Ҳоло ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати аграриву саноатист, масъалаи саноатикунонии мамлакат масъалаи муҳим барои пешрафти иқтисодиёти кишвар маҳсуб меёбад. Ин ҳадаф дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (26.12.2018) ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди арзёбӣ қарор гирифт. Эътимод дорем, ки бо роҳбарии дурбинонаи Сарвари давлат ин ҳадафи бисёр ҷиддӣ ва муҳими стратегии кишвар марҳила ба марҳила амалӣ мегардад.
Масъалаи саноатикунонии Тоҷикистон дар пасманзари худ масъалаҳои бо ҷои кор таъмин намудани аҳолӣ, махсусан, ҷавонон, монеъ гардидан ба таблиғи ақидаҳои ифротӣ, аз байн бардоштани шиддати муносибатҳои ҷамъиятӣ ва ба ин восита таъмини амнияту субот дар кишварро дар назар дорад. Бунёди корхонаҳои саноатӣ ва инфрасохтори онҳо боиси ба ҷойҳои корӣ таъмин намудани аҳолиии мамлакат ва ба даст овардани музди меҳнати кофӣ мешавад, ки ин дар навбати худ сабаби баланд шудани некуаҳволии шаҳрвандон мегардад.
Саноатикунонӣ, инчунин, боиси тағйирот дар таркиби ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон мегардад. Сафи шаҳрвандоне, ки дар корхонаҳои саноатӣ кор мекунанд, меафзояд ва ин тағйирот тағйироти сифатӣ дар таркиби ҷомеаи шаҳрвандии кишвар аст.
Масъалаи ҷойгиркунонии корхонаҳои саноатӣ бо дарназардошти қувваи корӣ ба масъалаи дигари муҳим - рушди деҳот пайвастагии мантиқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дорад. Инҳо масъалаҳоеанд, ки дар сурати дуруст амалӣ шудан рушди иқтисодиёт ва дигар масъалаҳои иҷтимоиро таъмин менамоянд.
Барои бунёди корхонаҳои саноатӣ ҷойгиршавии манбаи ашёи хом, ташкили инфрасохтор, таъмин бо қувваи корӣ аҳамияти ҳалкунанда дорад.
Масъалаҳои истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати мамлакат ба ҳам алоқаманданд. Яъне саноатикунонии босуръати мамлакат аз таъмин будан бо неруи барқ, рушди роҳу нақлиёт, истеҳсоли маҳсулоти зарурӣ, маблағгузорӣ, таъминот бо қувваи корӣ ва бисёр масъалаҳои дигар вобастагӣ дорад. Дар ин ҳолат кадрҳои ба истеҳсолот роҳбарикунандаи дорои маҳорату малакаи зарурӣ аҳамияти хоса пайдо мекунанд. Аз ин рӯ, роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо бояд доир ба ҷалби сармояи мустақим, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва ташкили ҷойҳои корӣ чораҳои мушаххас андешанд.
Эҳтимол меравад, ки аксари корхонаҳое, ки дар раванди саноатикунонӣ сохта мешаванд, бояд корхонаҳои саноати сабук, аз қабили корхонаҳои бофандагию ре-сандагӣ, корхонаҳои коркарди ашёи хоми хоҷагии қишлоқ бошанд. Аз ин рӯ, масъалаи бозомӯзии кадрҳои коргарӣ ба миён меояд. Барои ин курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ ташкил бояд кард.
Дар чаҳорчӯбаи амнияти миллӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи саноатикунонии босуръати мамлакат низ аҳамияти нисбатан муҳим пайдо мекунад. Зеро ки миқёси масъалаи саноатикунонӣ, истифодаи дурусти неруи корӣ паҳлуҳои дигари ҳаёти ҷамъиятию иҷтимоии шаҳрвандонро ба ин ё он дараҷа дар бар мегирад. Аз ин рӯ, саноатикунонӣ дар самти беҳдошти сатҳу сифати некуаҳволии мардум омили асосӣ буда, дар робита ба истиқлолияти давлатӣ нақши муҳимеро дорост.
Бисёр муҳим аст, ки дар раванди саноатикунонии босуръати Тоҷикистон ҳангоми сохтмони корхонаҳои саноатӣ ва инфрасохторҳои он ба масъалаи ҳифзи муҳити зист ва нигаҳдошти олами ҳайвоноту набототи кишвар аҳамияти зарурӣ дода шавад.
Зубайдулло ДАВЛАТОВ,
муовини сардори раёсати
маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Иловакунӣ
Иловакунии фикр