Бунёди НБО-и Роғун орзую омоли халқи тамаддунофари тоҷик буд ва ин орзу, ки ба кӯҳи фатҳнопазир шабоҳат дошт, ҷомаи амал пӯшид.
Роғун имрӯз ба як иттиҳоду иттифоқ ва сарҷамъии мардум табдил ёфта, дар амалӣ намудани як қатор ормонҳои миллат ва ҳамчунин, амалӣ шудани нақшаҳои наҷиб саҳмгузор шудааст.
Акнун саросари осори шоирону нависандагони моро васфи Роғун фаро гирифтааст. Ва месазад, ки чунин бошад.
Роғун, ба Бадахшону Вахон ҳамсолӣ,
Бо мурғи Ҳумо ту ҳамдаму ҳамболӣ
Бо умри куҳан завқи ҷавонӣ дорӣ,
Як шаҳбачаи замони истиқлолӣ
Воқеан, Роғун арсаи мардонагӣ, самараи ваҳдати миллӣ, ифтихору нанги ватандорӣ ва ормони миллат аст. Бунёди Неругоҳи барқи обии Роғун бори дигар созандагиву эъморгарии миллати тоҷикро дар ҷаҳон овозадор сохт. Чи тавре Пешвои миллат иброз доштаанд: “Роғун ин на танҳо манбаи гармию рушноӣ, балки омили муҳими ба кор андохтани садҳо корхонаи саноатии замонавӣ, иншооти иҷтимоӣ, марказҳои илмию тадқиқотӣ, муҳайё сохтани ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ, ғанӣ гардонидани буҷети кишвар ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад.
Бунёди ин иншооти бузурги аср, ки ҷабҳаи созандагии мардуми фидокору сарбаланди мо эълон шудааст, дар ташаккули фарҳанги техникии ҷомеа нақши муосир мегузорад”.
Дар солномаи кишварамон дар баробари дигар рӯзҳои таърихӣ 16-уми ноябр низ чун дурахшонтарин рӯз муаррифӣ шудааст.
Эй дидаи интизори даврон, Роғун,
Ҷон дар бадани ниёзмандон, Роғун
Борони сахо аз абри раҳмат бошад,
Эй мазраи сабзи Тоҷикистон, Роғун.
Бо бунёди НБО-и Роғун густариши муносибатҳои энергетикии байнидавлатӣ боз ҳам бештар мегардад ва эътибори кишвари азизамон дар байни кишварҳои ҳамсоя ва дар сатҳи байналмилалӣ баландтар мешавад.
Инак дар зери кӯҳи азими Роғун чарха мечархад ва нур тавлид мешавад. Нур бо дастони мардони нурофар. Нуре, ки тавлиди онро на танҳо дар кишвари мо, балки дар кишварҳои ҳамсоя низ интизор буданд. Зеро ин нур барои ҳамсоякишварҳои мо низ равшанӣ эҳдо мекунад. Зиҳӣ, нури равшанзои Роғун!
Моҳимнисо АРАБШОЕВА,
омӯзгори мактаби №50-и
ноҳияи Сино
Иловакунӣ
Иловакунии фикр