Нашрияи Омӯзгор

Аҳамияти технологияи муосир

Сана: 2019-02-05        Дида шуд: 769        Шарҳ: 0

Навгониҳое, ки дар соҳаи маориф ба амал омада истодаанд, ба такмили малакаю маҳорат, эҷодкорӣ ва салоҳиятнокии омӯзгор равона гардидааст.

Истифодаи технологияи муосир ба муаллим имкон медиҳад, эҷодкорӣ ва қобилияти азхудкунии шогирдро баланд бардорад ва раванди дарсро фаъол гардонад.

Дарси муосир на танҳо аз рӯйи фаъолияти омӯзгор, шакли таълим, балки ба фаъолияти хонанда ҳамчун субъекти омӯзиш баҳо дода метавонад.  

Диққати махсус ба масъалаи ташкили муҳити дарс, ҳамчун муҳити ташаккули шахсияти хонанда дода мешавад. Семинарҳои илмӣ – омӯзишӣ, мизи мудаввар, дарс – ҳимояи корҳои илмӣ имкон медиҳад, шакли фаъолиятро гуногун намуда, шавқи хонандаро нисбат ба фан баланд бардорем. Ҷараёни дарсро бояд чунин ташкил намуд, ки дар ҳар дарс бояд хонанда барои худ ягон чизи нав кашф намояд, захираи луғавии худро бой созад, қобилияти фаъолияти мустақилонаро дар азхудкунии илмҳои гуногун пайдо намояд. Таҷриба нишон медиҳад, ки дар синф кӯдакони дорои қобилияти гуногун ҷамъ омадаанд ва   истифодаи технологияи муосир имкон медиҳад, ба онҳо мувофиқи қобилияташон супориш омода намоем ва муҳити таълимии хуб ташкил намоем. Мунтазам шоҳиди он мегардем, ки дар дарсҳои забонҳои русӣ ва англисӣ  кӯдакони қобилияташон суст ҳангоми иҷрои супориш дар дарс мунтазиранд, ки кай хонандагони фаъол супоришро иҷро мекунанд.  Дар ин ҳолат муҳим аст, ки ҳар хонанда аз таҷрибаю дониши ҳамдигар бархурдор шавад. Барои амалӣ сохтани ин мақсад ва фаъолгардонии хонандагон дар дарс мо аз чунин усулҳо истифода мебарем:

Усули сохтани калима ва ҷумла (калима, ҷумла аз рӯйи нақшаи додашуда), усули нақшофарӣ, усули кор бо луғат, маънидод намудани калима), усули мубоҳиса, саволгузорӣ  аз рӯйи матн (омӯзгор ё хонанда), ёфтани ҷавобҳо аз матн ба саволҳои додашуда, ҷобаҷогузории калимаҳо ё ҷумлаҳо мувофиқи мазмун, нақшасозӣ: кластер, ҷадвал, нақшаҳо.

Дар натиҷаи баёни фикру андешаҳои хонандагон  мулоҳизаҳои гуногун, ҷавобҳои дуруст ва нодуруст ба миён меоянд. Бояд гуфтаҳои шогирдонро ҷо ба ҷо гузошт, ҷавобҳоро таҳлил намуд, ки ин барои ёфтани роҳи азхудкунии давоми  мавзӯи дарс кумак мерасонад.

 

Маърифат ТОҲИРОВА,

омӯзгори гимназияи №2 барои

хонандагони болаёқати

шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш