Нашрияи Омӯзгор

Ашъори рангину ширин

Сана: 2018-04-16        Дида шуд: 756        Шарҳ: 0

Адабиёти бачагонаи тоҷик дар солҳои истиқлолияти ҷумҳурӣ бештар рушд ёфтаву мазмуну мундариҷаи ғанӣ пайдо кардааст. Дар ин адабиёт дар замони мо тарғиби ифтихор аз Ватан ва ватандӯстӣ, ситоиши муқаддасоти миллӣ ва тавсифи моҳияти истиқлолият бартарӣ пайдо бинмудааст. Яке аз намояндагони муваффақи адабиёти бачагонаи имрӯзини тоҷик Ҷӯра Ҳошимӣ мебошад. Ӯ маҳз барои хидмати шоистааш дар равнақи адабиёти бачагона ва барои маҷмӯаи шеърҳои бачагонааш бо номи «Бачаҳову кӯчаҳо» барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ шудааст.

Ҷӯра Ҳошимӣ ҷаҳони зоҳириву ботинии хурдтараконро хуб омӯхтаасту медонад. «Забон»-и кӯдаконро низ хеле амиқ омӯхтааст. Аз ин ҷост, ки шеърҳояш ба хонандагони хурдсол писанданд. Навиштаҳои шоир рангину ширин, ҷозибадор ва лутфомезанд.  Ҷӯра Ҳошимиро, барҳақ, алоқамандони адабиёт «Ҷӯраи бачаҳо» мегӯянд. Шоир бо ҷӯраҳояш, дар ҳақиқат, забон ёфтааст, аз орзуву омол, рӯҳия, арзу ниёзи онҳо огоҳии комил дорад. Шеъри бачагонаи ӯ шеъри расост. Шоир аз забони кӯдакони ватандӯсту масрур менависад:

Аз хандаи рухсорат

Гулханда ба рухсор аст.

Аз меҳри шарарборат

Моро дили саршор аст.

Эй кишвари тоҷикон,

Ту модари дилбандӣ.

Чун ҷону ҷигар бо ҳам

Моро ту бипайвандӣ.

Шеъри «Чумчуқ чӣ мегӯяд»-и Ҷӯра Ҳошимӣ, ки ҳамагӣ аз чор мисраъ иборат аст, байни хурдтаракон машҳур мебошад:

Чумчуқ «чӣ-чӣ» мегӯяд,

Медонӣ, чӣ мегӯяд?

- Дар мактаби чумчуқҳо

Ман аълочӣ! – мегӯяд.

Ҷӯра Ҳошимӣ барои бачаҳо китобҳои зиёдеро навиштааст, ки номгӯи чанде аз онҳо чунин аст: «Соябони садранга», «Офтобак», «Нинӣ бапо шуд», «Аз як-як то лак-лак», «Кулча чаро ширин аст?», «Чаро шамолак вазид?», «Мусиқии хомӯшӣ»…  Як силсила шеърҳои хуби ин шоири тавоно ба китоби дарсӣ ворид шудаанд. Имсол адиби хушсалиқаи адабиёти бачагонаи тоҷик Ҷӯра Ҳошимӣ 70-сола шуд. Мо аҳли таълиму тарбия, устоди арҷмандро ба ин муносибат самимона табрик мегӯем.

Муҳаррам ҳомидова,

омӯзгори забон ва

адабиёти тоҷик


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш