Дар шаҳри Бохтар намоиши фарҳангӣ таҳти унвони «Беҳтарин ҳунари мардумӣ» баргузор гардид.
Дар он занону ҷавондухтарони ҳунарманд маҳсули дастранҷи худро ба намоиш гузошта, дар бораи таърихи пайдоиши анъанаҳои ниёгон, маҳсулоти дастӣ, тарзи дӯхтани онҳо маълумот доданд. Барои иштирок ва намоиши маҳсули дастӣ роҳбарону аъзои маҳфилҳои ҳунаромӯзии муассисаи таҳсилоти иловагии шуъбаи маориф зиёда аз 20 намуди ҳунари мардумӣ пешниҳод карданд.
С. АЗИЗӢ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр