Нашрияи Омӯзгор

«Омӯзгор» ёвари мост

Сана: 2019-02-05        Дида шуд: 740        Шарҳ: 0

Барои мо, омӯзгорон, ҳафтаномаи соҳавии «Омӯзгор», ки аз соли 1932 то ҳоло нашр мешавад, мунису ғамхор, маслиҳатдеҳу мададгор мебошад.

Чун ба пайраҳаи омӯзгорӣ қадам мондам, пас аз устодони мактаби миёнаю олӣ барои ман «Омӯзгор» ҳукми устоди сеюмро дорад. Ҳар мушкилие, ки дар бахши таълиму тарбия ба ман пешорӯ меояд, ҳамоно ба бастаҳои «Омӯзгор» рӯи ниёз меорам. Мушкилам осон мегардад. Аз таҷрибаи муаллиме пайгирӣ мекунам, месанҷам дар кори худ, маводҳои муҳимтаринро оид ба масъалаи об, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, НБО-и Роғун, Паём ва суханрониҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, мушовараи Вазорати маориф ва илм, навгониҳои таълим, рафти татбиқи таълими салоҳиятнок ва монанди инҳоро ба воситаи нашрияи дӯстдоштаам «Омӯзгор» мехонам ва дар мавриди зарурӣ ҳамчун дастуру раҳнамо истифода менамоям.

Ҳафтаномаи «Омӯзгор» барои мо, омӯзгорон, мунису ҳам-дам аст. Агар бо теъдоди беш аз 40000 нашр шавад, бо боварӣ метавон гуфт, ки ҳамин қадари дигар онро мехонанд. Дар ҳамсоягии мо «Омӯзгор»-ро мепурсанд, то ин ё он навиштаи ҷолиби онро хонанд.

Хонанда бо «Омӯзгор» танҳо нест, зиқ намешавад.

Кормандони нашрия диди тозаю муосир доранд. Ба ноҳия, шаҳру вилоятҳо сафар менамоянд ва аз навгониҳои мактабу маориф, таҷрибаи омӯзгорони кишвар мақолаҳои ҷолибу судманд менависанд.

Дар ҳар шумора зери рубрикаҳои наву хонданӣ ба мисли «Симо», «Дастур барои волидон», «Тарона», «Китобҳои нав», «Муаррифӣ», «Тақриз», «Суннати ниёгон», «Шодбошӣ», «Масири таърих», «Пойдевори миллат» силсиланигоштаҳое ҷо дода мешаванд, ки ба ҳар хонанда дар ҳама ҳолат даркоранд.

Ба роҳбарияти ҳайати эҷодии ҳафтанома, рӯзноманигори хушсалиқа Ноилшоҳ Нурализода – сармуҳаррир, адиби ҳаҷвнигори тозанигоҳ Абдурауф Муродӣ – ҷонишини сармуҳаррир ва Н.Охунзода – котиби масъул тавфиқ мехоҳам. Навиштаҳои рангини нависанда Шодӣ Раҷабзод, андешаҳои Дилафрӯз Қурбонӣ, Нуъмон Раҷабзод ва дигар алоқамандони «Омӯзгор» ҳамеша ёвари мост.

Хоҳиши мо ин аст, ки саҳифаи адабии нашрия вусъатмандтар шавад. Чун моро сару кор бо тифлакон аст, ҳар вақт «Омӯзгор» як-ду саҳифаашро ба кӯдакон бубахшад.

 

Ҳамида Раҳимова,

омӯзгори мактаби №86,

ноҳияи Сино 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш