Нашрияи Омӯзгор

Ганҷ магир, китоб гир!

Сана: 2019-02-05        Дида шуд: 768        Шарҳ: 0

Агар китобе ҳам хонанд, ҳеҷ дар хотираи худ мазмуни онро нигоҳ дошта наметавонанд, ё намедонанд, ки ин асари кадом шоир ё нависанда аст. Саволе ба миён меояд, ки дар ин масъала кӣ гунаҳкор аст? Бисёриҳо омӯзгоронро гунаҳгор мекунанд, баъзеҳо падару модаронро. Ба фикри ман, касеро гунаҳгор кардан даркор нест, аммо лозим аст, ки нисбат ба ин масъала бепарво набошем. Бояд мо - омӯзгорон, падару модарон дар дили хонандагон шавқу ҳаваси мутолиаи асарҳои бадеиро бедор намоем. 

Баъзан худ ба худ савол медиҳем, ки чаро хонандаи имрӯза аз хонандаи пешина фарқ мекунад? Ҷавоби ин савол хеле осону саҳеҳ аст: хонандаи имрӯз каммутолиа аст.

Ман, ки омӯзгорам, дар рафти таълим аз китобҳои хондаам ба хонандагон мисолҳои зиёд меорам ва хонандагонро талқин менамоям, ки онҳо низ бештар китоб хонанд, чунки дар ҳар давру замон дӯсти вафодори инсон китоб аст. Чӣ хеле ки гузаштагонамон гуфтаанд: «Як китоби нағз аз як хазинаи бузург беҳтар», ё «Ганҷ магир, китоб гир». Ин ду ҳикмати халқӣ маъноҳои бузург доранд, яъне, инсон обрӯю эътибор ва дороиро танҳо ба воситаи китоб ёфта метавонад. Шахси донишманд дар ягон ҷо хор намешавад, чунки танҳо донишаш ӯро ба қуллаҳои баланд мерасонад.

Ҳамчунин, ба бачаҳо мегӯям, ки дар гузашта бузургони мо вақти худро ба омӯзиши илмҳои гуногун сарф мекарданд. Масалан, Умари Хайём танҳо шоир набуд, аз илмҳои ҳандаса, нуҷум, фалсафа ва мантиқ бохабар буд. Бо заҳмату дониши худ соҳиби як расадхонаи боҳашамат мегардад, ки он бо номи «Хонаи ситорагон» машҳур буда, дар канори рӯди Нишопур ҷой гирифтааст.

Дар бораи зиндагиномаи Умари Хайём яке аз нависандагони бузурги англис Ҳорвалд Лумб дар романи худ «Умари Хайём» маълумот додааст, ки хеле ҷолибу хонданӣ мебошад. Тибқи нишондоди ин нависанда дар он замона аз бар кардани донишу илм бениҳоят кори мушкил буд, вале Умари Хайём ба он муваффақ шудааст. Имрӯз барои илмомӯзии насли наврас тамоми шароитҳо муҳайёст. Ҳар як муассисаи таълимӣ китобхона дорад, ки дар он асарҳои бадеию илмии зиёд мавҷуданд ва хонандагон метавонанд аз ин китобхонаҳо бемалол истифода баранд. Донишманди тоҷик Носирҷон Маъсумӣ гуфтааст: «Ҳар кас, ки ба китобхона бештар ояд, ҳамон қадар умраш дарозу рӯзаш равшан мешавад».

Гулсифат ЮНУСОВА,

омӯзгори мактаби №35-и

шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш