Нашрияи Омӯзгор

Сухан ба лутф гӯянд, на дуруштӣ

Сана: 2019-02-05        Дида шуд: 739        Шарҳ: 0

Аз он лаб шунидан ҳикоят хуш аст,

Суханҳои ширин бағоят хуш аст.

Одоби сухан гуфтан нахуст аз оила оғоз гардида, сипас, дар боғчаю мактаб такомул меёбад. Зебо сухан гуфтану ҳарф задан нутқи бурро доштан аст. Боиси таассуф аст, ки имрӯз ҷавонон дар ин бора беаҳамиятӣ мекунанд ва масъулияти бар дӯши худ бударо эҳсос наменамоянд. Сухан гуфтан низ санъат аст. Инсон бояд ҳангоми гуфтор чунон сухан гӯяд, ки ҳама ба ӯ мафтун  шаванд, ин аст санъати сухан.

Донишмандон гуфтаанд, ки одоби сухан гуфтан шаш навъ мебошад: 

Аввал, сухан муносиби ҳоли ҳар касе гуфта мешавад.

Дувум, ба лутф сухан гӯянд, на ба дуруштӣ.

Сеюм, дар вақти сухан гуфтан хандон ва шукуфон бошанд, на туршрӯю гирифта.

Чаҳорум, чунон сухан гӯянд, ки малоли хотири шунаванда нагардад.

Панҷум, сухане гӯянд, ки манфиати дунё дар он бошад.

Шашум, сухане, ки қадр надорад, бар забон наоранд.

Аммо, афсӯс иддае аз ҷавонон ин омилҳоро риоя намекунанд ва  тарзи сухан гуфтанро намедонанд. Бисёр мехостам, ки ҷавонон бо забони адабӣ сухан гӯянд ва равону шево такаллум намоянд.

 

Шаҳноза БОБОЕВА,

омӯзгори забон ва адабиёти

мактаби №21,

 ноҳияи Шаҳринав


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш