Дар шаҳри Абу-Дабӣ ғолибони Ҷоизаи байналмилалии ба номи Шайх Зайд бинни Султон муайян шуданд. Боиси ифтихор аст, ки дар қатори 10 нафар ҷоизадорони озмун хонандагони гимназияи ба номи Гётеи шаҳри Хуҷанд низ ҳастанд. Ин пирӯзӣ имкон медиҳад, ки аз ҷониби муассисони озмун соли ҷорӣ гимназияи мазкур бо таҷҳизоти офтобии барқтаъминкунанда таъмин карда шавад.
Озмун дар се марҳила баргузор гардид. Довталабони озмун лоиҳаҳои мухталифи худро оид ба навоварӣ дар таъмин намудани системаҳои мухталифи ахбор, беҳтар кардани моделҳои устувори кишоварзӣ, мусоидат ба тавонмандии занон, васеъ намудани дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ, дастовардҳои инноватсионӣ дар рушди устувор ва ғайраҳо пешниҳод намуданд. Дар маросими ҷоизасупорӣ вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо, соҳибкорони бонуфузи сатҳи ҷаҳонӣ ва хайрхоҳон иштирок доштанд.
Ҳакамони озмун аз миёни 31 дас-таи довталаб 10 гурӯҳро ғолиб эълон доштанд: хонандагони гимназияи номбурда Таҳмина Холиқова ва Далер Дадобоев бо роҳбарии омӯзгор Заррина Мирзошарифова изҳор доштанд, ки дар самти истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон ба воситаи энергияи офтоб хароҷоти неруи барқро коҳиш медиҳанд.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр