Нашрияи Омӯзгор

Қадри модарро бидонем!

Сана: 2019-02-05        Дида шуд: 745        Шарҳ: 0

Модар боғбони моҳир аст, ки тамоми ҳастии худро барои фарзандонаш мебахшад. Нақши ӯ дар тарбияи фарзанд беҳамтост. Аввалин дабистони тарбия аз оғӯши модар сар мешавад. Қалби поки модар ҳамеша аз пайи беҳбудию саодатмандии фарзанд аст. Ғамҳои модарон ба фарзанд ҳампайванд аст. Фарзанд чӣ гунаву дар чӣ ҳолате ки бошад, барои модар маҳбуб асту ҷонпайванд.  Аз ин рӯ, дар ҷаҳон муҳаббате беҳтар ва нерумандтар аз муҳаббати модар нест.

Модар барои хушбахтии фарзандаш азобу шиканҷаҳои зиёдеро таҳаммул мекунад. Худ дуруст нахӯрдаву напӯшида фарзандашро калон мекунад. Ҳар як хурсандии фарзанд барояш ид асту ҳар андуҳи фарзанд барояш ғаму ғусса.

Мутаассифона, имрӯз дар ҷомеа фарзандоне ёфт мешаванд, ки нисбат ба модари худ беэҳтиромӣ мекунанд. Инҳо он инсонҳое ҳастанд, ки дар вуҷуди онҳо имону нангу номус нест.

Ин ашхос фикр намекунанд, ки замоне онҳо низ падару модар мешаванд, пир мешаванд ва ба фарзандон муҳтоҷ гарданд.

Аё фарзанд, бидон, ки волидони ту имрӯз оҷизу нотавонанд, ба дастгирии ту ниёз доранд.

Аз ин назар фарзандро низ зарур аст, ки пайваста дар хизмати модар бошад, дар ризоияти ӯ бикӯшад.

Осудагии волидонро осудагии хеш, хушбахтии онҳоро хушбахтии худ бидонад. Саодатмандии фарзанд аз дуои волидон сарчашма мегирад.

Э. Ниёзова

омӯзгори синфҳои

ибтидои


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш