Нашрияи Омӯзгор

Ба ҳадафҳои неку созанда мерасем

Сана: 2019-02-05        Дида шуд: 759        Шарҳ: 0

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 26 декабри соли 2018 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакатро муайян намуд. Дар он вазифаҳо, ташаббусҳо, иқдомҳо, роҳнамоиҳо, уҳдадориҳо ва дигар масъалаҳои  ҷаҳони муосир ба таври мукаммалу возеҳ инъикос шуданд.

Аз ҷумла, ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаллу фасли масъалаҳои глобалии об, таъминот бо оби ошомиданӣ, захираҳои об ва махсусан, ташаббуси чоруми дар бораи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ва ба кор оғоз кардани агрегати якуми НБО-и Роғун, ки воқеаҳои муҳими таърихӣ буданд, яке аз дастовардҳои назарраси соли гузашта унвон гардиданд. Зеро истеҳсоли барзиёди қувваи барқ барои сохтани иншооти хурду калони саноатӣ, пайдо шудани ҷойҳои зиёди корӣ ва некуаҳволии мардум мусоидат хоҳад намуд.

Ҳамчунин, гуфта шуд, ки ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати мамлакат саноатикунонии босуръат мебошад. Ин пешниҳоди Сарвари давлат айни муддаост. Зеро мо аллакай ба ду ҳадафи стратегӣ: истиқлолияти энергетикӣ ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ расидаем. Дар ҳолати саноатикунонӣ якбора ба ду ҳадаф мерасем: ҳам амнияти озуқаворӣ таъмин мегардад ва ҳам кишварамон метавонад ба яке аз кишварҳои пешрафта табдил ёбад.

Эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баёнгари он аст, ки Пешвои миллат дар баробари сиёсатмадори ҷаҳонӣ будан, бешубҳа, ҳамеша ғамхору дилсӯзи халқу миллати хеш буд, ҳаст ва хоҳад монд. Барои сокинони деҳот низ қасри фарҳанг, китобхона, ҳаммом, майдонҳои варзишӣ, мактабҳои замонавӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, хона-истироҳатгоҳ, бозор, ошхона, меҳмонхона, нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ, сартарошхона, толорҳои зебоӣ, марказҳои савдо ва дигар иншооти ҳаётан муҳим хеле заруранд. Агар дар ҳар як деҳа чунин шароит муҳайё гардад, мардум бо харҷи зиёд ба маркази шаҳру ноҳияҳо намераванд ва бисёр мушкилоти маънавӣ ва иқтисодии рӯзгорашонро дар ҳудуди маҳаллаҳои худ ҳал менамоянд.

Бояд гуфт, ки ба кишвари азизамон-Тоҷикистон ҳар сол беш аз 500 ҳазор сайёҳи хориҷӣ сафар мекунад. Агар ҳар як сайёҳ зимни саёҳаташ ба гӯшаю канори мамлакат ба ҳисоби миёна 700 доллар сарф кунад, дар як сол ба 3,5 миллиард доллари амрикоӣ баробар хоҳад шуд. Агар шумораи сайёҳони хориҷӣ дар як сол ба 1-2 миллион нафар расад, тӯли як сол мо аз ин соҳа аз 7 то 14 миллиард доллар фоида ба даст меорем. Аммо барои расидан ба ин натиҷаҳо танҳо зебоии табиату кишвари афсонавии мо кофӣ нест. Бояд ҳар як сокини кишвар маърифати сайёҳӣ ва экологии хешро сайқал дода, дар рушди ҳунару ҳунармандӣ ва риоя намудани қонунҳои экологӣ ва ҳифзи табиату муҳити зисти хеш пешсаф бошад.

Ҳар сол донишҷӯёни зиёде муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳуриро хатм мекунанд, вале як қисми онҳо оид ба тахассусҳои худашон ҷойи кор пайдо карда наметавонанд. Бинобар ин, Пешвои миллат зимни ироаи Паёми хеш масъулони вазорату идораҳоро ҷиҳати таъсиси ҷойҳои корӣ вазифадор намуданд. Президенти кишвар аз он изҳори ташвиш намуданд, ки дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад: норасоии мутахассисони соҳибкасби омӯзгорӣ ва паст будани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таълимии кишвар.

Сарвари давлат инчунин, аз мушкилоти глобалии терроризм ва экстремизм, шиддати хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ гуфта, афзуданд, ки муборизаи дастаҷамъона ба муқобили терроризм, экстремизм ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ин гурӯҳҳо кафолати сулҳу амнияти кишвари азизамон мебошад.

Ҳамин тавр, дар Паёми навбатӣ даҳҳо проблемаю мушкилот ва дастовардҳои мамлакат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд ва ин нуктаҳо мо-сокинони кишварро вазифадор мекунад, ки дар иҷрои ин ҳидоятҳои созандаю пешбарандаи Пешвои муаззами миллатамон поквиҷдонона ва садоқатмандона камари ҳиммат бандем ва ҷашни бузурги 30-солагии Истиқлолияти давлатиамонро бо дастовардҳои арзанда пешвоз бигирем.

Асомуддин Азизов,

сардори Маркази

таълимӣ-тренингии

мероси таъриху фарҳанги ориёӣ ва кор бо нашрияҳои даврии Донишгоҳи

давлатии Данғара


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш