Нашрияи Омӯзгор

Ситоишгари адабу ҳунар

Сана: 2019-02-05        Дида шуд: 747        Шарҳ: 0

Адабиёти классикии тоҷик бо адибони муқтадираш, бо осори гаронбаҳою пурмуҳтавояш ва бо ғояҳои  олии башардӯстонааш дар миқёси ҷаҳон камназир аст ва ҳаводорони зиёд дорад. Сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли кишвар арҷгузории эҷодкорони барҷастаи миллатро талқин менамояд.

Бо ибтикори Сарвари  кишварамон дар ҷумҳурӣ ҳамасола солгарди  умри фарзандони  барӯманду соҳибкитоби миллат таҷлил мешавад ва маҳфилҳои ҷудогона ба шарафи  абармардони  адабпарвари  тоҷик дар сатҳи  ҷаҳонӣ  баргузор мегарданд.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва мувофиқаи созмони байналмилалии ЮНЕСКО солҳои 2018-2019 солҷашнҳои  400-солагии  шоири номвару пуровоза Сайидои Насафӣ эълон шудааст ва ба ин муносибат дар мамлакати  мо як  силсила маҳфилу ҷашнвораву ҳамоишҳо баргузор  шуданду мешаванд.

Аҳли маориф, аз ҷумла, омӯзгорони  фаъоли  кишвар дар таҷлили солгарди  мазкур ҳиссаи  сазовор мегузоранд. Омӯзгори варзида, Корманди шоистаи  Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи  маориф Т.Салоҳов дар шумори  чунин  омӯзгорон  қарор  дорад. Ин омӯзгори  эҷодкор ба ифтихори 400-солагии Миробид Сайидои Насафӣ ду китоб таҳия намуда, пешкаши аҳли  таълиму тарбия кард, ки  яке «Сайидои Насафӣ – ситоишгари фарҳанги  ҳунармандӣ, суханвари бузурги тоҷик» ва  дигаре «Панду андарз ва ҳикматҳои Миробид Сайидои Насафӣ» ном дорад. Дар сарсухани  ҳар ду китоб сухан аз  мавқею мартабаи  шоир дар ҷаҳони  адаб, маҳорату истеъдоди ӯ, мазмуну муҳтавои  эҷодиёташ ва мероси  адабиаш меравад. Таъкид мешавад, ки Сайидо аз дурахшонтарин  ситораҳои  фазои  адабии асри XVII буда, зиндагии ҳикматборе доштааст ва тамоми  умр ба эҷоди  шеър ва ҳунармандӣ машғул будааст.

Ин байти  шоир аз ин лиҳоз  машҳур аст:

Ҷуз фикри шеър пешаи  мо

нест, Сайидо,

Моро ба даҳр мансаби  дигар

надодаанд.

Дар эҷодиёти  Сайидо мавзӯи  панду андарз  мавқеи  барҷаста дорад ва бисёр байтҳои  ҳикматбори ӯ дар байни халқ маълуму машҳур гардидаанд. Аз  қабили:

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба  ҷаҳон,

Сарв агар хушк шавад, боз асо  мегардад.

ххх

Рӯзӣ  насиби кас ба нишастан  намешавад,

Бояд чу осиё зи пайи  обу дона  рафт.

Китоби аввали омӯзгор Т.Салоҳов саволномаҳоро (перомуни  ҳаёт ва эҷодиёти  Сайидо) дар бар мегирад ва усули  таълими  тестро дар назар  дорад. Муаллиф дар китоб 133 саволро бо чор  ҷавоб барои ҳар як савол, ки яке дуруст аст, пешниҳод мекунад. Дар охир  ҷавобнома  оварда шудааст.

Китоби дуюм гулчини абёти  ҳикматбори  Сайидо буда, бо усули  байтбарак, ки дар таълими адабиёт маъмул аст, таҳия шудааст. Ба ҳар як ҳарфи  алифбои  тоҷикӣ силсилаи  байтҳои  пурмаънӣ  пешниҳод мегардад, ки дар маҷмӯъ, 630 байт ҳосил мешавад. Омӯзгори соҳибтаҷриба таъкид  мекунад, ки «байтбарак барои  донишандӯзӣ, мустаҳкам кардани  қувваи  ҳофиза, хотира,  буррою тез намудани  зеҳн, инкишофи малакаю маҳорати  шеъразхудкунӣ, бой намудани захираи луғавӣ … ва ҳозирҷавобии шогирдону донишҷӯён воситаи  хубест».

Ду китоби мазкури омӯзгор Т.Салоҳов барои  омӯзгорон ва роҳбарони синфҳо дастури хуби  раҳнамост ва ҳадяи  сазоворест ба муносибати  400-солагии  шоири бузурги халқи тоҷик Сайидои Насафӣ.

 

Раъно НАВРӮЗМАМАДОВА,

омӯзгори  забон ва

адабиёти тоҷик


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш