Нашрияи Омӯзгор

Муҳаммад ал - Хуҷандӣ ва теоремаи синусҳо

Сана: 2019-02-05        Дида шуд: 752        Шарҳ: 0

Дар дарсҳои математика, дар машғулиятҳои берун азсинфӣ хонандагонро бо кашфиёту дастовардҳои ниёгони худ, ба хусус, дар илми риёзӣ шинос намудан лозим аст.

Ҳоло аз таълифоти илмии якчанд олими форсу тоҷик мисол меорем.

Умари Хайём (1048-1131) муаллифи асари  «Дар бораи исботи ал-ҷабр ва  ал - муқобила» мебошад. Ӯ дар ин асари худ ҳалли муодилаҳои алгебравии дараҷаи якум, дуюм ва сеюмро нишон додаст. Муҳаммад ал - Хоразмӣ бошад, дар нимаи аввали асри IX зиндагӣ кардааст. Ӯ асари «Ҳисоби ҳиндӣ»-ро навиштааст. Ин асар асоси паҳншавии системаи даҳии ҳисобкунӣ дар Шарқ ва Аврупо гардид. Ӯ алгеб-раро ҳамчун илми мустақил муайян намуд. Калимаи ҳозираи алгебра аз номи асари ӯ «ал-ҷабр» гирифта шудааст.  Абурайҳони Берунӣ (973-1048) дар асари худ «Китоб ал- Ҳинд» дар бораи ҳаракати имконпазири Замин дар атрофи Офтоб гипотеза пешниҳод намудааст. Насриддини Тӯсӣ (1201-1274) дар давоми 12 сол бо ёрии асбобҳои дақиқ ҷадвали астрономиро тартиб додаст.  Ӯ дар соҳаи тригонометрия низ кор карда, тригонометрияро ҳамчун илми мустақил ҷудо кардааст.

Ҷамшед ал-Кошӣ (соли вафоташ 1430)  математик ва астрономии бузург буд. Ӯ асарҳои «Ҷадвали астрономии Хуҷанд», «Тисоқ-ал- давоир» -ро навиштааст. Ӯ қимати адади π -ро бо 17 рақами даҳии ҳақиқӣ ҳисоб кардааст. Дар асари худ «Мифтоҳ-ул-ҳисоб» ӯ бори аввал касрҳои даҳӣ ва амалҳо бо онҳоро нишон додааст.

 Абӯалӣ Ҳусайн ибни Абдуллоҳ ибни Сино (номи лотиниаш Авитсена) – табиб, табиатшинос, математик, шоир. «Китоб уш- Шифо» ё «Донишнома»-ро навиштааст, ки қисми математикиаш ба геометрия ва астрономия бахшида шудааст.

 

Муборак НУРИДДИНОВА,

омӯзгори мактаби №29-и

шаҳри Душанбе

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш