Моҳи майи соли 2015 зимни мулоқот бо намояндагони ҷавонони кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуда буданд, ки «Ҷавонон муҳофизони боэътимоди Ватан, амнияти давлату миллат, сарчашмаи ташаббусҳо ва манбаи асосии кадрҳо ҳастанд. Онҳо дар дигаргунсозиҳои демокративу иқтисодии Тоҷикистон такягоҳи боэътимод ва ҷузъи ҷудонопазири муносибатҳои байни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлат мебошанд…»
Дар Паёми навбатиашон низ Сарвари давлат ҷавононро мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистон номида, зикр намуданд, ки «…ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонони мо ба Ватан, миллат ва хоку обу сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад». Дар идома Пешвои миллат таъкид доштанд, ки дар ҷаҳони пурҳаводиси муосир ҷавонони мо набояд мисли солҳои 90-ум фирефтаи таблиғоти неруҳои ифротгарои динӣ ва бадхоҳони миллати тоҷик гарданд, ҳамеша зираку ҳушёр бошанд.
Воқеан, як омили асосии баланд гаштани худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастии насли ҷавон донистани гузаштаи худ, сабақ гирифтан аз гузаштаи хеш мебошад. Кишвари азизи мо дар зарфи 27 сол таҳти сарварии Пешвои миллат роҳи муваффақонаи тараққиётро пайдо намуд. ҳаёти шоиставу арзанда барои мардуми кишварамон таъмин гардид. Ин навгониҳо моро, бахусус насли ҷавонро, ба ояндаи боз ҳам нек роҳнамоӣ мекунанд ва аз ин ҳама ҳар як фарди ватандӯст, ба ору номус шукуфтаҳолу шоду масрур мешавад ва мекӯшад, ки баҳри ободонии минбаъдаи мамлакат боз ҳам фаъолтар бошад.
Дар баробари ин, набояд фаромӯш намоем, ки имрӯз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ тағйироти пай дар пай ба амал омада истодааст. Дар давраи ҷаҳонишавӣ дар тамоми ҷаҳон раванди хатарноки муқобилгузории тамаддунҳо авҷ гирифта истодааст, ки инсониятро ба гирдоби таҳлука тела медиҳад. Тамоми донишмандони инсонпарвар ва сиёсатмадорон аз ин ҷараён дар ташвишанд. Мураккаб шудани манфиатҳои иқтисодию сиёсии ҷаҳони имрӯз, баъзан муносибатҳои мураккабу ноустуворонаи кишвар-ҳои дуру наздик дар нисбати давлату миллати Тоҷикистон, сиёсатбозиҳои пурпечутоб дар қиболи ватани ягонаамон ва гоҳе таҳқиру ҳуҷумҳои иттилоотиву таблиғотии бар зидди ватану миллатамон равонашуда бояд моро бетараф нагузоранд. Вобаста ба ин, дар суханрониҳои Сарвари давлат хушдор дода мешавад, ки “вобаста ба равандҳои ҷаҳонишавӣ ва шиддат гирифтани муборизаҳои иттилоотӣ, ҳамчунин воридшавии мафкураи бегона ба зеҳни ҷомеаи мо бояд ба таблиғи масоили худогоҳӣ, тақвияти ҷаҳонбинии демокративу дунявӣ таваҷҷуҳи ҳамешагӣ дошта бошем. Дар ин самт, пеш аз ҳама бояд мафкураи ҷавононро аз таъсири фарҳанги бегона ва омилҳои ифротгаро ҳифз бояд намоем.” Дар воқеъ, сатҳи тараққиёт ва эътибори байналмилалии кишварамон аз он вобаста аст, ки ҷавонон то чӣ андоза дорои маърифати сиёсиву фарҳангӣ ва ихтисосу дониши муосир буда, ҳадафу вазифаҳои худро вобаста ба бунёди давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ дарк менамоянд. Мутаассифона, имрӯз далелҳое кам нестанд, ки ҷавонони мо бо таъсири омилҳои гуногун ба калавишҳо дучор меоянду гоҳо ба ҷараёнҳои ифротагаро мепайванданд. Ин ҳолат бозгӯи он аст, ки масъалаи таълиму тарбияи насли наврас ҳанӯз аз костагиҳо орӣ нест. Дар ин замина, тарбияи насли солим, соҳибмаърифат ва худшиносу худогоҳ як шарти муҳими инкишофи ҷомеа ба шумор меравад. Бинобар он, миёни ҷавонон тарбияи ватандӯстиро бояд ба таври пуртаъсиру густурда ба роҳ монему онҳоро ба зиракию таҳамулгароӣ даъват намоем. Маҳз ватандӯстӣ, меҳри Ватан ҷавононро аз таъсири омилҳои гуногуни номатлуб эмин медорад, онҳоро ба ҳифзи кишвар ва бузургдошти арзишҳои миллӣ водор месозад. Шахси ватандӯст хиёнаткор буда наметавонад. Ватандӯст ҳеҷ гоҳ тарки Ватан намекунад. Танҳо шахси воқеан ватандӯст метавонад дилсӯзона ва бо тамоми ҳастӣ ҳифзи амният ва ободии Ватани худро таъмин созад. Дар раванди тарбияи ватандӯстӣ пешгирӣ кардани зуҳуроти экстремизм ва таассуби динӣ, аз таъсири таблиғоти ифротгароёна ва оштинопазирии милливу мазҳабӣ эмин нигоҳ доштани ҷавонон аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими давлат ва ҷомеа мебошад.
Мо-насли калонсол бояд барои баланд бардоштани ҳисси ватанпарвариву худшиносии миллӣ, сатҳи маърифату донишандӯзӣ, рушду такомули маҳорату малакаи ҷавонон пайваста кӯшиш намоем. Яке аз вазифаҳои муқаддас ва қарзи инсонии падару модарон, омӯзгорону мураббиён, зиёиён ва умуман, аҳли ҷомеа аз амалу рафтори ноҷо ва ғайриқонунӣ нигоҳ доштан ва ба роҳи дуруст ҳидоят кардани наврасон ва ҷавонон мебошад.
Ҷавонони иззатманди кишварро зарур аст, ки пайваста барои дар ҷомеа мавқеи арзандаро соҳиб гардидан кӯшиш намоянд ва ташаббус ва неруи созандаи худро беш аз пеш ба манфиати рушди Тоҷикистони азизамон равона созанд. Онҳоро лозим аст, ки бо баланд бардоштани иқтидори зеҳниву илмӣ, маҳорати касбомӯзиву рақобатпазир шудан дар дунёи иттилоотӣ дар пешрафти кишвар сахмгузор бошанд. Насли ҷавон имрӯз масъул аст, ки на танҳо дастовардҳои истиқлолият, сулҳу салоҳ, ваҳдату ягонагӣ ва якпорчагии Тоҷикистонро ҳифзу эҳтиёт кунад, балки масъул аст, ки он ҳама корҳои неки анҷомдодаи падарони шарафмандамонро дар ҷодаи дӯстӣ, иттиҳоду ягонагӣ ва ҳамраъйӣ бо халқҳои сулҳпарвару тараққихоҳи олам ба тамоми ҳастиамон ҳифз намояд.
Мавлон Шарифов,
Аълочии маориф ва илми ҶТ, дотсент, рӯзноманигор
Иловакунӣ
Иловакунии фикр