Халқи тоҷик тавассути ҷашнҳо ва оину суннатҳои бостониву пурғановаташ дар инкишофи тамаддуни ҷаҳонӣ нақши барҷаставу мондагор гузоштааст. Чунончи, ҷашни Наврӯзи тоҷикон бо шукӯҳу бо муҳтавои густурда, бо таркиби рангину дилнишин ва бо аҳдофи хайрхоҳонаву бунёдкоронааш ҷаҳониёнро тасхир кардаву имрӯз ба шарофати истиқлолият мақоми байналмилалӣ дарёфтааст.
Ҷашни Сада низ аз анъанаҳои дерини халқи мо буда, дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон умри дубора дарёфт,эҳё гашт. Он тибқи солшумории мелодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози санаи 31-уми моҳи январ рост меояд. Чун аз ин рӯз то фарорасии Наврӯз панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз боқӣ мемонад, онро Сада (аз адади сад) номидаанд.
Чун дар ситоиши Наврӯз дар васфи Сада низ шоирони мо (ҳам дар адабиёти классикӣ ва ҳам дар адабиёти муосир) шеърҳои фаровони пурмазмун ва нишотбор гуфтаанд.Тавсифу ситоиши ҷашни Сада дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ мавқеи сазовор дорад. Шоир мегӯяд, ки ҷашни Сада бо кашфи оташ, ки рамзи нуру рӯшноист, пайвандӣ дорад. Ҳушанги пешдодӣ – қаҳрамони «Шоҳнома», чун бо ҳодисае оташро пайдо мекунад, ин комёбиашро бо шодию сурур тантана менамояд ва онро Сада ном мениҳад:
Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳрёр!
Минбаъд ситоишномаи ҷашни Садаро идома бахшиданд. Манучеҳрии Домғонӣ навиштааст:
Омад,эй сайиди аҳрор, шаби ҷашни Сада,
Шаби ҷашни Садаро ҳурмати бисёр бувад.
Фаррухии Сиистонӣ чунин тараннум карда:
Сада омад, ки туро мужда диҳад аз Наврӯз,
Мужда бипазиру бидеҳ хилъату кораш ба тироз.
Дар эҷодиёти аксар адибони классики тоҷик ба қитъае, байте, ишорае оид ба ҷашни Сада дучор меоем, ки ин аз маъруфияти ҷашни мазкур дар давраҳои гуногуни таърихи халқамон гувоҳӣ медиҳад.
Шоирони муосири тоҷик низ ситоишномаи Садаро идома бахшидаанд. Махсусан, дар даврони истиқлолияти мамлакат, бо боло рафтани ҳисси хештаншиносию ифтихори миллии ҳамагон ситоиши ҷашни Сада вусъат ёфт. Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар бо номи «Ҷашни Сада» қитъае самимӣ иншо бинмудааст:
Сада сад раҳ кушояд сӯйи Наврӯз,
Ба рӯйи мо намояд рӯйи Наврӯз.
Сано гӯям ба ин ҷашни ниёгон,
Ки дар сармо расонад бӯйи Наврӯз!
Як шеъри хеле пурмазмуни шоири номвар Муҳаммад Ғоиб «Оташи Сада» ном гирифтааст, ки ин қитъа аз он аст:
Ин оташ аз худафрӯзӣ нишон аст,
Шавад бадхоҳ аз будаш нафастанг.
Зи шамси сулҳҷӯён нур дорад,
Ба рағми оташи пурлахчаи ҷанг.
Истифодаи ашъори шоирони тоҷик дар васфи ҷашни Сада ҳангоми дарсҳо, маҳфилу тантанаҳо, дарсҳои тарбиявӣ хеле судманд буда, пеш аз ҳама, ба болоравии ҳисси ифтихори миллӣ ва худшиносии хонандагон мусоидат мекунад.
Ниёзбибӣ Раҷабова,
омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики литсейи «Раҳнамо»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр