Нашрияи Омӯзгор

Ҷавонон - неруи ваҳдатсоз

Сана: 2019-02-05        Дида шуд: 749        Шарҳ: 0

Иқтидор ва нерумандии ҷавонон омили асосие мебошад, ки ташаккул ва такомули ояндаи фарҳанги миллӣ, ормони миллӣ, иқтисоди миллӣ ва ҳар навъ барномаҳои дигари миллиро боло хоҳанд бурд. Яъне, имрӯз ҳисси баланди миллӣ ва хештаншиносии ҷавонон зери осмони  софи  беғубори Ваҳдати миллӣ ба он ҳадде расидааст, ки ҳеҷ қуввае наметавонад ба он халал созад. Боиси ифтихор аст, ки  Пешвои миллат дар ҳама суханрониҳои  худ ба ояндасозу парчамбардори  миллат будани ҷавонон таъкид намуда, таваҷҷуҳи  тамоми  сохторҳоро дар робита  ба тарбия ва дастгирии ин қишри  ҷомеа таъкид менамоянд. Аз ҷумла, дар Паёми навбатӣ таъкид намуданд, ки: «Аксарияти  аҳолии  Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи  кору фаъолияти  насли  калонсол, неруи  созанда ва иқтидори  воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд».

Муҳаббат РАҲМАТОВА,

мураббии кӯдакистони №3-и шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш