳаллӣ роҳандозӣ шудааст. Метавон гуфт, ки сайёҳӣ ва ҳунармандӣ ба ҳам пайвастагии амиқ доранд. Маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ асосан ба меҳмонон, бахусус сайёҳони хориҷӣ, нигаронида шудааст. Аз ин ҷо, дар марказҳои вилоятҳову ноҳияҳо, шаҳру шаҳракҳо ташкил намудани дӯконҳои махсуси фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумии гӯшаю канори кишварамон, тавассути барномаҳои махсуси телевизионӣ ва маводи видеоиву тасвирии рекламавӣ тарғиб намудани осори ҳунарҳои дастии мардумӣ аз тадбирҳои доимии мусоидаткунандаи рушди ин соҳа бояд бошад.
Зеро мақсади асосӣ аз пешниҳоди Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани солҳои 2019-2021, тавре ки Роҳбари давлат ҳам иброз доштанд, амалигардонии талошҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири боз ҳам обод кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмин кардани аҳолии деҳот бо оби босифати ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин мебошад.
Рано Шарифова,
омӯзгори муассисаи таҳсилоти
миёнаи умумии № 95,
шаҳри Душанбе.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр