Тараннуми меҳнат дар эҷодиёти шоири ширинкалом Мирзо Турсунзода ҷойи махсусро ишғол мекунад.
Бахусус, дар шеър-ҳои «Саҳаргоҳон», «Офарин», «Гул мекунад», «Ёдгори беназир», «Барои Ватан», «Хаёли хом», « Савганд», инчунин, достонҳои «Писари Ватан», « Водии Ҳисор» ин мавзӯъ муфассалу доманадор тасвири худро ёфтааст.
Шоир дар шеъри «Гул мекунад» муборизаи инсон ба табиати саркашро нишон дода, мегӯяд, ки мамлакат танҳо аз меҳнати фидокоронаи меҳнаткашон ободу шукуфон мегардад.
Мамлакат аз ҳиммати меҳнаткашон гул
мекунад,
Сабзу хуррам гашта, боғу бӯстон гул мекунад.
Меҳнат ва меҳнатдӯстӣ моҳиятан яке аз мавзӯъҳои калидии осори шоир ба шумор меравад.
Меҳнати халқ аз сари субҳи баланд,
Зиндагониро намояд дилписанд.
(шеъри «Саҳаргоҳон»)
Маҳз ба туфайли меҳнат сазовори ҳурмату эҳтиром гардидани инсон яке аз масъалаҳое мебошад, ки дар як қатор шеърҳои Мирзо Турсунзода ба таври воқеъбинона ва мушаххас инъикос гардидаанд:
Қуввати худ, ғайрати худ ғун кунед,
Меҳнати шоистае афзун кунед.
Умуман, дар ашъори шоир вазъияти зиндагии деҳқонони меҳнаткаш, инчунин муносибати онҳо нисбат ба меҳнат хеле возеҳу равшан тасвир ёфтааст:
Марди деҳқон замину об гирифт,
Писару духтараш китоб гирифт.
Корвони ҳаёт кард шитоб,
То кунад бахти хешро дарёб.
Кор болои корҳо ҷӯшид,
Монда ногашта халқ ҳам кӯшид.
Нуқтаи назари шоир доир ба меҳнат аҳамияти зиёди тарбиявӣ дошта, ҷавононро ба меҳнат намудан тарғибу ташвиқ менамояд.
Дар ашъори шоир самаранокии меҳнат, тасвири табиат, ғояҳои инсондӯстӣ ва ватанпарварӣ, пайванди илму ҳунар, инчунин маърифати инсонӣ хеле равон дарҷ гардидааст:
То дар он ҷо матлаби ҳар дил шавӣ,
Чун суруди тозае дохил шавӣ.
Қатрае гардӣ ту дар фавворае,
Заррае аз тобиши сайёрае.
Қатра - қатра об ҳам дарё шудаст,
Ин замин аз қитъаҳо дунё шудаст.
Устод Мирзо Турсунзода дар мақолааш бо номи «Меҳнати пурмашаққат - меҳнати роҳатбахш» аҳамияти кору пайкорро чунин овардааст, ки порчае аз ин гуфторро айнан меорем: … «Шеър ҳоло тамом нашудааст, лекин барои ман ёфтани матлаи шеър бозёфти калон аст: ман фақат дар ёфтани матлаъ бисёр меҳнат мекунам. Мо як зарбулмасал дорем – хишти аввал чун ниҳад меъмор каҷ, то ба охир меравад девор каҷ. Ҳамин барин, барои усто хишти аввал чӣ аҳамияте дошта бошад, ба ман матлаи шеър ҳамон хел аҳамият дорад…» ( Иқтибос аз Куллиёт, ҷилди 3-юм)
Умуман, васфи меҳнат ва аҳамияти он дар ашъори Мирзо Турсунзода маънии бағоят баландеро доро мебошад, ки дар баробари меҳнати ҷисмонӣ меҳнати ақлониро низ тараннум намудааст.
Г.Сӯфиева,
омӯзгори калони кафедраи забони тоҷикии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино
Иловакунӣ
Иловакунии фикр