Нашрияи Омӯзгор

Ҳомии адолат ва душмани разолат

Сана: 2019-02-05        Дида шуд: 745        Шарҳ: 0

Дар бораи қаҳрамонони халқи тоҷик чун Деваштичу Муқаннаъ, Темурмалику Восеъ танҳо дар дарсҳои таърих ба хонандагон маълумот додан кофӣ нест, дар бораи онҳо иловатан дар дарсҳои тарбиявӣ, маҳфилҳо, ҷашнвораҳо ҳикоят бояд кард.

Вобаста ба имкони мавҷуда ташкили саёҳати хонандагон ба осорхонаҳои дахлдор ва ба мавзеъҳои корзори қаҳрамонон хеле муфиду муассир хоҳад буд. Яке аз қаҳрамонони машҳуру диловари тоҷик Восеъ мебошад ва дар бораи ҳаёту корномаи ӯ ҳар як хонанда бояд маълумоти пурра дошта бошад. Ин ба тақвияти ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва худогоҳии насли нав-рас мусоидат мекунад. Восеи паҳлавон ва ҷасур (Абдулвосеъ, Мулло Восеъ) дар байни солҳои 1845-47 дар деҳаи Дараи Мухтори амлокдории Ховалинг ба дунё омадааст. Ӯ ба муқобили зулму истибдоди сулолаи манғитиёни Аморати Бухоро бархоста, халқро ба ҳам оварда, шӯриши эътирозии халқиро пешво шуд, раҳнамоӣ кард. Восеъ кишоварзи одӣ буд, баҳору тобистон дар саҳро заҳмат мекашид, зимистон ба ҷувозкашӣ машғул мешуд. Ривоят мекунанд, ки шахси хеле тануманду боқувват ва солор будаасту дар сабқатҳои гӯштигирӣ, бузкашӣ ва зӯрозмоӣ пайваста пирӯз мешудааст ва аз ин рӯ, байни мардум обрӯманду соҳибэътибор будааст. Ин диловармард меҳнати ҳалол ва адлу инсофро меписандид. Восеъ нисбат ба муносибати бераҳмонаи намояндагони амлокдору бек, ки мехостанд андозу маҷбуриятҳои се-чор соли пешини хушксолиро аз ҳисоби ҳосили соли 1888 рӯёнанд, эътироз баён намуда, инро беадолатии гӯшношунид номид ва халқро ба шӯриш даъват кард. Ошӯбгарон бо даъвати Восеъ амлокдори дағалмуомилаю мағрури Ховалингро бо сарбозонаш асир гирифтанд. Дар оғоз шӯришгарон 600 нафар буданд, тадриҷан аз ҳисоби мардуми ҷабрдидаи бекигариҳои Кӯлобу Балҷувон ва Муъминобод ҳазорон нафар ба ин шӯриш пайвастанд. Шӯриш қобилияти баланди ташкилотчигии Восеъро нишон дод. Дар рафти шӯриш Восеъ сарбозони беки Балҷувонро шикаст дода, мавзеашонро ишғол намуд ва дар чанд муҳорибаи пай дар пай ба ғалаба мушарраф гашт. Аз ин ҳолат бекҳои Кӯлоб, Ҳисор ва амири Бухоро ба тарсу таҳлука афтоданд. Беки Балҷувон ба Ҳисор фирор кард. Дастаҳои Восеъ мавзеъҳои Кангурт. Пушинг, Тутқавул ва Оқсуро ишғол намуда, ин ҷо ҳокимияти ҳалқиро таъсис доданд. Амири Бухоро ба муқобили Восеъ дастаи сарбозони худро фиристод. Дар Тутқавул ҷангиёни Восеъ ба муқобили сарбозони амир муқобилияти сахт нишон доданд, вале бартарии силоҳ, теъдоди зиёди сарбозони амир ва маҳорати ҷангии онҳо Восеъро ба ақибнишинӣ маҷбур кард. Восеъ бар зидди дастаи амир боз чанд муҳорибаи шадид ташкил кард, аммо комёб нашуд ва ба мавзеъҳои мушкилгузар паноҳ бурд. Амири Бухоро барои сари Восеъ 1500 тангаи тилло ваъда дод. Бо хиёнати яке аз ҳамсафонаш Восеи диловар ба асирӣ гирифта, ба Шаҳрисабз оварда шуд. Восеъро баъди истинтоқ тирамоҳи соли 1888 ба дор овехтанд…

Дар бораи Восеъ қиссаву достонҳо эҷод, асарҳои зиёд навишта шудаанд. Ноҳияе дар ҷумҳурӣ номи ӯро дорад. Чандин кӯчаву хиёбон, ҷойҳои ҷамъиятӣ номи Восеъро доранд. Дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон осорхонаи ин қаҳрамони халқи тоҷик мавҷуд аст. Ному қаҳрамонии Восеъ ҷовидонист. 

 

Наргис Аскарова,

омӯзгори таърих


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш