Нашрияи Омӯзгор

Зинаи аввали ватандӯстӣ

Сана: 2019-02-05        Дида шуд: 751        Шарҳ: 0

Дӯст доштани Ватан, арҷ гузоштан ба арзишҳо ва эҳтироми муқаддасоти он барои ҳар шаҳрванди кишвар ҳам қарз асту ҳам фарз.

Ҳар фарди кишвар бояд огоҳ бошад, ки бузургони илму адаби мо аз қарнҳои гузашта то кунун бонги изтироб мезананд ва ба гӯши мо пайваста мерасонанд, ки аз таърихи миллату сарзамин, расму русум ва дину оини худ мудом воқиф бошем. Нукта ба нукта, сатр ба сатр таърихи хешро донему аз куҷо сарчашма гирифтани ватандорию меҳанпарастии аҷдодонро барои худ шиори ҳамешагӣ ва талқини зиндагӣ намоем. Мо бо омӯзиши таърихи гузаштаи худ аз аслу насаб ва маърифати бумиву зотиии худ огоҳӣ пайдо мекунем. Агар таърихи гузаштаи худро фаро нагирем, табиист, ки аз роҳи тайкарда, дастовардҳои сиёсиву фарҳангӣ ва бурду бохти гузаштаамон ноогоҳ монда, ҳамчун фарди бепарво ва бемасъулият, умр ба сар мебарем. Воқиф набудан аз гузаштаи хеш ба мо собит шудааст, ки қисме аз давлату миллатҳо пора-пора шуда, аз забон, расму оин ва анъаноти хеш маҳрум гардида, рӯ ба нестӣ ниҳоданд.

Замон замони муборизаҳост. Манфиатхоҳии абарқудратҳост. Ва дар ин моваро истодану мубориза бурдан ва шикаст нахӯрдану пирӯз шудан аз нишонаҳои худшиносии миллист. Президенти маҳбубамон мунтазам моро аз натиҷаву хулосаҳои воқеаву ҳодисоти имрӯза ҳушдор медиҳаду ба мо роҳу василаи раҳоӣ аз онро пешниҳод мекунад. Бо вуҷуди он ки миллати тоҷик дар умум як миллати таърихан сулҳдӯст, фарҳангпарвар, офарандаи ганҷинаҳои тамаддуни башарӣ, созандаву бунёдкор мебошад, аммо ҳодисаву воқеаҳои замон аз мо талаб мекунанд, худшиносиамонро ҳарчи бештар равнақ диҳему дар ҳифзи марзу бум ва фарҳанги хеш пайваста дар талош бошем.

Аз таърихи ҳар қавму халқият ва миллатҳо бармеояд, дар ҳар куҷое, ки иқомат ихтиёр намудаанд, дар ҳамзистӣ расму одат ва анъанаҳои хосеро эҷод кардаанд, ки мутааллиқ ба худи онҳост ва маҳз бо истифодаву риоя ва нигоҳдошти он расму оинҳо хешро ба ҳайси халқу миллати мустақил муаррифӣ намудаанд. Аз ҷониби дигар, қавму миллатҳои мухталиф онҳоро бо расму оинашон шинохта ва эътироф намудаанд. Дар ин раванд бисёре аз қавму миллатҳо ба шикасти фарҳангӣ дучор шуда, дар тазоду задухӯрдҳо расму оин ва тамаддуни худро аз даст доданд. Нигоҳ доштани арзишҳои фарҳангӣ дар масири таърих, ки пур аз тазод аст, кори саҳлу сода нест. Тоб наовардан, таслим ва мутеи абарқудрату тамаддунҳои пурқувват шудани миллатҳои камқувват ва тамаддунҳои заиф далели гуфтаҳост.

Аюб МАВЛОНОВ,

омӯзгори мактаби №37-и ноҳияи Ш.Шоҳин


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш