Дар нишасти матбуотии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ Ҳайдар Одиназода оид ба фаъолияти донишгоҳ иттилоъ дод. Соли гузашта донишгоҳро аз рӯйи 59 ихтисос 1831 нафар хатм карданд, ки аз ин шумора 24 нафарашон дипломи аъло гирифтанд.
Ректор изҳори таассуф кард, ки барои донишҷӯёни таҳсили буҷавӣ гоҳо мушкилоти таъмин шудан бо ҷойи кор ба миён меояд. Нисбат ба ин масъала ҳатто аз раёсати рушди соҳаҳои иҷтимоии Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони донишгоҳ мактуби расмӣ омадааст ва таъмини хатмкардагони буҷавӣ бо ҷойи кор рад карда шудааст.
Боиси ташвиш аст, ки мавзӯи мазкур ба донишҷӯёни тариқи квотаи Президентӣ хатмкарда низ тааллуқ дорад. Давоми панҷ соли охир барои 54 нафар тариқи квота хатмкардагон мактуби раддияи як қатор ҳукумати ноҳияҳо ба донишгоҳ ворид шудааст, ки аз онҳо 18 мактуб ба соли 2018 рост меояд. Ҳ. Одиназода афзуд, қабули довталабон ба донишгоҳ яке аз қисмҳои муҳими фаъолияти донишгоҳ буда, ташкил ва бонизом гузаронидани он дар оянда омода намудани мутахассисони баландихтисоси техникии соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар мусоидат менамояд.
Дар назди донишгоҳ се Шӯрои диссертатсионӣ амал мекунад. Соли 2018 ду нафар олими ҷавони донишгоҳ барои корҳои илмии босамарашон сазовори Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ гардиданд.
Бино ба иттилои ректор, ҳоло дар НБО-и Роғун бештар аз панҷ ҳазор шогирди муассиса фаъолият доранд. Такмили ихтисоси устодон низ хуб ба роҳ монда шудааст.
Ҳотами Ҳомид,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр