Нашрияи Омӯзгор

Оғози курси омӯзишӣ дар имд

Сана: 2019-02-05        Дида шуд: 751        Шарҳ: 0

Дар гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд бо ибтикори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси омӯзишии низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ барои таблиғгарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр баргузор гардид.

Сардори бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, номзади илмҳои педагогӣ Мирзо Аҳмадзода таъкид кард, ки имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ чорабинии муҳими соҳаи маорифи кишвар мебошад, ки таваҷҷуҳи тамоми қишрҳои ҷомеа дар тамоми марҳилаҳояш ба он нигаронида мешавад.

Сипас, мушовири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Наила Абдуллоева оид ба навгониҳои воридгардида дар низоми ИМД барои соли 2019 маълумот дод. Ҳамчунин, маводи ёрирасони иттилоотӣ ва омӯзишӣ, аз ҷумла, фитаҳои таблиғотӣ ба таблиғгарон тақдим карда шуд.

Дар амал татбиқ намудани низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди маорифи мамлакат, баланд бардоштани касбияти донишҷӯёну мутахассисон ва арзёбии дониши воқеии дастпарварони муассисаҳои таълимӣ нақши муҳим дорад. Дуруст ба роҳ мондани корҳои омодагӣ ба имтиҳонҳои марказонидани дохилшавӣ, хусусан, корҳои иттилоотию таблиғотӣ як омили комёбии довталабон дар имтиҳонҳои мазкур ба ҳисоб меравад.

Нуъмон РАҶАБЗОДА,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш