Нашрияи Омӯзгор

Нутқи шево гуворост

Сана: 2019-02-05        Дида шуд: 754        Шарҳ: 0

Яке  аз  мақсадҳои асосии  дарс  дар  синфҳои  ибтидоӣ  инкишоф  додани  нутқи хонандагон аст. Ман ҳамчун омӯзгор, дар татбиқи муносибати  босалоҳият ба таълим аз барои бедор намудани шавқу ҳаваси хонандагон ба дарс усулҳои гуногунро истифода менамоям. Дар муносибати босалоҳият ба  таълим хонандагон бештар мустақилона фаъолият менамоянд ва омӯзгор  ҳамчун  роҳбалад амал мекунад.   

Бинобар ҳамин, барои инкишофи нутқи хонанда аз рӯзи аввали ба мактаб  омадан таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудан зарур аст.

Марҳилаи таълими савод ва инкишофи нутқ асоси рушди  маърифатнокии хонандагон ба ҳисоб меравад. Маҳз дар ҳамин давра  хонандагон тавассути хондану навиштан қадамҳои аввалинро мегузоранд.

Марҳилаи таълими савод ва инкишофи нутқ ба се давра тақсим мешавад, ки онҳо маҳаки  асосии  таълиманд.

1) Давраи тоалифбо

2) Давраи алифбо

3)  Давраи  баъди  алифбо                                        

Дар ин марҳалаҳо мо метавонем ба равон шудани нутқи шифоҳии  хонандагон аз бозиҳои «Овозҳо саф кашед», »Ҳиҷоҳои зинда», «Рӯз ва шаб»,  «Ҷойи ман дар куҷо?», «Тақлиди овозҳо», «Калимаҳои зинда» ва ғайраҳо истифода намоем.

Ҳурматой Азимова,

омӯзгори синфҳои

 ибтидоии мактаби №48, ноҳияи  Шоҳмансур


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш