Сад ҷону дил фидои як муддаои модар,
Фатҳу кушоиш орад дасти дуои модар.
Модар барои мо маънибахши ҳаёт аст ва вуҷудаш бо меҳру муҳаббат ва садоқату вафодорӣ сиришта шудааст. Ҳеч неруе тавонотар аз неруи модар нест, ҳастии модар омили пойдориву безаволии зиндагист. Меҳри модар, оғӯши гармии ӯ пушту паноҳи мост.
Ҳар гоҳ ки сухан дар бораи модар меравад, бидуни ихтиёр чеҳраи гарму муҳаббатбори ӯ пеши назар меояд. Модар сарватест ноёб. Ҳар лаҳза бо модар буданро ғанимат бояд донист, вагарна дер хоҳад шуд, пушаймонӣ дигар суд нахоҳад дошт. Воқеан, зан - модар бақои миллат, аввалин мураббию устоди беназир ва калиди саодати рӯзгор мебошад.
Эҳтирому эътироф ба ин олиҳаи бузург дар ҳамаи кишварҳо бузург аст. Дар ҳадиси Паёмбари ислом Расули Акрам (с) низ омадааст: “Биҳишт зери қудуми модарон аст”. Ин маъниро Низомии Ганҷавӣ ба риштаи назм кашидааст:
Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст,
Дар зери қудуми модарон аст.
Ҳамчунин, бузургони илму адаби рӯйи олам беҳтарин ва арзандатарин навиштаҳои худро ба модар – сарчашмаи ҳаёти башарият бахшидаанд. Ба фазилату мақоми зан - модар сари таъзим фуруд оварда, саодату хушбахтии инсонҳоро ба ранҷҳои кашидаи модар нисбат додаанд.
Шоистаи таъкид аст, ки ба мавқеи зан-модар дар ҷумҳурии мо эътибори хоса дода мешавад. Ӯ дар баробари тарбияи фарзандон, инчунин, дар соҳаи гуногуни хоҷагии халқ дар қатори мардон софдилона заҳмат мекашад. Мо ҳама зодагони модарем ва ӯро бояд ҳамеша арҷгузор бошем, эҳтиром бикунем.
Асои дасти модар бош,
фарзанд,
Ки модар баҳри ту болу паре
ҳаст.
Давои дарди модар бош,
Бароят доимо тоҷи саре аст.
Ҳусния РАҲИМОВА,
омӯзгори коллеҷи технологии
шаҳри Душанбе
Иловакунӣ
Иловакунии фикр