Ин ҷо боргоҳи илму дониш, маъвои ҳунари зебову нафиса ва ошёни истеъдодҳост. Дар ин макони ҳуснорову тароватбор ҳамеша садои мусиқӣ ба гӯш мерасад, садои дилнавоз ва рӯҳафзо.
Дар ин муҳити сурурбахш зери таъсири оҳанги фараҳрез дар зеҳни кас байти баланду дилписанди Хисрави Деҳлавӣ рӯшан мешавад:
Мутрибе мегуфт Хисравро, ки эй
ганҷи сухан,
Илми мусиқӣ зи ҷинси назм некутар
бувад.
Ин донишсарои зебоигустарро ном мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи Зиёдулло Шаҳидист ва он айни замон дар кишвари маҳбубамон ягона муассисаи таълимии миёнаи махсуси мусиқист. Ба насли наврас, ба соҳибистеъдодони навсафари ҷодаи санъат мусиқии касбӣ ва санъати асилро меомӯзад ин таълимгоҳи муваффақ. Таърихи таъсису такмилаш низ ҷолиб аст. Бунёди он бо созмондеҳии мактаби мусиқии бачагонаи таҳсилоти 7-солаи ба номи М.И.Чайковский ва пасон ба мактаби миёнаи мусиқии таҳсилоти 10-солаи ба номи П.И.Чайковский табдил додани он (дар соли 1961) оғоз меёбад. Соли 1963 таълимгоҳ мактаби миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявӣ ном гирифт. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин донишсаро низ файзрасон шуд ва моҳи декабри соли 1997 бо Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ мактаби миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ (аз соли 1985 он чунин мақом пайдо карда буд) ба мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ табдил дода шуд. Акнун шароит фароҳам омад, ки таълимгоҳ теъдоди бештари хоҳишмандону соҳибистеъдодҳоро гирд овараду баҳри такмили донишу маҳораташон бикӯшад.
Нахустҳадафҳои ин муассисаи таълимӣ ба хонандагон ба тариқи мувозиву ҳамбаста омӯзонидани барномаҳои таълимии мусиқӣ ва фанҳои умумитаълимӣ мебошад. Ин ҷо истеъдодҳо ба ҳам омадаанд ва бояд онҳоро дастгирӣ кард, донишу ҳунарашонро сайқал бахшид ва барои ба шоҳроҳи ҳунар расидан раҳнамоияшон кард. Инро аҳли таълимгоҳ хуб дарк бинмудаанд ва аз ин рӯ, бо соҳибистеъдодҳо илова ба дарсҳои ҳамарӯзаи расмӣ (барномавӣ) пайваста маҳфилҳо, машғулиятҳои инфиродӣ, суҳбатҳои таълимию тарбиявӣ баргузор менамоянд. Дар бахши мусиқии таълимгоҳ шаш шуъбаи тахассусӣ фаъолият доранд: шуъбаи фортепиано (мудир В.В.Макиевская), шуъбаи созҳои торӣ (М.Сангинов), шуъбаи созҳои нафасӣ (Д.Раҷабов), шуъбаи созҳои миллӣ (М.Назирова), шуъбаи дирижёри хор (Е.Т.Проснякова), шуъбаи назарияи мусиқӣ (Ш.Мирзоева). Воқеан, мактаб-интернати мусиқӣ (онро мухтасаран чунин ном мебаранд) боз аз он рӯ боргоҳи шарафманд аст, ки ин ҷо дар солҳои гуногун устодони шуҳратёру мумтози мусиқӣ Я.Сабзанов, Р.Д. Айрапетянс, К.В.Афанасева, Э.Л.Денисова, Д.С.Арзуманов, И.А. Кийко ва даҳҳо нафари дигар фаъолияти пурсамар доштанд ва имрӯз кори онҳоро як гурӯҳ устодони варзида идома мебахшанд. Ба шарофати тамрину раҳнамоиҳои чунин устодони номвар таълимгоҳ теъдоди зиёди шогирдонеро парварид, ки минбаъд дар олами санъати мусиқӣ маъруфу писандида шуданд ва дар бисёр симпозиуму фестивалҳои ҷаҳонӣ бо ҳунару истеъдоди волояшон соҳибҷоиза гардиданд. Зумрае аз онҳоро номбар мекунем: Валерий Шкарупа, Гулчеҳра Иноятова, Зулфия Халилова, Алишер Латифзода, Парвиз Туробӣ, Бунафша Одинаева, Ноҳид Зайналпур, Рухшона Муборакшоева…
Муовини директори таълимгоҳ, ҷавони тозакору соҳибистеъдод Ҷасур Комилов дар бораи коргоҳи хеш, ҳамкорони шогирдонаш ва дастовардҳои аҳли ин ошёни ҳунар бо меҳру эътиқод ва хеле самимона сухан мегӯяд:
- Неруи ҳар як донишсаро, пеш аз ҳама, марбут аст ба ҳамбастагию ҳамфикрӣ ва азму иродаи устувори кормандонаш. Ман ифтихормандам, ки дар мактаби мусиқии мо як гурӯҳ устодони ғамхори насли наврас, дастгири истеъдодҳо ва эҷодкору навовар ба ҳам омадаанд ва муҳити гуворои эҳтироми ҳамдигар ва масъулият дар корро фароҳам овардаанд. Директори таълимгоҳ Қосим Малаев мутахассиси варзидаву собиқадор ва соҳибтаҷриба ва соҳибэҳтирому обрӯманд аст. Дар таълимгоҳ мунтазам базмҳои мусиқӣ, озмунҳои гуногун, фестивал-ҷашнвораҳо, ҳисоботҳои эҷодӣ ва вохӯриҳо бо ҳунарпешаҳои маъруф баргузор мешаванд. Гузашта аз ин, шогирдони мо дар аксар маъракаҳои тантанавию идонаи шаҳрию ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, ҳунарнамоӣ мекунанд. Ҳунари баланди ансамблҳои скрипканавозон, рубобнавозон, дуторнавозон ва оркестри асбобҳои омехтаи таълимгоҳи моро дар бисёр ҳамоишҳои бонуфуз тамошобинон гарм пазируфтаанд. Ман бовари комил дорам, ки минбаъд боргоҳи ҳунари мо ба пирӯзиҳои бештаре соҳиб хоҳад гашт…
Ҳама ҷо тозаву озода. Толору долону дарсгоҳҳо ороста бо суратномаву шиору овезаҳо. Хонандагон либоси ягонаи мактабӣ ба тан гурӯҳ-гурӯҳ вориди синфхонаҳо мешаванд. ҳама болидатабъу шоду масрур. Садои мусиқии форам ба гӯш мерасад ва гӯё рӯҳияву азму иродаи аҳли ин маъворо ифода мекунад. Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ аст ин ҷо.
Абдурауф МУРОДӢ,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр