Дар нишасти матбуотӣ, ки 28 январи соли ҷорӣ баргузор гардид, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Носирҷон Салимӣ оид ба пешрафту комёбиҳо ва мушкилоту проблемаҳои муассисаи олии таълимӣ маълумот дода, чунин қайд кард:
- Яке аз навгониҳое, ки дар донишгоҳ роҳандозӣ гардид, ҷамъбасти ҳафтаинаи холҳои донишҷӯён мебошад, яъне, ҳар ҳафта омӯзгорон дониши донишҷӯёнро санҷида, баҳогузорӣ мекунанд. Ин кори нав аст ва дар марҳалаҳои аввали гузариш қарор дорад. Албатта, мушкилот дар ин самт дида мешавад, вале умедворам, ки бо мурури замон ҳамаи норасоиҳо бартараф мегарданд.
Мавсуф ҳамчунин афзуд, ки барои таҳкими пояи моддӣ-техникӣ дар шашмоҳаи охир 230 компютер, 50 тахтаи электронӣ, 50 проектор харидорӣ шудааст. Талош дорем, ки донишҷӯёнро бо маводи таълимӣ ва китобҳои дарсию бадеӣ пурра таъмин намоем. Бо ин мақсад бо қарори Шӯрои илмию методии донишгоҳ 82 китоби дарсӣ, 32 монография, 111 дастури таълимӣ ва силсилаи китобҳои «Қаҳрамонони Тоҷикистон» нашр гардиданд. Дар бахши таҳсилоти томактабӣ низ нақшаҳои зиёд дорем. Дар назар аст, ки бо мутахассисони соҳаи томактабӣ-омӯзгорони донишгоҳ мутобиқ ба синну соли бачаҳо «Донишнома»-ҳо таҳия ва нашр карда, ба кӯдакистонҳои кишвар дастрас намоем. Бигзор кӯдакон аз хурдӣ доир ба олами атроф маълумоти мукаммал дошта бошанд.
Ба гуфтаи ректор дар самти таҳсилоти фосилавӣ баъзе проблемаҳо ҷой дошта, барои донишазхудкунии хуби донишҷӯён монеа пеш меорад.
- Бархе аз донишҷӯён мегӯянд, ки дастрасӣ ба интернет дар ноҳияҳои дурдасти кишвар мушкил аст, аз ин рӯ, маводи электронии таълимиеро, ки ба почтаи электронияшон ирсол мегардад, гирифта наметавонанд. Масъалаи дигар ин аст, ки аксари ҷавонон аз технологияҳои иттилоотӣ дуруст истифода бурда наметавонанд. Вале мекӯшем, ки ин мушкилот низ роҳи ҳалли худро пайдо кунад,-изҳор дошт ӯ.
Чунон ки Н. Салимӣ иброз дошт, аз тарафи Дирексияи сохтмони назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳ сохтмони бинои нав ва толори фарҳангӣ барои 600 нафар шурӯъ гардидааст.
Дилафрӯз Қурбонӣ,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр