Дар Спитамен иншооти варзишӣ ва таълимӣ ба
истифода дода шуд
Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен корҳои ободониву созандагӣ бомаром идома доранд.
17 январ дар Ҷамоати шаҳраки Навкати ноҳия майдончаи варзишӣ мавриди истифода қарор гирифт. Он барои бозии футболи хурд пешбинӣ гардида, масоҳати он 882 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкори ин ҷамоат Муродҷон Самадов бо харҷи 500 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст. Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ ва мавҷудияти шароити зарурӣ ба сокинони Ҷамоати шаҳраки Навкат имкон фароҳам меоварад, ки ба варзиш машғул шуда, солимии худро нигоҳ доранд. Худи ҳамон рӯз дар деҳаи Сафедтеппаи Ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳия бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9 мавриди истифода қарор дода шуд.
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9 бо харҷи 917 000 сомонӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳмгузории фаъолону саховатмандон бунёд гардида, дар 11 синфхонаи нав хонандагони синфҳои ибтидоӣ ҷойгир карда мешаванд.
Мавриди зикр аст, ки дар ноҳияи Спитамен 35 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият дошта, дар онҳо 26 610 хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Имрӯзҳо дар ноҳия сохтмону бунёди ду мактаби замонавӣ бо 2 000 ҷойи нишаст идома дорад.
Дар Ҳисор 30 км роҳҳои мошингард таҷдид мегардад
Имрӯзҳо ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор низ корҳои ободониву бунёдкорӣ васеъ ба роҳ монда шудааст. Давоми се соли минбаъда дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин коргоҳҳои дӯзандагӣ, майдончаҳои варзишӣ, қасри фарҳанг, бунгоҳҳои тиббӣ, ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, пулҳо ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ бунёд карда мешаванд. Ҷиҳати ба таври шоиста истиқбол гирифтани 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ беш аз 30 км роҳҳои мошингарди ҳудуди шаҳри Ҳисор соли равон таъмиру таҷдид ва навсозӣ мегарданд.
Бино ба иттилои сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди шаҳри Ҳисор Шодӣ Ахмедов, таъмиру таҷдиди 10 км роҳҳои мошингарди ҳудуди шаҳр аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ ва 20 км аз ҷониби соҳибкорону шахсони саховатпеша сурат мегирад. Мавсуф афзуд, ки масофаи умумии роҳҳои мошингард дар шаҳри Ҳисор 246 км–ро ташкил медиҳад. Соли равон таъмиру таҷдиди роҳҳои мошингарди шаҳраки Ҳисор, Шарора, Ҷамоати деҳоти Навобод, Дурбат, Алмосӣ ва Хонақоҳи Кӯҳӣ оғоз гардида, то охири сол ба анҷом расонида мешаванд.
Носири Хусрав: 53 иншоот сохта мешавад
Ноҳияи Носири Хусрав зодаи даврони соҳибистиқлолии мамлакат буда, бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил ёфтааст. Ин гӯшаи диёр бо мавзеи «Чилучорчашма», обу ҳавои тоза, даштҳои васеъ, боғҳои хурраму пурсамар маъруф гаштааст. Ҷиҳати ба таври шоиста истиқбол гирифтани 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи мазкур сохтмони беш аз 53 иншоот ба нақша гирифта шудааст.
Иншооте, ки давоми се сол дар ноҳияи мазкур бунёд мегарданд, асосан биноҳои таъйиноти иҷтимоӣ, аз қабили мактаб, сартарошхонаву кошонаҳои ҳусн, ҳаммом, майдончаҳои варзишӣ биноҳои истиқоматӣ, иншооти гуногуни маишию маданӣ ва хизматрасонӣ, инчунин, гулгашту хиёбонҳо мебошанд.
Аз ҷумла, дар муддати се сол дар ноҳияи Носири Хусрав сохтмони муассисаҳои томактабӣ дар марказҳои Ҷамоати деҳоти «Наврӯз», «Истиқлол», сохтмони коргоҳҳои дӯзандагӣ барои 100 ҷои кор дар шаҳраки «Баҳор», дар деҳаҳои Бешкаппа, Олтинсой, бунёди сартарошхонаҳо дар шаҳраки «Баҳор», дар деҳаҳои Муродтеппа, Бешкаппа, Сангоба, Олтинсой, Арабхона, сохтмони хатти барқ бо зеристгоҳ барои деҳаи Рӯзиобод ва дигар иншооти иҷтимоӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорони бонангу номуси ин диёр ба нақша гирифта шудааст.
Соли 2018 дар ноҳияи Носири Хусрав бунёди 8 иншооти соҳаи маориф, 6 коргоҳи дӯзандагӣ, 1 варзишӣ, 6 иҷтимоӣ ва 1 фарҳангӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки ҳамаи онҳо мавриди истифода қарор гирифтанд. Соли 2019 ба истифода додани 1 иншооти соҳаи маориф ва 6 иншооти соҳаи иҷтимоӣ ба нақша гирифта шудааст.
Айни замон дар ноҳияи Носири Хусрав корҳои созандагию бунёдкорӣ бо маром идома дошта, соҳибкорону сокинони ноҳия кӯшиш доранд, ки 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои намоён истиқбол намоянд.
Таҳияи Н. ОХУНЗОДА,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр