Дар ҷумҳрии Тоҷикис-тон ислоҳот дар соҳаи маориф бо маром идома дорад. Ҳамарӯза дар шаҳру навоҳии кишвар муассисаҳои гуногуни таълимӣ ва марказҳои донишомӯзӣ барои наврасону ҷавонон ба истифода дода мешаванд, ки дар онҳо насли ҷавони ба омӯзиши илму ҳунар шуғл меварзанд, раванди кор бо технологияҳои иттилоотиро аз худ мекунанд, забонҳои хориҷӣ меомӯзанд. Лоиқи зикр аст, ки ҷавонони сарбаланди диёрамон аз шароитҳои мавҷуда самаранок истифода бурда, соҳиби донишу маҳорати баланди касбӣ мегарданд ва обрӯву нуфузи кишварамонро дар соҳаҳои гуногун, аз қабили илм, фарҳанг, варзиш, ҳунар… дар ақсои олам баланд мебардоранд. Ҳар рӯз аз тариқи васоити ахбори омма аз комёбиву музаффариятҳои фарзандони наҷибпешаи сарзаминамон хабарҳои масарратбахшро шунида, меболему мефахрем. Хонандагони муассисаҳои таълимӣ (мактабҳо, литсею гимназияҳо, донишгоҳу донишкадаҳо) дар олимпиадаҳои сатҳи байналмилалӣ ширкат варзида, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд. Ҳунармандони касбӣ дар саҳнаҳои бузурги дунё санъати волои миллати тоҷикро бо беҳтарин шева муаррифӣ мекунанд.
Раъно Мирзоева,
омӯзгори биологияи мактаби №35-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе
Иловакунӣ
Иловакунии фикр