Дар муассисаи таълимӣ ба тарбияи касбинтихобкунии хонандагон аз синфҳои поёнӣ эътибори ҷиддӣ додан муҳим мебошад.
Фаъолияти меҳнатии хонанда дар муҳити хонавода шакл гирифта, бо ҳидояту назорати волидон такомул ва сайқал меёбад. Дар мактаб бошад, роҳбари синф ин масъаларо ҷиддан пайгирӣ карда, дар машғулиятҳои тарбиявӣ ба шогирдон дар хусуси меҳнати самарабахш ва иҷрои амалҳои судманди ҷисмонӣ иттилоъ медиҳад. Ба хонандагон тавзеҳ бахшидани он маънӣ, ки маҳз меҳнати ҳалол инсонро саодатманду баобрӯ мегардонад, зарур мебошад. Ба иҷрои кору амале бо меҳру шавқи зиёд даст задан, онро сидқану покиза ва бо тартиби муайян ва дар сатҳу сифати баланд ба анҷом расондан ба инсон сарбаландӣ меорад. Тарбияи меҳнатии хонандагон бояд ҳамарӯза дар муассисаи таълимӣ роҳандозӣ гардад. Ба хонандагони синфҳои поёнӣ, фаҳмондан зарур аст, ки тозаю озода нигоҳ доштани синфашон худ як намуди меҳнат аст. Дар танаффус дар роҳрав ва саҳни таълимгоҳ коғазҳои нодаркор ва ашёи ифлосро дида, таъҷилан аз пайи поккорӣ намудани роҳраву синфхонаҳо шудани хонандагони синфи якум зинаҳои аввали ба меҳнат ҷалб кардани хонандагон маҳсуб меёбад.
Дар синфҳои дуюму сеюм аллакай онҳо ба корҳои нисбатан мураккабтар машғул мешаванд. Шинондани ни-ҳолҳои сояафкану боровар, сабзондани гулҳо, обёрӣ намудани қитъаи замини наздимактабӣ аз намудҳои ин гуна фаъолият ба шумор мераванд.
Интихоби касб аз ҷониби хонандагон дар мактаб муҳайё намудани шароит барои ошкор сохтани шахсияту фардияти онҳо ва дар ниҳодашон бедор намудани кӯшиши худинкишофдиҳию худтакмилдиҳиро тақозо мекунад. Интихоби касб аз хонандагон ҳисси масъулиятшиносӣ дар назди хонавода, рафиқон ва саъю кӯшиш баҳри афзун намудани ғановати маънавию ахлоқиро тақозо мекунад. Дар рӯҳияи масъулиятшиносӣ тарбия намудани хонандагон нисбат ба вазифаи супурдашуда нақши муҳим дорад, зеро масъулиятшиносӣ онҳоро ба ҳалолкорӣ ва поквиҷдонӣ ҳидоят мекунад.
Гулнора МУРОДОВА,
омӯзгор
Иловакунӣ
Иловакунии фикр