Инсон дар ҳама давру замон ба тарбия ва раҳнамоӣ ниёз дорад. Агар бани башар лаҳзае аз тарбия ва андарзи ҳакимонаи бузургону мутафаккирон дур монад, ё канора ҷӯяд, ҳатман ба амалҳои нописанду бадгуҳарона даст мезанад. Шоирону нависандагон, соҳибдилони нобиға ҳамеша одамонро бо суханони пурҷавҳару пурмаънӣ тарбият ва ба роҳи рост ҳидоят мекарданд. Инсони боадабу хушхӯй ва некманишу некукирдор пайваста дар пайи ободии ҷомеа буда, баҳри зебо шудани зиндагии одамон саъю талош меварзад. Беҳуда дар байни халқ намегӯянд, ки «аз нек боғ».
Баъд аз сари инсонҳои некукирдор номи онҳоро аҳли ҷомеа ба некӣ ёд мекунанд. Тамоми гузаштагони соҳибфазилати тоҷик, шоирону нависандагони мутафаккир бо осори пурғановату тарбиявии худ дар сафҳаи таърихи адабиёту фарҳанги олам номи худро ба таври абадӣ сабт намудаанд. Аз қавли Фирдавсии бузург:
«Макун бад, ки бинӣ
ба фарҷом бад…»
Аз ин рӯ, дар зиндагӣ бояд пиндор ва гуфтору рафторамон нек бошад.
Манижа Бобоева,
омӯзгор
Иловакунӣ
Иловакунии фикр