Нашрияи Омӯзгор

Шоири соҳибҳунар ҳастӣ!

Сана: 2018-04-16        Дида шуд: 758        Шарҳ: 0

Таълими ҳама гуна фанро (чи фанҳои гуманитарӣ ва чи фанҳои дақиқ) бидуни истифода аз адабиёти бадеӣ, аз каломи мавзун тасаввур кардан имконнопазир аст. Як лутф, як байти баланд, як ҳикояти хурд, як ҳикмат ё мақол метавонад дарсро дучанд муассиру ҳадафгир ва хотирмон созад. Аз ин рӯ, аз адабиёти бадеӣ, аз адибону осори онон бохабар будани ҳар як омӯзгор манфиатбор хоҳад буд. Аз ҷумла, ба ифтихори солгарди зодрӯзи аҳли адаб дар мавридҳои мувофиқи дарсҳо ба шогирдон дар бораи соҳибҷашнҳои номвар маълумот додан муфид аст. Масалан, соли равон яке аз адибони маъруфи муосир, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Ҳақназар Ғоиб ба синни мубораки 75 расид. Ба ин муносибат шоиста аст, ки дар таълимгоҳҳо маҳфилу вохӯрӣ, конфронсу ҳамоишҳо баргузор ва лавҳаву гӯшаҳо таҳия карда шаванд. Устод Ҳақназар Ғоиб аз шоирони машҳуру номвари тоҷик буда, дар қатори қаламкашони пурмаҳсулу тозагӯи тоҷик қарор дорад. Фаъолияти ӯ доманадору пурбаракат аст ва дар жанрҳои гуногун асар эҷод мекунад. Боиси ифтихори мо, аҳли маориф, аст, ки устоди арҷманд фаъолияти меҳнатиашро аз омӯзгорӣ оғоз бинмудаву соле ба таълиму тарбияи насли наврас машғул шудааст. То имрӯз беш аз 35 китоби ин адиби писандида дастраси ҳаводорони каломи бадеъ гардидааст. Маҷмӯаҳои ашъори устод моломоли эҳсоси баланди миллӣ, рӯҳияи ватанпарварӣ ва ифтихор аз халқи азизи хеш мебошанд. Шоир бо тамоми ҳастиаш худро як ҷузъи Ватани азиз медонад ва бо камоли  ифтихор мегӯяд:

Як баргаки сабзам аз баҳори ту,

Ватан,

Аз домани сабзи сабзазори  ту,

Ватан.

Ёбанд маро чу дӯстдори ту,

Ватан,

Ҳақбачаи ҳақнигоҳдори ту,

Ватан.

Ватан барои шоир маҳбубу муқаддас, бузургтарин сарват, маънои ҳастӣ ва тоҷу тахту саодату бахт аст. Ӯ бо дили саршор аз муҳаббат ба Ватан муроҷиат мекунад:

Ватан, эй тахти шаъну тоҷи

заррини ватандорон,

Ватан, эй ному нанги давлати

Сомон!..

Ватан, эй охирин дороие чун об,

Ватан, эй охирин дороие чун

нон,

Ватан, эй охирин дороие чун

ҷон.

Муҳаққиқони адабиёти муосир ба эҷодиёти Ҳақназар Ғоиб баҳои баланд дода, таъкид кардаанд, ки ашъори ӯ пуробурангу дилчасп ва ҳунарпарварона буда, гоҳе ба сурудаҳои мардумӣ ҳамоҳангӣ пайдо мекунанд.

 

Зебунисо Бойкузиева,

омӯзгор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш