Мақолаи омӯзгори муҳтарам Д. Нуриддинова «Волидайн ё волидон?» («Омӯзгор», №48, с. 2018)-ро хонда хурсанд шудем.
Зеро он аз ҷӯяндагии муаллиф дарак медиҳад. Воқеан, барои пайдо кардани маънии дурусти як калима ин қадар маъхазро кофтан меҳнат, таҳаммул ва сабру тоқати зиёд металабад. Ҳар як муаллими мактаби миёна ҳамин тавр кунҷкову ҷӯянда бошад, бешубҳа, шогирдонаш аз ӯ чизҳои бисёре омӯхта метавонанд.
Вале рӯйрост бояд гуфт, ки ба хулосаи муаллиф дар хусуси ғалат будани истифодаи калимаи «волидон» розӣ шудан душвор аст. Чаро? Бо ду далел. Дар забони адабии ҳозираи тоҷикӣ на категорияи ҷинсият ҳасту на ҷамъи дугона. Шакли «занона»-и баъзе исмҳо аслан ё иқтибосианд ё бо таъсири забонҳои арабӣ ва русӣ ба забони мо ворид шудаанд. Аз қабили калимаҳои бофтаю сохтаю нозеби Дилшода, Гулноза, Мавсима, Мижгона, Шаҳноза, шоира, раиса ва амсоли инҳо. Калимаи «волида» ҳам аз ҳамин ҷумла аст. Чун дар забони тоҷикӣ ҷинси занона нест, агар калимаҳои «волид» ва «волида»-ро тарҷума кунем, ҳар ду мешаванд: таваллудкарда, офарида, зоида, зода. Насабро расман ба номи падар нисбат медиҳанд (чун Ализода, Вализода). Вале калимаи «зода» ҳам ба падар ва ҳам ба модар алоқа дорад. Масалан, мегӯянд: «зода (зоида)-ашро Худо раҳмат кунад», ё «аҳсан ба зоидаву тарбияткардааш». Чунин таҳсину таҳният ҳам ба падар, ҳам ба модар дахл дорад. Калимаи «зода»-ро ба шумораи ҷамъ баргардонем, «зодагон» (зоидагон) мешавад, ки ҳам ба падар ва ҳам ба модар тааллуқ дорад. Айнан ҳамин тавр калимаи «волид»-ро бо пасванди тоҷикӣ ба шакли ҷамъ баргардонем, «волидон» мешавад.
Шакли ҷамъи дугона дар забони мо ҳеҷ гоҳ вуҷуд надошту надорад. Мо ҳамагӣ чанд калимаи иқтибосии арабиро дар шакли аслиашон (ҷамъи дугонаи арабӣ) истифода мебарем, ки теъдодашон дар забонамон чандон зиёд нест. Аз қабили зуллисонайн, зулқофиятайн, волидайн ва амсоли инҳо. Бояд гуфт, ки дар забони мо бо пасвандҳои ҷамъбандии арабӣ ҷамъ сохтани исмҳои тоҷикӣ (боғот, деҳот) ва бо пасвандҳои ҷамъбандии тоҷикӣ ба шакли ҷамъ даровардани исмҳои танҳои арабӣ (толибон, волидон) як ҳодисаи муқаррарӣ гардидааст. Модом ки дар забони тоҷикӣ ҷамъи дугона мавҷуд нест, мо исмҳои танҳои арабиро бо ҳамон як тарзи маъмулӣ (бо пасвандҳои ҷамъбандии тоҷикӣ) ба шакли ҷамъ бармегардонем. Дар ин сурат «волид» ба «волидон» табдил меёбад.
Хушбахтона, истифодаи ҷамъи дугона ва шакли занонаи исмҳо ҳамчун унсури бегона дар забони мо торафт маҳдуд шуда истодааст. Чунончи, «зуллисонайн»-ро мегӯянд: «дузабона», «волидайн»-ро менависанд: «волидон». Ва бисёр ному вазифаю унвонҳои «занона»-ро дар шакли маъмулӣ кор мефармоянд. Масалан, раиси ноҳия Шодиева, Шоири халқии Тоҷикистон Ҳодиева ва ғайра.
Аз ин рӯ, Ҳасан Амид дар «Фарҳанги форсии Амид», ки яке аз фарҳангҳои муътамад ба шумор меравад, беҳуда калимаи «волидон»-ро чун муродифи «волидайн» наовардааст ва мураттибони «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» низ беасос ба ӯ пайравӣ накардаанд.
Ба андешаи мо, ба ҷойи «волидайн» истифода бурдани вожаи «волидон» ҳеҷ бадӣ надорад ва маънои онро пурра ифода карда метавонад.
Вале гоҳо, баръакс ба ҷои «волидон» (ҳамаи падару модарон) калимаи «волидайн» -ро истифода мебаранд, ки қобили қабул нест. Масалан, мегӯянд: «Волидайни хонандагон (дар назаранд ҳамаи падарону модарони кулли хонандагон) бояд ба мактаб алоқаи наздик дошта бошанд». Чунин ғалатҳо, албатта, аз надонистани шакли ҷамъи дугонаи арабӣ сар мезананд.
Хулоса, «волидайн» чун ҷамъи дугонаи арабӣ маънои маҳдудтар (падару модари як кас ё чанд ҳамшира)-ро дорад. «Волидон» бошад, чун шакли исми ҷамъи тоҷикӣ мазмуни васеътар дошта, ҳам падар ва модари як кас ё якчанд ҳамшира, ҳам падарону модарони бисёриҳоро ифода мекунад.
Эҳсон Субҳон,
нависанда
Иловакунӣ
Иловакунии фикр