Нашрияи Омӯзгор

Рушди саноат дар мадди аввал

Сана: 2019-02-05        Дида шуд: 747        Шарҳ: 0

Яке аз масъалаҳои муҳимме, ки дар Паёми имсолаи Президенти кишвар садо дод, ба рушди саноат ва саноатикунонӣ вобастагӣ дошт. Воқеан, таваҷҷуҳ ба ин самт дар кишвари мо зарурати ҷиддӣ дорад, зеро тӯли 70 сол кишвари мо чун манбаи ашёи хом истифода шуда, ташкили корхонаҳои саноатӣ аслан зиёд ба назар гирифта намешуд.

Дар ҳамин ҳол нобасомониҳои рӯзгор корхонаҳои мавҷударо низ аз байн бурданд ё ба касодӣ оварданд. Хушбахтона, вақтҳои охир таваҷҷуҳи давлат ба ин самт нигаронида шуд, ки ин ба бунёди корхонаҳои нав ва беҳтар шудани вазъи молии мардум мусоидат менамояд. Ду паҳлуи муҳимме, ки дар назди мо, кормандони маориф, қарор дорад, аз мо масъулияти ҷиддӣ металабад. Якум, мо бояд барои таъмини сару либоси хонандагон ва ашёи хониши онҳо кӯшиш намоем, ки падару модаронро ба харидории маҳсулоти ватанӣ водор бикунем. Зеро харидории маҳсулоти ватанӣ ба бойгардонии буҷаи кишвар ва беҳтар шудани вазъи зиндагии ҷомеа таъсир мерасонад, ки ин хеле муҳим аст. Дуюм, барои ҳавасманд намудани шогирдон дар интихоби касб онҳоро ба ихтисосҳои коргарӣ моил гардонем. Бунёди корхонаҳои саноатӣ дар назди мо вазифа мегузорад, ки ба таълими фанҳои табиӣ, меҳнат ва иқтисодӣ аҳамияти хоса диҳем. Аслан, таваҷҷуҳ бояд дар ҳамҷоягӣ бо падару модарон ба интихоби касби шогирдон дар чунин ихтисосҳое, ки айни замон барои мо заруранд, сурат гирад. Бояд барои дарки моҳияти ин масъала мактаб тадбирҳои муҳим, аз қабили баргузории вохӯриҳо бо ветеранҳои меҳнат ва саёҳат ба корхонаҳои саноатиро ба нақша гирад. Вақте нақша муайян бошад, ҳам робита бо падар модар судманд мегардад ва ҳам барои таъмини захираҳои кадрӣ дар ин самт мо заминаҳо гузошта метавонем.

Дар маҷлисҳои падару модарон мушоҳида мешавад, ки онҳо аз иқдомҳои имрӯза дар мисоли харидани либосҳои мактабӣ ба фарзандон аз корхонаҳои худӣ қаноатманданд. Зеро сол то сол дастрас будани нарх ва сифати тайёр кардани ин либосҳо беҳтар шуда истодааст. Фикр мекунам, ин маъниро ҳамкасбону волидони азиз мепазиранд ва дар рушди саноати кишвар ва шукуфоии диёр саҳми босазо мегузоранд.

 Фирӯза ХОЛИҚОВА,

омӯзгори мактаби №59,

ноҳияи Сино


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш