Нашрияи Омӯзгор

Усули таълими имло

Сана: 2019-02-05        Дида шуд: 778        Шарҳ: 0

Имло аз рукнҳои асосии хат аст ва ҳамчун як соҳаи забоншиносӣ ҳодисаю падидаи махсуси иҷтимоӣ буда, барои кулли ҷомеа хизмат мекунад. Имлои имрӯзаи тоҷикӣ дар асоси хату алифбои кириллӣ таҳия шудааст.

Мафҳуми “имло” бо саводу саводнокӣ, ки яке аз маъноҳои машҳури он “хондан ва навишта тавонистан” аст, алоқаю робитаи ногусастанӣ дорад.

Босавод шахсест, ки беғалат мегӯяду менависад, саводнокӣ ба дониши грамматикӣ вобаста буда, дар ҷараёни таълими он тафаккури мантиқӣ ва маданияти нутқи хаттию шифоҳии хонандагон инкишоф меёбад. Танҳо дар асоси омӯхтани  хатоҳои имлоӣ ва ошкор намудани сабабҳои содиршавии он таълими имлоро ба роҳ мондан имконпазир аст. Бинобар ин, омӯзгорро лозим аст, ки маҳорати омӯзгории худро рӯз ба рӯз такмил диҳад, таълиму тарбия, омӯзишу дониши хонандагонро дар мадди аввал гузорад.

Барои омӯзгор фақат донистани фанни таълимии худ кам аст. Сифатҳои касбии муаллим дигаранд, ӯ бояд донад, ки чӣ тавр таълим диҳаду тарбия намояд, чӣ тавр мақсад ва вазифаҳои тарбияи ҳозиразамонро тез ва самаранок иҷро намояд. Барои пурмаҳсул  аз худ намудани донишҳо ба муаллимон хотираи хубу мустаҳкам, диққати устувор, зиракӣ ва тезфаҳмӣ лозиманд.

Аз мушоҳидаи омӯзгорон маълум мегардад, ки дар омӯзиши забон, ҳосил намудани малакаи озод баён намудани фикр ба тариқи хаттӣ ва шифоҳӣ, донистани матн ва тарзи сохтани он, муносибатҳои маъноию грамматикии ҷумлаҳо дар дохили матн, воситаҳои мухталифи ифодаи он муносибатҳо аҳамияти бузург доранд.

Гузаштагони мо низ нозукиҳои илми забони модарӣ, услубияти забонро аз матни ғазалиёти Ҳофиз, ашъори Мирзо Бедил ва дигар саромадони каломи бадеъ омӯхтаанл. Ин бесабаб нест, зеро тамоми нозукиҳои маънои калима ва унсурҳои грамматикии забон дар матн равшантар аён мегардад. Маънои луғавии вожаи “имло” навишта  пур кардан аст, маънои истилоҳи он қоидаҳои беғалат навиштани овозҳо ва калимаю таркибҳост.

Шогирдон бештар дар имлои овозҳои «ӣ» ва «ӯ» ғалат мекунанд. Мувофиқи «Қоидаи имлои забони тоҷикӣ», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2011, таҳти №456 тасдиқ шудааст, мавридҳои асосии истифодаи садоиоки «ӣ» чунии аст:

1. Дар охири решаи калима: ҳавлӣ, биҳӣ, қозӣ, қорӣ, кӣ, чӣ ва ғайра

2. Пасвандҳои - ӣ, - гӣ исмҳои маънии аломат, касбу ҳунар, амалу ҳолат месозанд: торикӣ, сурхӣ, тирагӣ, арзонӣ, бечорагӣ, раисӣ, деҳқонӣ, ҷавонӣ ва ғайра

3. Пасвандҳои - ӣ, - гӣ, - вӣ сифатҳои нисбӣ месозанд: гиёҳи кӯҳӣ, лолаи даштӣ, девори бетонӣ, вазифаи хонагӣ, чорабиниҳои тарбиявӣ ва ғайра.

4. Бандакҳои феълӣ ва хабарӣ: хонӣ, хонда бошӣ, хонда будӣ, хондагистӣ ва ғайра.

5. Сифатҳои феълии замони гузаш-та ва оянда: хондагӣ, мехондагӣ, хондаистодагӣ ва ғайра.

6. Талаботи забони тоҷикӣ тақозо менамояд, ки бандаки изофии “и” пас аз калимаҳое, ки бо садонок ба охир мерасанд, “йи” талаффуз карда шавал: чойи кабуд, сӯйи фардо, кӯйи ёр, рӯйи замин, мӯйи дароз ва ғайра.

7. Дар калимасозӣ пас аз пешвандҳои бе -, бо -, но - ҳарфи “и” ба танҳоӣ талаффуз карда мешавад: беибо, беинтиҳо, беихтиёр, боинтизом, ноилоҷ, ноинсоф ва ғайра

Мавридҳои истифодаи ҳарфи «ӯ» у - и дароз чунин аст:

1) дар байн ва анҷоми калима навишта мешавад: рӯз, гӯш, зӯр, дӯст, бӯ(й), рӯ(й), мӯ(й) ва ғайра:

2) ҳарфи “ӯ” маъмулан пеш аз ҳарфи “й” навишта мешавад:

3) ҳарфи «ӯ” дар оғози калима дар иқтибосҳои туркӣ навишта мешавад: ӯгай, ӯрда, ӯғур, ӯмоч ва ғайра.

Ривоят Арбобова,

омӯзгори мактаби №176,

ноҳияи Рӯдакӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш