Омӯзгор бояд ҳамеша кӯшиш намояд, ки дарси ӯ боиси инкишофи ҳаматарафаи хонандагон гардад. Аз ин рӯ, бояд дарсро бо маводи гузашта ва таҷрибаи ҳаётии шогирдон вобаста намояд. Муҳим аст, ки дарс шавқовар, рангин ва гуногун бошад, зеро якрангӣ ба дили бача мезанад. Барои омӯхтани маводи нав мисолҳои зиёде оварда мешаванд. Хулосае, ки аз мисолҳо мебарояд, бояд ба ҳиссаҳои хурд ҷудо карда шавад.
Дарси мустаҳкамкунии дониш, малака ва маҳорат. Дар таълими забони модарӣ дарси мустаҳкам кардани дониш, малакаю маҳорати талабагон мавқеи муҳим ишғол мекунад. Дар ин намуди дарс кор асосан аз рӯйи машқҳои китоби дарсӣ гузаронда мешавад. Вале бо мақсади гуногунии лаҳзаҳои дарс ва шавқовар гузаштани он омӯзгор аз намудҳои корҳои интихобкардаи худ низ истифода мебарад. Дар дарси мустаҳкамкунӣ машқи иҷрои корҳои хаттӣ хеле муҳим аст.
Дарси такрор. Як қисми дарсҳои забони модарӣ ба такрори мавзӯъҳои гузашта бахшида мешавад. Мақсади ин гуна дарсҳо такрор ва ба тартиб даровардани мавзӯъҳои алоҳидаи грамматикию имло мебошад. Дарсҳои такрорӣ дар аввали соли таҳсил, охири нимсолаи якум, охири соли таҳсил, охири ҳар як боби мавзӯи калон гузаронда мешаванд.
Дарси санҷиши дониш. Дониши талабагон аз фанни забони модарӣ ҳам ба таври шифоҳӣ ва ҳам ба тарзи хаттӣ санҷида мешавад. Омӯзгор метавонад баъди омӯхтани ин ё он қоидаи грамматикӣ, имлоӣ ё мавзӯи калон дониши талабагонро бо роҳи гирифтани корҳои хаттӣ (имло, нақли хатттӣ, иншо) санҷад.
Дарси омехта. Дар таълими забони модарӣ сохти гуногуни дарс мавҷуд бошад ҳам, баъзан дар як дарс аз ҳамаи он намудҳои дар боло номбаршуда каму беш истифода мебарем, ки дар натиҷа дарс шакли омехтаро мегирад. Ба омӯзгор лозим аст, ки хусусиятҳои ҳар як дарсро донад. Ин имкон медиҳад, ки ӯ вобаста ба вазифаю мақсади дарс аз усулҳои гуногуни омӯзиш истифода барад ва равиши дарсро самаранок ташкил намояд.
Назира САЙФИДДИНОВА,
омӯзгори мактаби рақами 10,
шаҳри Душанбе
Иловакунӣ
Иловакунии фикр