Нашрияи Омӯзгор

Мақсад: баланд бардоштани сифати таълим

Сана: 2019-02-05        Дида шуд: 747        Шарҳ: 0

Дар  нишасти матбуотӣ бо рӯзноманигорон ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, профессор Маҳмадшоҳ Гулзода оид ба фаъолияти гуногунҷабҳаи донишгоҳ иттилоъ дод.

- Дар баробари ин,  ба 1435 нафар расидани муҳассилини хориҷӣ аз 16 давлати хориҷӣ далел бар он аст, ки сатҳу сифати таълиму тад-рис дар донишгоҳи мо ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад,  - гуфт М. Гулзода. – Таҳсил дар муассиса бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад.  Барои муҳассилини хориҷӣ кулли адабиёти таълимиву методӣ, илмӣ ба шакли китобиву электронӣ муҳайёст. Тибқи шартномаҳои дутарафа, ҳамчунин, шогирдони донишгоҳ дар зиёда аз чилу ду давлати хориҷа кору фаъолият намуда, обрӯи миллати моро афзун месозад. Дипломҳои донишгоҳи тиббиро муассисаҳои илмиву тиббии хориҷа эътироф менамоянд. 

Бино ба гуфти М. Гулзода, муҳимтарин комёбии донишгоҳ дар соли 2018 ба истифода додани ду бинои нави таълимӣ  ва аз таъмири  асосӣ баровардани  ду бинои дигари муҷаҳҳаз бо тамоми лавозимоти таълимӣ   воқеъ дар шаҳраки «Шифобахш» мебошад.Пояи моддӣ – техникии  донишгоҳ мустаҳкам буда, ба ҳафт  донишҷӯ як компютер рост меояд. Дар нимсолаи дуюми соли гузашта 453 номгӯй адабиёти бадеӣ бо маблағи 113 ҳазор сомонӣ ворид гардид.     

Рӯзноманигорон ба масъалаҳои дигари  марбут ба донишгоҳ суолҳо дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.

Ҳотами Ҳомид,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш