Нашрияи Омӯзгор

Омӯзиши ултрасадо ва инфрасадо

Сана: 2019-02-05        Дида шуд: 781        Шарҳ: 0

Омӯзиши мавзӯи «Ултрасадо ва инфрасадо» аз фанни  физика дар синфи 9 ба сабаби мураккабии мавзӯъ ва дарку фаҳми мафҳумҳои физикӣ аз омӯзгор донишу ҷаҳонбинии васеъ ва истифода аз шеваҳои соддатари таълимиро тақозо мекунад. Бигирем, мавҷҳои инфрасадоро.

Мавҷҳои инфрасадо табиатан мавҷҳои муқаррарии садоиянд, аммо гӯшҳои одам онҳоро чун садо ҳис намекунанд. Суоле ба миён меояд, ки ултрасадоро чӣ тавр ҳосил мекунанд?

Ултрасадо дар техника, илм ва соҳаҳои дигар татбиқи васеъ дорад. Ултрасадоро бо ёрии генераторҳои пезоэлектрикӣ ҳосил мекунанд. Қисми асосии ин гуна генераторҳоро лавҳаи кристаллии кварсӣ ташкил менамояд ва он хосияти аҷиб дорад. Ҳангоми онро фишурдан дар рӯяҳои муқобили он зарядҳои электрикӣ ҳосил мешаванд. Ҳангоми ба тазийиқи (деформатсия) кашидашавӣ дучор кардани лавҳаи кварсӣ аломати заряддоршавӣ дар рӯяҳои он тағийир меёбад. Инро дар физика ҳодисаи пезоэлектрикӣ меноманд. Ҳодисаи  пезоэлектрикӣ баргарданда мебошад.

Агар лавҳаи кварсиро дар майдони электрикии тағйирёбанда ҷой диҳем, он гоҳ бо навбат рӯяҳои он гоҳ мусбат ва гоҳ манфӣ заряднок мегардад ва лавҳа гоҳ ба тазииқи фишурдашавӣ ва гоҳ ба тазйиқи кашидашавӣ дучор гардида, ба лаппиш медарояд. Дар ин вақт аз он дар муҳити иҳотакардашуда лаппишҳои ултрасадоӣ паҳн мегарданд. Дар замони ҳозира ултрасадои басомадаш то миллиард Ҳертс ҳосил карда мешавад. Барои ҳосил кардани ултрасадо аз титанати барий истифода бурдан мувофиқ аст. Ултрасадо бо ёрии генераторҳои магнитостриксионӣ низ ҳосил карда мешавад. Аз генераторҳои магнитостриксионӣ баҳри ҳосил кардани ултрасадоҳои пастбасомад ва аз генераторҳои пезоэлектрикӣ барои ҳосил кардани ултрасадоҳои баландбасомад истифода мебаранд. Ултрасадо дар моеъҳо ва ҷисмҳои сахт хомӯшшавии кам дорад ва дар ҳаво зуд хомӯш мешавад. Бо ёрии ултрасадо ҷойи киштиҳои зериобӣ, сангҳои зериобӣ, чуқурии баҳрҳо, тарҳи таги баҳрҳо ва ғайраҳоро муайян менамоянд. Аз ултрасадо барои санҷидани хусусиятҳои акустикӣ дар сохтмонҳо (толорҳои консертӣ ва лексионӣ) истифода мебаранд.

 

Б.АХМЕДОВ,

омӯзгори физикаи

мактаби №48, ноҳияи Рӯдакӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш