Нашрияи Омӯзгор

Маҳфилҳо оғоз шуданд

Сана: 2019-02-05        Дида шуд: 751        Шарҳ: 0

Аз 23 январ то 23 феврал ҳамасола дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии мамлакат маҳвораи маҳфилҳои гуногуни маърифатӣ ва бозиҳои варзишию ҳарбӣ баргузор мегардад. Ба ин хотир дар толори Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи ҷумҳурӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ширкати хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии шаҳри Хоруғ бозиҳои варзишию ҳарбӣ баргузор гардиданд.

Муовини раиси ташкилоти мазкур Исматулло Назиров изҳор намуд, ки мақсади ин чорабиниҳо дар рӯҳияи Ватану ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ тарбия намудани наврасон ва баланд намудани дониши назариявию амалии онҳо роҷеъ ба масъалаҳои низомӣ мебошад. Ғолибони мусобиқа дар арафаи Рӯзи артиши миллӣ бо ифтихорномаи ташкилот ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ мешаванд.

Ҷ. Қозибеков,

 «Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш