Инсон маҳз тавассути меҳнат ҳам ҷисману ҳам маънаван камол меёбад, шарафманду соҳибобрӯ мешавад. Ҳар шахс ба шарофати меҳнат ба қуллаҳои мурод мерасад, эҳтиёҷоти худро таъмин мекунад, ба ҷомеа нафърасон мешавад.
Аз ин ҷост, ки аҷдодони мо ва аҳли эҷод меҳнатро ситоиш кардаанду ҳамагонро ба меҳнатдӯстиву меҳнати ҳалол бинмудан даъват сохтаанд. Аз ин ҷиҳат қитъаи зерини Фирдавсӣ шоистаи пандпазирист:
Таносоию коҳилӣ дур кун,
Бикӯшу зи ранҷи танат сур кун,
Ки андар ҷаҳон суди беранҷ нест,
Касеро, ки коҳил бувад, ганҷ нест.
Ҳикматҳои машҳури халқии «Бе меҳнат роҳат нест», «Меҳнат шараф аст», «Меҳнат – калиди бахт», «Зери ранҷ ганҷ ниҳон аст» низ аҳамияти меҳнатро дар ҳаёти ҳар як инсон таъкид мекунанд.
Ду навъи меҳнат маълум аст: меҳнати ҷисмонӣ ва меҳнати фикрӣ. Ҳар ду ҳам муҳиму аҳамиятноканд. Дар тарбияи меҳнатӣ ба назар гирифтани ҳар ду навъи меҳнат зарур аст.
Оғозбахши тарбияи меҳнатӣ оила аст. Инро падару модар бояд дуруст дарк намоянду барои аз хурдӣ нисбат ба меҳнат эҳтиром пайдо кардани фарзандон ҷидду ҷаҳд бикунанд. Таъкид намоянд, ки танбалӣ аз меҳнатгурезӣ оғоз меёбад. Асоси ҳама хушбахтию комёбиҳо аз меҳнат аст. Тарбияи меҳнатӣ дар мактаб идома меёбад ва ҷанбаҳои қавӣ пайдо мекунад. Дар тамоми фанҳо ба ин ё он дараҷа тарбияи меҳнатӣ метавонад ҷой дошта бошад. Омӯзгорон дар лаҳзаҳои мувофиқи дарсҳояшон аз фанҳои гуногун хонандагонро ба меҳнатдӯстиву ҳалолкорӣ ва иродатмандӣ даъват менамоянд ва бо далелу ҳикоятҳо гуфтаашонро тақвият мебахшанд. Аҳамияти тарбияи меҳнатӣ ба дараҷаест, ки даҳсолаҳо боз дар мактабҳо фанне бо номи таълими меҳнат (технология, касбу ҳунар) аз синфҳои ибтидоӣ то зинаҳои болоии таҳсилот омӯхта мешавад.
Дар ин фан ба хонандагон меҳнатдӯстӣ тарғиб мегардад. Хонандагон бевосита ба меҳнати дастӣ машғул мешаванд, ҳунар меомӯзанд ва аз дастовардҳои худ, маҳсули меҳнаташон завқ мебаранд.
Интихоби дурусти касб аз ҷониби хонандагон аз ҳадафҳои асосии дарси таълими меҳнат мебошад.
Ба корҳои ҷамъиятӣ (албатта, бо риояи меъёр ва бо дарназардошти қудрату тавон ва имконоти хонандагон) ҷалб кардан аз воситаҳои муҳими тарбияи меҳнатист. Кори ҷамъбастӣ барои минбаъд бо аҳли ҷомеа иртиботи мустаҳкам пайдо кардани насли наврас нақши шоиста дорад. Ёрӣ ба куҳансолону бепарасторон, тоза кардани атрофи мактаб ва кӯчаҳои маҳалла барин машғулиятҳо тарбияи меҳнатии хонандагонро тақвият мебахшанд.
Вохӯрӣ бо меҳнаткашони шарафманду пешқадам, азёд кардани шеърҳо дар ситоиши меҳнат, саёҳат ба коргоҳҳо… аз ҷумлаи омилҳоеанд, ки дар тарбияи меҳнатии шогирдон аҳамияти барҷаста доранд.
Дилором
МУНАВВАРОВА,
омӯзгори синфҳои ибтидоӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр