Нашрияи Омӯзгор

Мусоидат ба камолоти  шахсият

Сана: 2019-02-05        Дида шуд: 757        Шарҳ: 0

Тарбияи одами аз ҳар ҷиҳат фаъ-олу  рушдёфта ҳадафи  асосии тарбия  мебошад. Илми педагогика бо ин  мақсад омилҳои гуногунро муайян ва пешниҳод кардааст. Пеш аз ҳама, таъкид мешавад, ки инсон  як ҷузъи  ҷудонашавандаи  табиат аст ва чун табиат ҳамеша  дар нашъунумӯ ва ҳаракат аст.

Ҳар як  инсон, ҳамчунин,  узви ҷомеа мебошад ва берун аз ҷомеа шахсият буда наметавонад. Инсон дар ҷомеае, ки зиндагӣ дошта бошад, ин ба рафтор, ғоя, хулқу атвор ва тарафҳои  дигари шахсияташ бетаъсир намемонад. Барои тадриҷан ба дараҷаи шахсият расидани  одам (кӯдак) омилҳои муҳиме чун дорои сатҳи  муайяни  инкишофи  психикӣ будан ва мустақилона фаъолият  кардан  мусоидат  менамоянд. Маълум, ки  одам худ аз худ, ба таври  механикӣ  инкишоф  намеёбад, ба рушди ҷисмонию маънавӣ ӯ омилҳои  муайян таъсиргузор  мешаванд.

Олимон муқаррар  кардаанд, ки  яке аз омилҳои  асосии таъсирбахш ба инкишофи  инсон омилҳои  биологӣ мебошанд. Кайҳо собит шуда, ки ҳар одам аз кӯдакӣ  ба кор майл дар дил дорад. Ин ба ирсияти ӯ  алоқаманд аст. Муқаррар шудааст, ки дар шакли генҳо  баъзе хусусиёту омилҳои инсонӣ аз насл ба насл мегузаранд. Албатта, дар ҳаёти одам минбаъд ин хусусиёт  инкишоф меёбанд, мукаммал мешаванд. Ин ҷо нақши таълиму тарбия дар назар аст. Яъне, ирсият инкорнашаванда мебошад, вале таълиму тарбия дар ташаккулу рушди  шахсияти  инсон  бештар  таъсиргузоранд. Аз ин рӯ, фармудаест чунин:

Гуле, ки тарбият аз дасти боғбон

нагирифт,

Агар ба чашмаи хуршед сар кашад,

худрӯст.

Дар рушди кӯдак, ҳамчунин,  омилҳои  иҷтимоӣ  нақши  чашмрас доранд. Яъне, бидуни  таъсири  муҳит  инкишофи  кӯдакро  наметавон  тасаввур кард. Шароити табиӣ ва ҷамъиятӣ ба инсон таъсиргузор мешавад. Дар муносибат ба муҳити атроф кӯдак доираи  назар ва ақоидашро  вусъат мебахшад, ба андеша меравад, масъалаеро ҳаллу фасл менамояд, худро ба ин ё он  ҳолат  мувофиқ  мегардонад. Ду муҳит бештар дар кӯдак таъсир  мегузоранд: муҳити  хона ва беруна. Дар ин миёна мактаб бояд бештар  фаъол бошад ва кӯдакро аз ҳама  гуна таъсирпазирии  манфӣ ҳимоят  намояд. Дар муҳити шоиста ба камол расидан барои ҳар як инсон барору муваффақият аст.

Албатта, омили  муҳимтарин ва фаъол  дар инккишофу камолоти инсон тарбия  мебошад. Маҳз тарбия  инсони фаъоли ҷомеа, шахсияти ҳаматарафа комилро ба миён  меоварад. Тарбия ба психикаи одам, ақоиди ӯ, эҳсосоту рафтору гуфтораш,  ба мавқеаш дар ҷомеа таъсири файзбахш мерасонад. Дар тарбияи  насли наврас омӯзгор раҳнамо ва масъули  асосист. Олимони соҳаҳои педагогикаю психология боз чандин омили  дигари таъсиргузор дар  бавуҷудоии  шахсияти  инсонро  муқаррар кардаанд.

 

Зуҳро ДОДАРБЕКОВА,

омӯзгори  забони русӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш