24 январи соли равон дар мактаби Президентии шаҳри Хоруғ ҷаласаи сайёри мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он муовини якуми вазири маориф ва илми кишвар Раҳматулло Мирбобоев, муовинони вазир Сайфиддин Давлатзода, Фатҳиддин Усмонзода, Латофат Назирӣ ва роҳбарони зерсохторҳои вазорат иштирок доштанд.
Дар оғоз Р. Мирбобоев иброз дошт, ки баҳри рушди соҳаи маориф аз ҷониби Ҳукумат ва давлат тадбирҳои судманд андешида мешаванд. Ҳамин аст, ки дар замони Истиқлолияти соҳаи маорифи кишвар ба дастовардҳои шоиста ноил гардид.
Муовини вазир Латофат Назирӣ дар бораи вазъи таълиму тарбия ва сатҳи дониши хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои ВМКБ суханронӣ намуда, зимнан таъкид кард, ки зинаи таҳсилоти томактабӣ дар омода намудани тарбиятгирандагон ба таълим ва ташаккули равонию ҷисмонии он мусоидат менамояд. Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 26 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии 1959 нафар кӯдак фаъолият менамоянд, ки ин талаботи аҳолиро таъмин карда наметавонад. Мушкилии дигар дар зинаи таҳсилоти томактабӣ ғайриихтисос фаъолият намудани аксари мураббияҳост. Баҳри фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон шаклҳои алтернативӣ, аз ҷумла, марказҳои инкишофи кӯдакро дар он маҳалҳое, ки кӯдакистон мавҷуд нест, таъсис дод. Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят 226 маркази инкишофи кӯдак амал мекунад. Мутаассифона, на дар ҳамаи марказҳо шароити мусоид баҳри таълиму тарбия мавҷуд аст.Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020 дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ то ҳол амалӣ нагардидааст ва ягон муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ таъсис дода нашудааст. Бинобар ин, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои он, масъулини раёсат ва шуъбаҳои маорифро зарур аст, ки ҷиҳати иҷрои барномаи мазкур тадбирҳои амалӣ андешанд.
Мавсуф дар идомаи суханрониаш қайд кард, ки яке аз сабабҳои асосии аз таҳсил канор мондани кӯдакон дур будани муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ аз маҳалли зисти онҳо мебошад. Соли таҳсили гузашта муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро 2957 нафар хатм намуда, 2083 нафар (70,4%) дар ММТ ба қайд гирифта шуда, 1420 нафар тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 172 нафар тибқи квотаи Президентӣ, 117 нафар тибқи квотаи иловагӣ ва 235 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар таҳсили худро идома медиҳанд, ки дар маҷмӯъ, 65,7 фоизи хатмкардагонро ташкил медиҳад.
- Яке аз омилҳои баланд гардидани сифати таҳсилот таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои ихтисосманди омӯзгорӣ мебошад. Соли таҳсили 2017-2018 дар муассисаҳои таҳсилоти умумии вилоят 5669 омӯзгор фаъолият менамоянд. Дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят 35 омӯзгор бо маълумоти миёнаи умумӣ ба таълиму тарбия машғуланд, ки ин ба сатҳу сифати дониши хонандагон таъсири манфӣ мерасонад, - зикр намуд Л. Назирӣ. - Тибқи маълумоти оморӣ, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 150 нафар бо таҳсилоти гуногуни ғайриихтисоси омӯзгорӣ ва 387 нафар ғайриихтисоси фаннӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба таълиму тарбия машғуланд.
Таъмини муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ яке аз масъалаҳои асосӣ дар соҳаи маориф маҳсуб гардида, он ба раванди бомаром ва муваффақонаи таълиму тарбия ва баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон зич алоқаманд аст. Яке аз сабабҳои асосии ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ пурра ҳозир нагардидани омӯзгорони ҷавон ба таври зарурӣ амалӣ нашудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.05.2006, №197 «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон» мебошад. Дар муддати 10 соли амалишавии қарори мазкур аз шумораи умумии 2 ҳазору 197 нафар мутахассиси ҷавони равияҳои омӯзгорӣ, ки ба ҷойи кор ҳозир шудаанд, аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят 359 нафар (16,3%) омӯзгори ҷавон бо имтиёз таъмин шудаанд, аз онҳо 15 нафар бо замини наздиҳавлигӣ ва 344 нафар бо қарзи имтиёзнок дода шудааст.
Дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ дар соли 2017 танҳо ба 37 нафар қарзи имтиёзнок дода шудааст, ки аз онҳо 6 нафар аз шаҳри Хоруғ, 10 нафар аз ноҳияи Роштқалъа ва 21 нафар аз ноҳияи Дарвоз мебошанд. Ноҳияҳои дигар бошанд, ба ин масъала хунукназарӣ намуда, рӯйхати мутахассисонро барои гирифтани қарзи имтиёзнок пешниҳод накардаанд.
Латофат Назирӣ зикр кард, ки қабули «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятро ҷиҳати ҷалби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба таҳсил бештар гардондааст. Татбиқи барномаи мазкур имконият медиҳад, ки дар шаҳру ноҳияҳо марказҳои таълимиву илмии махсусгардонидашуда ва марказҳои эҷодиёти техникӣ барои хонандагони лаёқатманд таъсис дода, дар онҳо шароити муосири таълиму тарбия муҳайё карда шавад. Дар асоси бандҳои Барномаи мазкур мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш гирифтанд, ки дар марказҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳоро таъсис диҳанд. Ба фаъолият пардохтани ин марказҳо дар вусъати ҳаракати олимпӣ, дарёфт ва шинохти истеъдодҳо ва ба ин васила, омода намудани захираҳои зеҳнӣ дар оянда мусоидат мекунанд.
Зимни санҷиш маълум шуд, ки фаъолияти Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди раёсати маорифи вилоят бо 7 воҳиди корӣ, шаҳри Хоруғ бо 3 воҳиди корӣ, ноҳияҳои Рӯшон ва Роштқалъа бо 4 воҳиди корӣ, Ванҷ, Шуғнон, Ишкошим, Мурғоб бо 3 воҳиди корӣ ва ноҳияи Дарвоз бо 2 воҳиди корӣ (дар маҷмӯъ, 32 воҳиди корӣ) дар бинои шуъбаҳои маориф бо ҷудо намудани 1 утоқи корӣ ба роҳ монда шудааст. Табиист, ки кор дар чунин вазъ ғайриимкон мебошад. Талаботи барнома оид ба ташкили синфхонаҳои компютерӣ, озмоишгоҳҳои таълимӣ ва илмию тадқиқотӣ мутаассифона, дар марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳо иҷро нагардидааст. Айни ҳол дар ВМКБ аз 10 муассисаи таҳсилоти иловагӣ ноҳияҳои Дарвоз ва Роштқалъа бинои алоҳидаи худро надоранд.
Кори китобхонаҳои мактабӣ на дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ мувофиқи мақсад аст. Китобдорони муассисаи таълимӣ корҳои беруназсинфиро ҷиҳати баргузории конфронсҳои илмию назариявӣ, викторинаҳо ва дигар чорабиниҳои вобаста ба ҷашнвораҳо, ки бевосита ба китобхона вобастагӣ дорад, хеле кам мегузаронанд.
Такмили маҳорати касбии омӯзгорон тавассути расонидани ёрии методӣ ва салоҳиятҳои асосии шӯроҳои методист. Дар ин самт низ роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва мудирони шуъбаҳои маориф гарчанде кӯшиш ба харҷ додаанд, то ҳанӯз камбудиҳо зиёд аст. Санҷишҳо бори дигар муқаррар намуданд, ки омӯзгорони муассисаҳои таълимии ин ноҳияҳо ба кумаки методии воқеӣ эҳтиёҷ доранд. Ҳангоми санҷишҳо дар ягон муассисаи таълимӣ дида нашуд, ки давоми солҳои охир адабиёти методии нав (ба ғайр аз мавзӯъҳои методӣ) мавриди баррасӣ қарор дода шуда бошад. Аз ин рӯ, нақшаҳои методӣ саросар аз назорату санҷиш таҳия гардидааст, дар ҳоле ки омӯзгорон ба ёрии методӣ ниёз доранд.
Омили дигаре, ки барои баланд гаштани сатҳи дониши хонандагон сабаб мегардад, ин фаъолияти дурусти гурӯҳҳои идоракунии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ мебошад. Дар муассисаҳои таълимӣ, гарчанде мониторинги сатҳи дониш гузаронида шуда бошад ҳам, он таҳлил нагардида, омилҳои сатҳи пасти дониши хонандагон нишон дода нашудааст. Бояд натиҷаи санҷиши сатҳи дониши хонандагон ҳар чоряк дар Шӯрои педагогии муассисаҳои таълимӣ баррасӣ гардида, натиҷаи он ба таваҷҷуҳи падару модарон расонида шавад. Ҳамчунин, гурӯҳи идоракунии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ ба меъёри баҳогузорӣ риоя накардаанд.
Сайфиддин Давлатзода вобаста ба сатҳу сифати таълиму тарбия дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншоҳ Назаршоев суханронӣ намуда, зикр кард, ки дар донишгоҳ 388 омӯзгор фаъолият доранд, ки аз ин шумора 9 нафар доктори илм, 47 нафар номзади илм мебошанд.
Ҳоло дар донишгоҳ 8 факулта, 20 кафедра аз рӯи 51 ихтисос (24 ихтисоси равияи омӯзгорӣ ва 27 ихтисоси равияи ғайриомӯзгорӣ) мутахассисони дараҷаи бакалаврро тайёр менамоянд.
Натиҷаи азхудкунии дониш нисбат ба сессияи зимистонаи соли 2017 - 2018 12% коҳиш ёфтааст, ки боиси нигаронист. С. Давлатзода ба масъулин супориш дод, ки таҳсили ғоибонаро дар донишгоҳ кам карда, дар ивази он таълими фосилавиро ба тадриҷ роҳандозӣ намоянд.
С. Давлатзода фаъолияти коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ ва литсейи касбии техникии ноҳияи Шуғнонро мавриди таҳлил қарор дода, баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта пешниҳодҳои муфид ироа кард.
Директори Маркази ҷумҳу-риявии технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсияи Вазорати маорифи ва илм Киромиддин Назарзода оид ба таъмини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ВМКБ бо компютер ва тахтаҳои электронӣ, корманди Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф Эмомалӣ Мирзоалиев оид ба сифатӣ таҳсилот дар муассисаҳои таълимии вилоят, директори Маркази ҷуҳуриявии таълиму методӣ Шермуҳаммад Ёрмуҳаммадзода вобаста ба фаъолияти Шӯрои методӣ ва хадамоти методӣ дар муассисаҳои таълимӣ, директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Тоҷинисо Маҳмадова оид ба фаъолияти марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои вилоят ва иштироки хонандагони вилоят дар олимпиадаҳо, директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ Комилҷон Исоев дар хусуси таъмин намудани муассисаҳои таълимии вилоят бо китобҳои дарсӣ ва фаъолияти китобдорон, директори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ Умед Сафарзода доир ба фаъолияти марказҳои таҳсилоти иловагӣ ва чалби хонандагон ба маҳфилҳои фаннӣ ва роҳбари филиали Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғи ВМКБ Шаҳтут Хоников аз вазъи ҳуҷҷатсупорӣ ва дохилшавии довталабон ба мактабҳои олӣ суханронӣ карданд.
Дар охир муовини якуми вазири маориф ва илми кишвар Раҳматулло Мирбобоев баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин супориш дод, ки дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар самти ташкили марказҳои инкишофи кӯдакон, омӯзиши компютерӣ ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ тадбирҳои саривақтӣ андешанд. ҳамчунин ба директорони мактаби Президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар шаҳри Хоруғ ва мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Рӯшон ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо дастури қатъӣ дод.
Раҳматулло Мирбобоев вобаста ба иҷрои нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва истиқболи шоистаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба ҳозирин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Назира Амирбекзода иброз дошт, ки аҳли маорифи вилоят баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ҷидду ҷаҳд менамоянд.
Қутбиддин МУҲИДДИНЗОДА,
сардори раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Насриддин ОХУНЗОДА,
“Омӯзгор”
Иловакунӣ
Иловакунии фикр