Устод А. Байзоев зодаи шаҳри Истаравшани бостонист. Мактаби №6 ба номи Ш. Ҳакимов, ки мавсуф хатмкардаи он мебошад, метавонад бо доштани чунин шогирде ифтихор намояд.
Ҳанӯз дар канори мактаб ишқу дилбастагӣ ба забону адабиёти тоҷик ӯро водошт, то барои идомаи таҳсил риштаи забон ва адабиёти форсии факултаи шарқшиносии Донишгоҳи миллиро интихоб намояд. Номбурда соли 1976 вориди бахши форсии донишгоҳи мазкур шуд ва соли 1982 донишгоҳро бо дипломи «аъло» ба поён расонид. Таҳсил дар бахши форсӣ, баҳраварӣ аз донишу фазли устодони ин конуни илмиву таълимӣ мисли профессорон Ҳ. Каримов, А. Хромов, Б. Камолиддинов, Ю. Ҳасанлӣ, Ф. Наҷмонов, Т. Ҳомидов уфуқҳои тозаеро барои омӯзиш, шинохту маърифати шигифтиҳои забон пеши чашми вай боз намуд ва барои ҳамеша зиндагии хешро ба забону таълими забон ва пажӯҳиш дар қаламрави масоили забонӣ пайванд зад. Ногуфта намонад, ки зимни таҳсил муддати як сол давраи коромӯзиро дар Донишгоҳи Кобули Афғонистон сипарӣ намуд ва тӯли ин даврон ҳунари хушнависиро бо тамоми нозукиҳояш омӯхт. Ин ҳунарро солҳои тӯлонӣ ба шогирдон низ омӯзонид.
Соли 1982 пас аз хатми донишгоҳ бо ҳидояти шодравон Ф. Наҷмонов дар ҷанби кафедраи филологияи Эрон ба кор таъйин шуд. Инак, беш аз се даҳсола аст, ки дар кафедраи номбурда ба сифати дотсент ифои вазифа менамояд. Азимҷон Байзоев ҳамзамон сармутахассиси Академияи таҳсилоти Тоҷикистон аст.
Ин пажӯҳишгари соҳибис-теъдод дар мактаби забоншиносии А. Л. Хромов, ки яке аз чеҳраҳои маъруфи илми шарқшиносӣ дар ҷаҳон буд, дарс омӯхт. «Забони «Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино» мавзӯи рисолаи номзадии вай буд, ки таҳти роҳбарии А. Л. Хромов соли 1992 аз он сарбаландона дифоъ намуд. Пардохтан ба ҷузъиёти рисолаи мазкур фурсату мавқеияти дигареро иқтизо дорад, вале муносиб аст таъкид гардад, ки дар чаҳорчӯби он барои нахустин бор шеваҳои зуҳуру шаклпазирии истилоҳшиносии порсии дарӣ дар мисоли «Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба таври доманадору васеъ мавриди омӯзиши амиқ қарор гирифта, имконоту зарфиятҳои бепоёни рушду камоли дарунзабонӣ, вижагиҳои калимасозӣ ҳамчун падидаи асосӣ дар сохтмони забон ва истеҳкому инсиҷоми он баррасӣ гардид. Ин рисолаи муфид соли 2015 таҳти унвони «Истилоҳот ва калимасозӣ дар «Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино» мунташир гардид.
Бояд арз дошт, ки дар ҷомеаи илмиву фарҳангии мо дар расонаҳои илмиву гурӯҳӣ яке аз мавзӯъҳои доғ мавзӯи забон ва масоили хурду бузурги он аст.
Устод А. Байзоев бо дарки ин воқеият, ки забон арзишмандтарин ёдгори ниёгони мост, ҳамеша ҳамчун муҳаққиқ талош варзида, то дар пос нигоҳ доштану ҳифозати покизагиву салосати он, рафъи мушкилоти он саҳим бошад. Перомуни масоили забони тоҷикӣ раванди умумии инкишофи он, ноҳамвориҳо дар тадвину пазириши асноди расмӣ мақолоти судманде таълифу ба нашр расонидааст, ки намунааш ба шарҳи зер аст: «Чаро мо бо забони худ забондон нестем?”, “Роҷеъ ба муайян намудани меъёрҳои забони адабӣ ва гуфторӣ”, “Дар табдили ному насаб саҳлангорӣ нашояд”, “Оё матни Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳрир ва нашри нав ниёз дорад?”, “Қоидаҳои имло: аз кадоми онҳо пайравӣ кунем?”, “Номи зебо – ними ҳусн”.
Пас аз касби истиқлолият ва дар арсаи байналмилалӣ ба расмият шинохта шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии мо дигаргун шуд. Дар пойтахти азизи мо созмонҳои байналмилалӣ, мақомоти дипломатии кишварҳои мухталиф ба фаъолият оғоз намуданд ва равшан аст, ки омӯзиши забони кишвари максад ниёзу иқтизои аксари кормандони ин ниҳодҳои хориҷӣ буд. Бояд гуфт, аз ҳамон оғоз омӯзишу таълими забони тоҷикӣ ба хориҷиён барои А. Байзоев яке аз самтҳои асосии фаъолият гардид. Мавсуф ҳамзамон бо тадриси забони тоҷикӣ ба хориҷиён заминаҳои заруриро барои таълифу тадвини китоби дарсии забони тоҷикӣ барои хориҷиён фароҳам месохт. Саъю талош, заҳамоти даҳсолаи ӯ китоби «The Official Beginners’ Guide to Tajiki» -ро ба бор овард, ки бо ҳамкории шогирдаш - муҳаққиқи англис Ҷон Ҳайвард таълиф шуд ва соли 2001 дар остонаи ҷашни даҳсолагии Истиқлолият ба табъ расид. Боиси ифтихор аст, ки ба китоби мазкур Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон пешгуфтор навишта буданд.
Китоби ёдшуда баъдҳо соли 2014 бо таҳриру такмил ба василаи яке аз машҳуртарин нашриёти ҷаҳон «Routledge Curzon» дар шаҳрҳои Лондон ва Ню-Йорк таҷдиди чоп шуд ва заминаҳои дастрасии онро барои дӯстдорону алоқамандони забони тоҷикӣ дар арсаи ҷаҳон фароҳам сохт.
Боиси ифтихор аст, ки имрӯз низ дар ағлаб донишгоҳҳои муътабари Британияи Кабир, ИМА, Канада бар мабнои ин китоб забони тоҷикӣ дар гурӯҳҳои таълимӣ омӯзиш дода мешавад.
Худи устод А. Байзоев тӯли солҳои 2008-2013 дар донишгоҳҳои Мериленд ва Аризонаи ИМА ба донишҷӯёни амрикоӣ забони тоҷикӣ ва форсиро тадрис намудааст. Мавсуф аз нахустин муҳаққиқону омӯзгоронест, ки ба хотири дастёбӣ ба натоиҷи матлуб таълими ҳамгирои форсиву тоҷикиро бунёд ниҳода ва дар ин замина дастурҳои арзишманди методӣ, мисли “Persian-Tajik Comparative Grammar” (Грамматикаи муқоисавии забонҳои форсӣ ва тоҷикӣ), “Arabic Words in Persian” (Калимаҳои арабӣ дар забони форсӣ), “Persian Verbs” (Феълҳои забони форсӣ)-ро таълиф намудааст.
Устод А. Байзоев имрӯз дар ҳамаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ чеҳраи маҳбубу ошност. Чанде аз китобҳои дарсӣ, аз қабили «Забони модарӣ» барои синфи якум, «Алифбо ва матни ниёгон», «Забони давлатӣ» барои синфи нуҳум ба қалами ӯ ва ҳаммуаллифонаш тааллуқ доранд.
А. Байзоев аз ибтидои солҳои 2000-ум ҳамчун муҳаққиқи мустақили риштаи маориф якҷо бо ҳамкорону ҳампешагони хеш ба таҳқиқу баррасии масоили мубрами ислоҳоти маориф машғул шуда, беш аз даҳ асари таҳлилиро бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба нашр расонидааст. Мазкур перомуни дидгоҳҳои назарӣ ва пешниҳодоти хеш дар иртибот бо масъалаҳои ислоҳу беҳбуди маориф дар бисёре аз конфронсу симпозиумҳои байналмилалӣ ширкату суханронӣ намудааст. Муҳаққиқ беш аз 11 сол сармуҳарририи маҷаллаи ғайридавлатии «Мактаб ва ҷомеа» - ро ба дӯш дошт.
Устод А. Байзоев ба эҷоди бадеӣ низ гаравиш дорад. Хонандаи тоҷик бо чаҳор маҷмӯаи манзуму мансури Азимҷон Байзоев ошност. Бояд гуфт, ки шоири арҷманд Гулназар дар пешгуфтори нахустин дафтари сурудаҳои ӯ «Меҳри инсон дарди инсонро давост» чунин навишта буд: «Барои ман дар ин навиштаҳо самимият ва муҳаббати беғаразонаи муаллиф бисёр муҳим аст». Воқеан, дар матну батни ҳар сурудае, дар синаи ҳар вожае меҳру дӯстдорӣ, самимияту хулус нисбат ба инсону инсонияти инсон мавҷ мезанад.
Китоби «Аҷоиботи Баткам» аз осори тозанашри Азимҷон Байзоев аст. Китоб фарогири қиссаҳои дилчаспу марғубест, ки ба таҳлили масъалаҳои таълиму тарбия дар замони муосир, муносибату шеваҳои ҷаҳонигарии насли ҷавону бузургсол ихтисос дорад. Бидуни шак, «Аҷоиботи Баткам» падидаи хушояндест, ки адабиёти бачагонаи тоҷик то ҳол назирашро надоштааст. Шеваи нигориши асар, ки дар шакли қисса-эссе тадвин шуда, ҷаззобияту кашандагии хосе дорад. Ҷанбаи тарбиявии қиссаҳо ниҳоят неруманд аст.
Беш аз се даҳа аз умри Устод А.Байзоев дар чаҳордевори факултаи забонҳои Осиё ва Аврупо сипарӣ шудааст, ки замони андаке нест. Ҳар рӯз вориди синфхона шудану бо донишҷӯён дидор кардан масъулияти бузургест. Гузашта аз ин, сабру таҳаммулро иқтизо дорад. Бо донишҷӯ канор омадан, дар замири онҳо тухми меҳру садоқат коридан, ба онҳо дониш омӯхтану дар рӯҳияи меҳанпарастӣ парвариш кардан бахше аз он масъулияти бузург аст, ки устод онро то умқи ҷон эҳсос мекунад.
Ба андешаи комили мо, маншаи ин ҳама рӯзгори пурбаҳо зиндагии хонаводагии ӯст. Устод дар баробари ин ҳама, шавҳари меҳрубон, падари дилсӯз ва бобои ширинсухан аст. Ӯ дар ҳама барору бозёфтҳояш ҳамсари худро шарики ҳақиқӣ медонад, бо фарзандонаш мефахрад ва аз наберагонаш меболад.
Имрӯзҳо устод по ба марзи 60-солагӣ мегузорад ва мо, ҳамкорон, бо арзи табрику шодбош сиҳативу тандурустӣ, рӯсурхиву сарбаландии ӯро орзу мекунем.
Умар Сафар,
профессор
Иловакунӣ
Иловакунии фикр